45 сол пеш аз ин дар “Садои Шарқ”. Камол Айнӣ: “Садриддин Айнӣ ва адибони Эрон”
Садриддин Айнӣ ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як кишварӣ хориҷӣ сафар накарда буд. Ў дар мамлакати советӣ ҳам зиёд сафар накарда аст. Зеро вай, ки ҳазорон ҷоми талхи рўзгорро чашида худро дар синни чиҳилсолагӣ шогирд – шогирди мактабӣ Октябрь дониста буд ва таҷрибаи кофии зиндагӣ дошт ва саифаҳои сарнавишти мардумро дар лавҳи хотираш чун қарзи замон нигаҳ медошт, аз ҳама чиз бештар вақтро азиз медонист.
Зеро овардани он ҳама воқеоти даҳшатовари зиндагии мардумро дар гузашта ба рўи китоби рўзгорон – орзу ва ормони ҳаётии худ медонист. Аммо вай пас аз Инқилоби Октябр ба воситаи асарҳояш ба зудӣ ба мамолики хориҷӣ сафар кард. Ин сафар сафари якумин повести советии тоҷик – сафари «Одина» буд.
«Одина» ба гардиш баромад. Аввал вай Осиёи Миёнаро сайр кард, то баландкўҳҳои тоҷик расид, ба Помир омад. Пас барои дидани Ватани бузургаш – Иттифоқи Советӣ ба роҳи Москва даромад ва ба ин восита ба дасти хонандаи рус, украин ва бародарони дигари Иттифоқи Советӣ расид ва баъдтар ба мамолики хориҷии Аврупо қадам ниҳод.
Аммо ба зудӣ, пас аз навишта шуданаш «Одина» ба кишварҳои ҳамсоя – Эрон, Афғонистон, Ҳинду Покистон қадам ниход. Ин мамоликро «Одина» мазлум ва бечора дид. Дар ин ҷо вай дўстоне пайдо кард, ки ўро бо ҳусни муҳаббати хоссе истиқбол карданд. Зеро сарнавишти Одина ҳазорон қисматҳои мардуми ин кишварҳоро ба ёд меовард. Ба ин тариқ «Одина» дар ин ҷо натанҳо ба дасти ҳамзабонон расид, балки ба мардуми заҳматкаши ин кишварҳо, ки бо ў ҳамдил ҳам буданд, худро арза дошт ва чун фарзанди барўманд ва шоистаи ҷумҳурияи навбунёди Тоҷикистони Советӣ, чун фарзанди кишвари бостонии Рўдакӣ садои озодии офаридагори хешро ба самъи ташнагони рўзгори нав расонд. Садои «Одина» дар Эрон ба манзили зани эронӣ Шукўҳи Ховариён, ки дар Поминори Теҳрон, дар кўчаи Оқомўсо, хонаи рақами 9 воқеъ буд, расид ва меҳмон шуд. Ин меҳмонӣ ҳам хуш гузашт ва Шукўҳи Ховариён таассуроти саршор аз эҳсосот ва самимияти хешро дар номае баён намуда ба Тоҷикистон фиристод. Аз ҷумла ў навишта буд: «Дар шумораи 6 маҷаллаи «Раҳбари дониш» зери унвони «Якумин қиссаи инқилобии тоҷик» «Одина» асари С. Айнӣ як ришта навиштаҳое хондам, ки эҳсосотӣ маро муҳаррик шуд, ки ин муросаларо бо шумоҳо, ки ношири афкори озод ва инқилобии форсизабонон ҳастед, бинависам. Ман ҳанўз ин китоби муқаддасро, ки намунае аз нолаҳо ва фарьёдҳои бадбахтон ва гирифторони шарқ аст, надидаам, ҳанўз фусули адидаи онро, ки ҳар як таблои ҳузнангез хоҳад буд, аз ҷулуи чашмам нагузашта, вале ҳамон навиштаи шумо ба ман ҳам собит мекунад, ки тамоми омол ва орзуҳои меҳнаткашони Шарқ, хусусан форсизабонон, дар он ҷамъ хоҳад буд”.
2 марти марти соли 1925 дар рўзномаи «Овози тоҷик» номаи Садриддин Айнӣ бо унвони «Ба ошиқони адабиётӣ точик муроҷиат» интишор дода шуд, ки бо он кори бузурги таҳқиқ ва таҳияи нахустин асари адабиётшиносии советии мо «Намунаи адабиёти тоҷик» оғоз ёфтааст. Маълум аст ки ин асар ба нафъи сиёсати миллии давлати навбунёди советӣ равона шуда, барои бедорӣ ва худшиносии мардуми тоҷик хеле муассир гардид. Ба илова вай мероси бузурги гузаштагони миллати тоҷикро ба хидмати сохтмони нави маданияти советии тоҷик гузошт.
«Намунаи адабиётӣ тоҷик» ба зудӣ шўҳрат пайдо кард. Барои ин асар устод Абулқосим Лоҳутӣ – шоири инқилобии Шарқ ва яке аз асосгузорони назми советии тоҷик муқаддима навишта, дар бораи Садриддин Айнӣ чунин изҳор кардааст:
«Ман бо ин ном аз дере ошно будам. Тасвири ин исм ба фаврият як шахсро ба назари ман меовард, ки аз оғозӣ ҷавонӣ дар як муҳити зулму ҷавр дар роҳи озодии халқ хидмат карда, бар зидди истибдод ҷасурона мубориза намуда. Бародари фозили худро шаҳид дода …
Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили муҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Ин ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд».
Ва боз дар бораи аҳамияти «Намунаи адабиёти тоҷик» устод Лоҳутӣ навиштааст:
«Ба фикри ман «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон аст… Адабиёти имрўзаи тоҷикон чун гулистонест, ки солҳои дароз посбонӣ надида ва обёрӣ нашуда ва муҳтоҷи ороиш ва пироиши бисёре аст”.
Ман яқин дорам, – давом медиҳад Лоҳутӣ, – ки устоди муҳтарам дар миёни ҷавонони наврас ва самимии тоҷик тўдаҳои адабӣ ташкил дода ва барои тавҳиди усули адабии забони форсӣ пояҳои маҳкаме устувор хоҳад кард.
Ин асари устод соли 1926 дар «Нашриёти Марказии халқҳои Итиҳоди Ҷамоҳори Шўравии Сотсиалистӣ» дар Москва интишор ёфт ва ба сайри кишвари дилҳои мухлисони шеъри зебои мо ба роҳ даромад ва писанди аҳли илм ва адаб қарор гирифт. Дар мамлакати мо шарқшиносони советӣ ва аҳли адаб ин асарро аз ҳуҷумҳо ва муаллифи онро аз буҳтонҳои бешарафона дифоъ мекарданд.
«Намунаи адабиёти тоҷик» ба зудӣ мавриди таваҷҷуҳи аҳли илму адаби мамолики хориҷӣ низ қарор гирифт. Яке аз онҳо адиб ва донишманди маъруфи Эрон Саид Нафисӣ буд, ки аввалин тақриз ба дифои ин китоб ба қалами ў нигошта шуд ва дар рўзномаи «Шафақи сурх», шумораи 699, 28 шаъбони соли 1341 ҳиҷрии қамарӣ, баробари 3 марти соли 1928 милодӣ дарҷ гардид.
Иқтибос аз маҷаллаи «Садои Шарқ» соли 1978, №9, саҳ. 139
Мо як ҳиссаи хурди ин мақолаи ҷолибу хонданиро рӯнавис кардем ва умедворем хонандагони гиромӣ ба суроғи ин шумораи маҷалла, ки дар бойгонии шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад, хоҳанд омад.
Таҳияи Нуримеҳан МАҲМАДБЕКОВА,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.