36 сол пеш 2-уми декабр. Хотираҳои Нодир Шанбезода дар бораи Абулқосим Лоҳутӣ
36 сол пеш, яъне 2 декабри соли 1987 шоири маъруф ва донишманди шинохта Нодир Шанбезода дар як мақола аз нахустин дидору вохӯриҳояш бо устод Абулқосим Лоҳутӣ нақл кардааст. Нодир Шанбезода на танҳо аз дидорҳо, балки дар бораи мукотиба ӯ бо Лоҳутӣ, таҳрири шеърҳояш аз ҷониди устод ва маслиҳату машваратҳояш нукоти ҷолиберо овардааст.
Ҳамкорамон аз шуъбаи матбуоти даврӣ ин мақоларо барои мо рӯнавис кард, то бо ҳам бихонем.
ЁД БОД ОН ЧӢ МАРО УСТОД ГУФТ…
Тирамоҳи соли 1924 ман ба хонаи бачагони шаҳри Хоруғ омадам. Дар он ҷо охон Салмон Қурбонмаҳмадов ва охон Шофутур Муҳаббатшоев таълим медоданд. Мо китобҳои дарсӣ надоштем, як чанд нусха китоби «Мифтоҳулутаълим» – чопи Самарқанд дар мактаб буду халос. Тирамоҳи соли 1925 нахустин китоби адабӣ «Адабиёти сурх»-и Лоҳутӣ 4-5 нусха ба дасти мо расид. Ҳанўз хуб дар хотир дорам, ки мо бо рафиқон аз хурсандӣ тамоми шаб хоб накардем. Китобро гаштаю баргашта мехондем ва дар муддати ду шабонарўз аз як сар онро ба дафтарҳоямон нусхабардорӣ кардем.
Бисёр рафиқон, аз ҷумла худи ман тамоми шеърҳои дар он бударо ба зудӣ азбар кардем. Китоб беҳтарин ғазалҳои устодро, ки қисман дар Эрон ва Туркия эҷод гардида буд, дар бар мегирифт. Ин нахустин шиносоии ғоибонаи ман бо устод Лоҳутӣ буд.
Устодони адаб С. Айнӣ ва А. Лоҳутиро бори аввал соли 1929 дар Тошканд дар ҳайати раёсати комитети алифбои нав дидам. Ман он вақт дар Дорулфунуни Комунистии Осиёи Миёна мехондам. Муяссар нашуд, ки шахсан бо онҳо шинос шавам лекин, аз ин баъд аз ашъорашон чизеро, ки меёфтам хонда азбар мекардам, аз насрашон лаззат мебурдам.
Бори аввал бо устод Абулқосим Лоҳутӣ моҳи октябри соли 1935 шахсан шинос шудам. Он вақтҳо дар КМ ПК (б) Тоҷикистон ба вазифаи инструктори шўъбаи пропаганда кор мекардам. Рўзи омадан нависандагони ҷавон ба истиқболи устод баромаданд. Ман ҳам ҳамроҳи онҳо будам ва Сотим Улуғзода маро бо устод Лоҳутӣ шиносонд. Рўзӣ дигар устод Лоҳутӣ ба КМ омада, қариб як соат бо мо сўҳбат кард. Аз фурсат истифода намудам, ки шеърҳоямро баъзан таҳрир намоянд. Устод гуфт, ки ҳеҷ гуна ёриро дареғ намедорад ва ҳама вақт ба ин кор тайёр аст.
Ман аз соли 1928 эҷод мекардам ва шеърҳоям дар рўзномаҳои вилоятӣ ва республикавӣ чоп мешуд. Минбаъд ҳар шеъре, ки ба устод Лоҳутӣ мефиристодам, ў таҳрир менамуд. 6 июни 1941 аз устод Лоҳутӣ мактубе гирифтам, ки дар он таъкид карда буд: «Аз Шумо хоҳиш дорам, ки ба ҳеҷ гуна гапҳои бефоида гўш надиҳед. Ба манфиати халқ бинависед, бисёр асарҳои классикҳои форс, рус ва дигар халқҳоро бихонед… Кўшиш кунед бештар содда ва халқӣ нависед. Ҳам таъриф ва ҳам тақзиб ҳар ду нобуд мешаванд, асари худи шумо ҷовидон мемонад, агар хуб бошад ва агар ба халқ вобаста бошад, яъне халқ онро азхуд донад. Бо саломи коммунистӣ Лоҳутӣ».
Мулоқоти дигар бо устод Абулқосим Лоҳутӣ соли 1936 дар Маскав баргузор гардид. Мо дар ҳайатӣ вакилони Тоҷикистон бо Ҷалол Икромӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳарӣ, Алихўш (аз ёдам баромадааст, боз рафиқони дигаре ҳам) ба 100- солагии вафоти Пушкин рафта будем. Рўзи дигар аз меҳмонхонаи Европа ба хонаи устод телефон кардем, он кас дар хона набуданд, мо аз ҳамсари ў Бону илтимос намудем, ки аз омадани мо устодро хабардор кунанд. Соати 7-и бегоҳӣ устод ба мо занг зада, баъд аз чанд дақиқа ба меҳмонхона омаданд. Мо дар атрофи устод чун парвонаҳои гирди шамъ ҷамъ омада, суханони ширини ўро гўш мекардем.
Аз ин мулоқот зиёда аз ним аср мегузарад ва суханони зиёде фаромўш шуданд, вале ҳаминро ёд дорем, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ мо, шоирони ҷавонро, барои камсаводӣ мазаммат мекард. Баъдҳо зиндагӣ нишон дод, ки эроди устод комилан дуруст будааст. Яке аз рафиқони мо аз устод пурсид, ки оё ба муносибати 100- солагии вафоти Пушкин чизе навиштаанд? Он кас ҷавоб доданд; ки чизе нанавиштаам ва нахоҳам навишт. Зеро аз Пушкин хубтар наметавонам ва аз ў пастару сусттар намехоҳам навиштан.
Дар Душанбе соли 1941 устод Абулқосим Лоҳутӣ 3-4 сўҳбати дигар доштем. Он вақт ман муҳаррири журналҳои «Коркуни партиявӣ» ва «Бо роҳи Ленин» будам. Журнали «Бо роҳи Ленин» як силсила шеърҳои тамсилии устод Лоҳутиро, ки аз Москва фиристода буд, нашр кард. Рўзи дуюми ба Душанбе омадан устод ба идораи журнал омада, ба ходимони он вохўрданд, дастурҳо доданд. Шахсан маро танқид намуданд, ки кам менависам. Баъд аз он ғазалеро, ки бо матлаи «Эй нури дида, дилбари ширинсухан биё!» навишта будам, пеши устод гузоштам. Пас аз мутолиаи устод чанд мисраи онро ислоҳ намуда, як байташро тамоман хат зада гуфтанд: «Ин таҳлили Бедил аст. Мо ҳеҷ вақт ба ин роҳ набояд равем». Он байт ин аст:
Аз кони дил кашам ба Бадахшони чашми хеш,
Бе лаълат эй нигор ақиқи Яман биё!
Устод пас аз хондани байти зер:
Эй нури дида, дилбари ширинсухан биё!
Эй ҷони рафта, гашта ба иқлими тан биё!
Гуфтаанд, ки калимаҳои «рафта», «гашта»- ро мумкин хонанда як калима гумон карда ба иштибоҳ афтад. Барои бартараф кардани ин нуқсон мисраи дуюми байт бояд чунин таҳрир шавад: «Эй ҷони рафта боз ба иқлими тан биё!»
Дар хотир дорам, ки ҳамон ҳафта мулоқоти нависандагон бо студентони Институти педагогии ба номи Шевченко барпо шуд. Устод Абулқосим Лоҳутӣ дар ин маҳфили адабӣ нутқи таъсирангезе эрод карданд. Ман дар он ҷо «Ба духтари Эрон» ном манзумаи устодро, ки 80 мисраъ асту онро дар Туркия сурудааст, азёд хондам. Устод Лоҳутӣ бисёр хурсанд ва аз ман ниҳоят розӣ шуданд.
Соли 1944 ба як ғазали устод Лоҳутӣ дар радифи «оҳиста- оҳиста» мухаммас баста ба Москва фиристодам. Пас аз чанд вақт аз устод Лоҳутӣ нома гирифтам. Устод тазминро банд ба банд таҳлилу таҳрир намуда ба шаҳри Хоруғ бароям фиристоданд:
«Бародари азизам Шанбезода, нома ва шеъри шуморо гирифтам, хеле аз ёдоварии шумо хурсанд шудам. Миннатдор! Дар бораи тазмини шумо фикри ман ин аст: иловаи банди якум чунон ба асл мувофиқат дорад, ки гӯи асар аз гўяндаи воҳид аст. Агар асли ғазал аз банда набудӣ, иловаи шуморо хеле мадҳ мекардам. Офарин! Фақат ба воситаи такрор шудани қофияи «об » маслиҳат медиҳам, ки ба ҷои «гашт об», «шуд музоб» қабул кунед, агарчӣ «гашт об» равонтар аст. Магар ин ки такрори қофияи «об»- ро аҳамият надиҳед». Ман бошам маънои калимаи «музоб»- ро ки вай ҳам об шудан будааст, пас аз таҳрири устод фаҳмидам.
Ба ҳамин тариқ устод Абулқосим Лоҳутӣ хатову камбудиҳои каминаро дар ҳар шаш банди мухаммас пурра нишон дода номашро бо суханони зерин ба охир мерасонад:
«Агар фикри худамро баён кардам, сабабаш ахлоқи шахсӣ ва итминон ба рўи рости дўстии шумо буд.
Агар хатамро натавонед бихонед, бинависед худам омада бароятон бихонам… Ба дўстон ва рафиқони Бадахшонӣ иродати дурахшон тақдим менамоям. Дасти шуморо мефишорам. Лоҳутӣ II/ 1-45»
Ин номаи устод Абулқосим Лохутӣ дар фаъолияти минбаъда то боқии умр бароям як дастурамали бебаҳост. Ёд бод он чӣ маро устод гуфт.Кўшиш кардам хато ва камбудиҳое, к ибо қалами устод нишон дода шудаанд, такрор накунам. Лекин дар мавридҳои дигар ба хатогиҳои адабӣ роҳ додан мумкин. Аммо ку устод Лоҳутӣ, то хатоҳоро ислоҳ кунад ва асар ба қавлӣ худаш «ҷовидонӣ» шавад.
Нодир Шанбезода
Аз рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», 2 – декабри соли 1987,
таҳияи мутахасиси шуъбаи матбуоти даврӣ Нуримеҳан Маҳмадбекова.