Баргузории панҷумин нишасти директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ЭКО
Имрӯз бо ташаббуси Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) ва мизбонии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон панҷумин нишасти директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ЭКО ба сурати онлайн баргузор гардид.
Ҳамоиш бо суханронии Сарвар Бахтӣ – Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО ва хонум Ашрафи Буруҷердӣ – Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шуд ва сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ЭКО ба муаррифии китобхонаҳои миллии худ ва бозгӯ кардани таҷрибаҳояшон дар даврони Ковид-19 пардохтанд.
Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода намояндагӣ намуд.
Ин нишаст дар се қисмат баргузор гардид, ки дар бахши сеюм баҳсу музокираи раисони китобхонаҳои миллии ЭКО сурат гирифт.
Меҳмони вижаи ин нишаст хонум доктор Кристина Макензӣ – Раиси Федератсияи байналмилалии анҷуманҳо ва муассисоти китобдорӣ (ИФЛО) ва Стан Стоковски – сарпарасти дафтари минтақавии ЮНЕСКО буданд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз фаъолиятҳои густардаи Китобхонаи миллӣ ва умуман вазъи китобу китобдорӣ дар кишвар, барномаҳои давлатии рушди китобдорӣ, дастрасии хонандагон ба манбаъҳои электронӣ, робитаҳои байналмилалӣ, нигаҳдории нусхаҳои чопиву қаламии боқимонда аз асрҳои гузашта муфассал сухан ронд. Вай китобхона ва иртибототи байникитобхонавиро чун бахши ҷудонашавандаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстӣ номид ва пули боэътимоде донист, ки дар боло бурдани зарфиятҳои фарҳангии шаҳрвандони кишварҳои узви ЭКО нақши сазовор хоҳад бозид.
Ёдовар мешавем, ки чорумин нишасти директорони китобхонаҳои ЭКО моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.