215 сол пеш. Эдгар По: поягузори жанрҳои мухталифи адабӣ дар Амрико

Эдгар-По215 сол пеш аз ин, 19 январи соли 1809 дар Бостон нависанда, шоир, виростор ва мунаққиди адабии амрикоӣ Эдгар Аллан По ба дунё омад. Ӯро аз поягузорони ҷунбиши романтикӣ дар адабиёти Амрико меноманд. Достонҳои По ба хотири розолуд ва тарснок будан машҳур шудаанд.  По ҳамчунин аввалин нависандаи амрикоист, ки достонҳои кутоҳ навиштааст. Ӯро ҳамчунин поягузорони асарҳои корогоҳӣ (детективӣ) дар адабиёти Амрико мешиносанд. Гузашта аз ин аввалин касе буд, ки аз жанри илмӣ-тахайюлӣистифода кард.

Эдгар По ҳамчунин аввалин нависандаи амрикоӣ буд, ки талош кард танҳо аз роҳи офариниши асарҳои адабӣ рӯз гузаронад. Вале муваффақ нашуд, фақру бенавоӣ корашро ва рӯзгорашро ба мушкилиҳои фазоянда дучор кард.

Бисёре аз асарҳои ӯ ба сурати фарҳанги омма дар адабиёт, мусиқӣ, филм ва телевизион зоҳир шудааст. Дар ин росто филми телевизионии The pale blue eye (Чашми обии рушан) низ бар пояи достони вай тавлид шудааст.

Эдгар По дар оилаи ҳунарпешагони сайёҳ таваллуд шудааст. Вай хеле барвақт ятим монд: соли 1810 падари Эдгар гум шуд, баъди ду сол бошад, модараш вафот кард. Писарбачаро оилаи тоҷире аз Ричмонд Ҷ. Аллан ба тарбияи худ гирифт.

Солҳои 1815-1820 По дар Англия зиндагӣ мекард ва дар он ҷо дар мактаби махсуси пўшида тарбия гирифт. Пас аз бозгашт ба Амрико, коллеҷро хатм кард.

Соли 1826 ӯ ба Донишгоҳи Вирҷиния дохил шуд, ки пас аз як сол маҷбур шуд, ки онро тарк кунад, зеро падарандараш аз пардохти қарзи қимори писари ӯгай худдорӣ кард. По аз қарздорҳояш гурехта, ба артиш рафт ва соли 1830 донишҷӯи академияи низомии Уэст-Пойнт гардид. Аммо душвориҳои хидмати ҳарбӣ барои шоири ҷавон, ки то он замон аввалин маҷмӯаҳои ашъори худро нашр карда буд, хеле вазнин омад. Ҳама чиро раҳо кард ва ба Балтимор, ба хонаи аммааш рафт ва худро комилан ба фаъолияти адабӣ бахшид.

Соли 1835 ба По сарварии маҷаллаи “Southern Literary Messenger (Паёмрасони адабии Ҷанубӣ)-ро пешниҳод карданд. Бо беҳтар шудани вазъи зиндагиаш соли 1836 вай ба духтари 14-солаи аммаи худ Вирҷиния хонадор шуд. Вале хушбахтии онҳо танҳо 11 сол давом кард. Марги занаш аз бемории сил дар соли 1847 барои По як зарбаи даҳшатнок буд, ки аз пайи ин ӯ дигар ба худ омада натавонист. Нависанда ба афсурдагӣ афтод ва хост худкушӣ кунад. Барои ғами худро фаромўш кардан ба майзадагӣ рў овард.

По дар пайдоиши якчанд жанрҳо саҳм дорад: илмӣ-тахайюлӣ (Повести “Саргузаштҳои Артур Гордон Пим”, 1838); достонҳои тарснок (дуҷилдаи «Гротескҳо ва Арабескҳо», 1840); детектив («Одамкушӣ дар кӯчаи Морг», 1841; «Гамбуски тиллоӣ», 1843).

Ин нависандаро ҳамчун устоди беҳамтои достонҳои кӯтоҳ мешиносанд, ки бо қалами ў новеллаҳо метавонад фоҷиавӣ, ҳаҷвӣ, «даҳшатнок» ва афсонавӣ бошанд.

Дар ашъори аввалини По хусусиятҳои романтизм ба назар мерасад («Темурланг ва дигар шеърҳо», 1827). Дар синни балоғат ў бо кўмаки тахайюли худ кўшиш мекард, ки маҳдудияти замон ва ногузирии маргро паси сар кунад («Зоғ» ва «Шеърҳои дигар», 1845). По дар тасаввуф ба саволҳое, ки рӯҳи ӯро азоб медиҳанд, ҷавоб меҷӯяд.

“Гурбаи сиёҳ”, “Достонҳои шигифтангез”, “Қалби розгӯ”, “Заволи хонадони Ошур”,  “Қурбоқа”, “Марди тӯда”, “Ниқоби марги сурх”, “Калоғ” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

Эдгар По 7 октябри соли  1849, замоне, ки ҳамагӣ 40 сол дошт, дар Балтимор вафот кард.

 Дар Китобхонаи миллӣ аз Эдгар По метавонед ин асарҳоро бихонед: “Подение дома Ашеров”, “Убийство на улице Морг”, “Золотой Жук”, “Моска красной смерти”.

Сафаргул ҲУСАЙНОВА,
сармутахассиси шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ