Умри абади шоири рангинхаёл

Ман баъди ҳама завол меоям боз,

Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.

Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,

Аз баъди ҳазор сол меоям боз.

Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии “Лоиқ Шералӣ”, ки дар остонаи 80-солагии шоири маъруфт чоп шуда буд, бо ҳамин мисраҳои абадзиндаи шоир оғоз мешаванд. Лоиқ Шералӣ бидуни шак аз бузургтарин шоирони нимаи дуюми қарни ХХ тоҷик аст. Ў 1000 сол пас аз соҳибқирони шоирон устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ҳамон сарзамини шоирхез ва калому адаб ва канори рӯди пуртуғёни Зарафшон по ба арсаи ҳастӣ ниҳод. Ҳамагӣ 59 сол умр дид ва дар авҷи камолоти эҷодӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дида аз олам барбаст ва дар теппаи хушнамуди Лучоб манзили абад ёфт.

Китоб як ҳадя ба ифтихори 80-умин солгарди шоири шаҳир аст, он китобномаест, ки кулли маводи библиографиро дар бораи ӯ ва осораш гирд овардааст. Кормандони шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ хеле заҳмат ба харҷ додаанд, то қисмати бештари навиштаву гуфтаҳои шоири зиндаёд дар китобу рӯзномаву маҷаллаҳо ва навиштаи дигарон дар бораи ӯро дар як китоб гирд оваранд ва кори муҳаққиқону пажӯҳишгарони осору зиндагиномаи шоирро осон гардонанд.

Дастур аз пешгуфтор, ду қисми асосӣ бо бахшҳои ҷудогона ва кўмакфеҳристҳо иборат мебошад.

Дастур аз қисми “Лоиқ Шералӣ аз назари олимон ва адибон” оғоз мешавад. Дар ин қисм хонанда  назари академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, профессор Худоӣ Шарифзода, Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло ва кинорежиссер Давлат Худоназарро дар бораи шахсияти Лоиқ Шералӣ, шеъри ӯ ва ҷанбаҳои инсонияти вай мехонанд.

Қисми баъдӣ Осорномаи шоир аст. Дар ин қисмати дастур осор, маърӯзаву тақризҳои шоир бо замону макони интишорашон гирд оварда шудааст. Лоиқ Шералӣ, дар баробари ин ки шоири забардаст буд, боз тарҷумони чирадаст ҳам ба шумор мерафт. Боби махсусе дар ин китобнома ба тарҷумаҳои  шоири маҳбуб ихтисос ёфта ва хонанда дармеёбад, ки бо ашъори шоироне чун Ҳуте, Пушкин, Лермонтов, Зулфия, Қайсин Қулиев, Расул Ҳамзатов, Пабло Неруда, Сергей Есенин, Борис Олейник ва дигарон дар тарҷумаи Лоиқ Шералӣ аз кадом маҳаку меъёр бояд ошно шавад.

Як бахши дигар “Адабиёт дар бораи Лоиқ” номида шудааст ва боз ҳам бо ду забон – тоҷикию русӣ ҳар навишта дар бораи шоири маҳбуб, мусоҳибаҳо бо шахсиятҳо, бо ҳамсари Лоиқро дар бар мегирад. Аксари ин мусоҳибаву муколамаҳо дар матбуоти даврӣ интишор ёфтаанд ва кори лоиқпажӯҳишонро дар пайдо кардани ҳар навиштаву гуфта дар бораи Лоиқ на танҳо дар матбуоти чопӣ, балки электронӣ низ осон мегардонад. Мавод дар қисмҳо ва дар зерқисмҳои дастур тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбоӣ ҷобаҷо гузошта шудааст.

Дастури мазкур маводи чопию электронии солҳои 1959-2020 нашршударо низ дар бар мегирад. Он дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб-сайтҳои Интернет таҳия гардидааст.

 Дастур ба донишҷуёну омўзгорон, олимону эҷодкорон ва умуман ба гурўҳи васеи хонандагон ҷиҳати бештару хубтар ошноӣ пайдо кардан ба осори Лоиқ Шералӣ кўмак хоҳад расонид.

                                                        

Асли китоб ин ҷост: “Лоиқ Шералӣ”.