140 соли Анри Массе (Henri Massе)

Анри Массе (анг. Henri Massé . 02.03.1886, Люневил – 09.11.1969, Порис), ховаршинос, эроншинос, нависанда, мутарҷим ва муҳаққиқи фаронсавӣ. Баъди хатми мактаби забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркӣ дар Қоҳира кор кард (1911 –1914).  Массе то соли 1927 профессори забонҳои арабӣ ва форсии Ун-ти Алҷазоир буд. Солҳои 1927-1959 дар Мактаби забонҳои Шарқи Париж аз форсӣ дарс дод. Чаҳор маротиба ба Эрон сафар кард.

Аз таваллудаш 140 сол мегузарад ва аз вафоташ 57 сол. Массе аз муҳаққиқони шинохтаи адабиёти форс-тоҷик буда, оид ба он зиёда аз 30 асари тадқиқотӣ дорад. Ӯ оид ба “Гулистон”– и Саъдӣ рисолаи докторӣ навишт.

Китоби ӯ “Очерк оид ба Саъдӣ” (1919) дар илми шарқшиносии Ғарб мавқеи намоён дорад. Соли 1923 тарҷумаи пурраи фаронсавии “Баҳористон”-и Ҷомиро ба табъ расонд. Ҳамон сол асари ӯ оид ба афсонаҳои халқии форсӣ аз чоп баромад.

Соли 1934 ба тадқиқи эҷодиёти Фирдавсӣ шурӯъ намуда, рисолаи “Фирдавсӣ ва ҳамосаи миллӣ” (1935) – ро навишт. Ин асар соли 1971 ба забони форсӣ тарҷума шуд. Солҳои 30 ба тарҷумаи ашъори Ҳофиз, Хайём ва Румӣ пардохта, бори аввал дар  адабиёти Ғарб эҷодиёти Манучеҳриро мавриди тадқиқ қарор дод.

Дар ин миён асари дигари ӯ “Расму оини форсҳо” нашр гардид. Тарҷумаи китоби дуюми “Гаршоспнома”– и Асадии Тӯсӣ, “Донишнома”-и Сино, “Наврӯзнома”-и Хайём, достони Фахруддини Гургонӣ “Вис ва Ромин”, достони Низомии Ганҷавӣ “Хусрав ва Ширин”, ғазалҳои Ҷалолуддини Балхӣ низ ба қалами Массе тааллуқ доранд.

Массе дар “Мунтахаби шоирони форс” (1950) роҷеъ ба давраҳои гуногуни адабиёти форс-тоҷик мухтасар маълумот дода, аз ашъори адибон намунаҳо овардааст. Дар осори илмии ӯ адабиёти форс-тоҷик дар алоқамандӣ бо эҷодиёти суханварони барҷастаи франсавӣ тадқиқ шудааст.

МАНБАЪ:  “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”.
Китоби 2. Душанбе, соли 1989.

Таҳияи Руҳафзои Ҳасанзод,
корманди шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
.