**** **** ****
Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Халифа Ашӯрмуҳаммад Якдили Бухороӣ
(Аз шуарои миёнаи асри XIII. Аз “Туҳфат-ул-аҳбоб”)
Соғаркаши шароби таҳури муҳаббатам,
Оҳанги Рост мекунам, ин аст ғайратам.
Сози Ироқу савти Аҷам хушнамост, лек
Гарди Ҳиҷоз сурма кунад чашми барбатам.
Аз барқи шиква сабз шавад марғзори дил,
Метарсам аз рақиб, насозад шикоятам.
Обод бод хонаи пири муғон мудом,
Карданд сокинони дараш гармсуҳбатам.
Бо дӯстон мутеъаму бо душманон ба сулҳ,
Солори корвони ҷаҳони футувватам.
Эй сарви хушхиром, Худоро, тараҳҳуме,
Барпост аз ҳавои қиёмат қиёматам.
Ҳиҷроннасиби ламъаи хуршед гаштаам,
Чун маҳ намеравад зи ҷабин доғи кулфатам.
Нозам ба зӯри бозуи Якдил, ки дар азал,
Шуд қобили таҳаммули бори амонатам.
**** **** ****
Чи хуш к-аз шоми ғафлат субҳи огоҳӣ дамид ин ҷо,
Сафо ранги кудурат шуст, ғам шуд нопадид ин ҷо.
Дари ганҷи маориф к-аш хирад натвон кушуд, охир
Сарангушти ҳамон хуршеди ирфон шуд калид ин ҷо.
Зи оҳи булбули шӯрида лаъли ғунча механдад,
Ба дӯши нола мебандам аз он бори умед ин ҷо.
Макор, эй яъс андар синаи ман тухми навмедӣ,
Ки нахли орзу аз бору бар хоҳад ҳамид ин ҷо.
Зи бӯи гул суроғи дилбари ноёб мекардам,
Навид аз корвони нолаи булбул расид ин ҷо.
Шаҳодатгоҳи нозаш ранги берангӣ намехоҳад,
Ки тарҳи сад чаман карданд аз хуни шаҳид ин ҷо.
Чи найранг аст дар болу пари он тоири ваҳшӣ,
Ки бо сад парфишонӣ, метавон гуфт, орамид ин ҷо .
Сари худ мениҳад бар бистари зонуи осоиш,
Ба пои ҳар ки дар роҳи вафо хоре халид ин ҷо.
Аз он хуршеди оламтоб шахсе нур мегирад,
Ки чун моҳи нав аз рӯи адаб гардад мурид ин ҷо.
Хаёлам саҳфа рангин мекунад имшаб, намедонам,
Магар ҳамчун раги гул решаам дар хун давид ин ҷо.
Шукуфтан кард гул аз ғунчаи сарбастаи Якдил,
Насими субҳи ишрат аз кадомин ҷо вазид ин ҷо.
Якдил аз арбоби тасаввуф аст, ҳамаи ашъораш бар мазоқи ин тоифа ва ба услуби Бедил воқеъ шудааст.
Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.