129 сол қабл, 3-уми декабр Роберт Луиз Стивенсон аз олам гузашт
Аз даргузашти яке аз маъруфтарин адибони олам Роберт Луиз Стивенсон 129 сол мегузарад. Хонандаи тоҷик аз соли 1952 тавассути заҳматҳои тарҷумон И.Абрамов ва талоши Нашриёти давлатии Тоҷикистон бо эҷодиёти ин адиби хушзавқ ошно шуда буд. Он сол “Ҷазираи ҷавоҳирот”-и Стивенсон тоҷикӣ нашр шуд.
Роберт Луиз Стивенсон 18 ноябри соли 1850 дар Эдинбург, дар оилаи Томас Стивенсон ( 1818 – 1887), ки муҳандис ва мутахассис оид ба минои (маяки) баҳрӣ буд, ба дунё омадааст. Дар вақти ғусли тамъид ба исми Роберт Луис Бэлфурро доданд, вале нависанда дар 18 – солагиаш аз номи хонаводагии модараш – Бэлфур даст кашида, тарзи навишти номашро ба ҷои Lewis ба Lois табдил дод. Мегўянд, ки Томас Стивенсони консерваторт либералеро бо номи Люис дўст намедошт, бинобар ин қарор дод номи писарашро ба таври фаронсавӣ нависаду ба тарзи англисӣ талаффўз кунад.
Дар сесолагӣ ба бемории гулўзиндонак гирифтор шуд, ки оқибати онро тамоми умр ҳис мекард. Ба ақидаи аксари муҳаққиқони ҳаёт ва эҷодиёти Стивенсон нависанда аз касалии сил низ азобу уқубат мекашид. Ба вазнин шудани беморӣ сахт ба тамокукашӣ мўътод будани нависанда, ки бо гузашти айём торафт бештар мегардид, мусоидат мекард.
Стивенсон соли 1875 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Эдинбургро хатм кардааст. Нависанда бо вуҷуди бемориаш ба сайру сайёҳат дилбастагии махсус дошт. Ў муаллифи як қатор сафарномаҳо мебошад.
Эҷодиёти Стивенсон солҳои 70 –уми қарни 19 оғоз ёфтааст. Соли 1878 силсила ҳикояҳои ў бо номи «Ҳазору як шаби муосир» аз чоп мебарояд. Соли 1880 китобҳои «Муҳоҷири ҳаваскор» ва «Ҳавлӣ дар хома» ба диққати хонандагон пешкаш гардид.
Асари машҳуртарини худ «Ҷазираи ҷавоҳирот» – ро Р. Л. Стивенсон аввал дар маҷаллаи «Янг Фолкс» чоп кард ва хеле аҷаби аст, ки он дар аввал маъруфият пайдо накард. Нашри яуми китоб, ки соли 1883 баромад, ҳамчунин муваффақияти назаррас надошт. Танҳо нашрҳои дувуму севуми мусаввари «Ҷазираи ҷавоҳирот» ба Стивенсон шўҳрати ҷаҳонӣ овард ва ба забонҳои дигар тарҷума гардид. Масалан, тарҷумаи русии китоб соли 1886 аз чоп баромада буд.
Солҳои баъд Стивенсон романҳои «Тири сиёҳ» (1884 – 1885), «Шаҳзода Отто» (1885), маҷмўаи ашор, маҷмўаи ҳикояҳо ва якчанд романҳои дигарро чоп кардааст.
Роберт Луиз Стивенсон 3 декабри соли 1894 дар ҷазираи Уполуи Самоа дар синни 44-солагӣ аз сактаи мағзӣ вафот кардааст. Дар рўзи маргаш низ нависанда ба таълифи охирин романи нотамомаш «Уир Гермистон» машғул буд. Қабри ў дар Самоа, дар қуллаи кўҳи Веа ҷойгир аст.
Тарҷумаи романи «Ҷазираи ҷавоҳирот» мисли аксарияти кули асарҳои дар давраи Шуравӣ аз адабиёти мамлакатҳои дигар ба тоҷикӣ тарҷумашуда аз тарҷумаи русии китоб сурат гирифтааст.
Мутаассифона, роҷеъ ба шахсият ва фаъолияти эҷодии тарҷумони он И. Абрамов маълумот ба даст наомад. Лозим ба зикр аст, ки тарҷумаи роман ба тоҷикӣ хеле «озодона» сурат гирифтааст. Бинобар ин дар мавридҳои алоҳида ба матни тоҷикӣ ислоҳу тасҳеҳоти зарурӣ ворид карда шудааст.
Таҳияи матни ҳозир аз рўи нусхаи чопи Нашриёти давлатии Тоҷикистон, Сталинобод 1952 омода шудааст.
***** ***** *****
Сарсухан ба нашри тозаи “Ҷазираи ҷавоҳирот”. Таҳияи сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон Шабнами МУСТАФО.
Китоби “Ҷазираи ҷавоҳирот”-ро, ки соли 2022 чоп шудааст, шумо метавонед дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.