57 сол пеш дар ин рӯз. Оғози барномаи консертии ҳунармандони тоҷик дар Монреал

МонреалКитоби Ҳабиб Сулаймонӣ ва Мирзоаҳмад Нуров “Ифтихори миллат”, ки соли 2009 чоп шудааст, дар бораи намоиши санъати тоҷик дар пойтахти Канада шаҳри Монреал маълумотномаи кутоҳе додааст. Ин намоиш  рӯзҳои аз 22-28 –уми майи соли 1967 баргузор шудааст.

Ин матлаби кутоҳ моро водор кард, ки матбуоти ҳамон солро ҷустуҷӯ кунем ва мақолаи муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Холмурод Шарифовро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” пайдо кардем. 57 сол пеш 11 – уми июн як соҳибмақоми тоҷик дар бораи сафари ҳунарии санъакорони тоҷик ба Канада маълумоти муфассал додааст. Онро айнану бетағийр ба солгарди ин рӯйдоди таърихӣ меорем.

НАМОИШИ САНЪАТИ ТОҶИК ДАР МОНРЕАЛ

Холмурод Шарипов ҷонишини Вазири Маданияти РСС Тоҷикистон.

28 май.Павилони советӣ дар Монерал. Гимни Иттифоқи Советӣ ва РСС Тоҷикистон навохта шуд. Сипас парчами республикаи Тоҷикистонро афрошта, сардори ҳайати вакилон Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров маросимро кушод.

Санъаткорони тоҷик ба Монреаль 22 май омада, то 28 –ум ҳар рӯз дуборӣ концерт  дода, аз санҷишҳо гузаштанд. Зиёда аз ҳашт ҳазор тамошобин ба санъати онҳо баҳои баланд дод. Мухбирони телевизони Канада ба ҳунари тоҷикон мафтун шуда, ба воситаи оинаи нилгун баромади раққоса Гавҳар Мирҷумъаева ва ҳофизи хушилҳон Ҷӯрабек Муродовро ташкил карданд. Ҳамин тавр, ҳанӯз то рӯзи асосии намоиш халқ ба санъати  мо ихлос баст.

Барандаи барномаи концертҳои мо артисти боистеъдод  Маҳмуд Воҳидов аз ашъори устод Рӯдакӣ, Ҳофиз, Турсунзода намунаҳо  хонанда, монологи  Ҳамлетро ба забони тоҷикӣ иҷро намуд.

Ба ҳунари ӯ тамошобинони  Монреаль  қоил шуда, бо нидоҳои  шодмонӣ ва эътироф ӯро аҳсан мехонданд. Франсуздухтар  Жанна Кастанея ба  ӯ қартаи навиштан “ Ҳамлет “-  ро тӯҳфа намуд.

Ба тамошобинон ҳамаи  намоишҳои  мо писанд омад. Санъати  баланди  артисти халқии республика Аҳмад  Бобоқулов, ки сурудҳои тоҷикӣ, рӯсӣ, италёӣ  иҷро намуд, боиси  кафкӯбиҳои зиёде гардид. Ӯ “Суруди Саид” –  ро аз кинофильми «Ман бо духтаре вохӯрдам” ба забони тоҳикӣ, русӣ ва англисӣ иҷро намуд. Баромади ду артисткаи халқии республика Шоиста Муллоҷонова ва Ҳанифа Ҳанифа Мавлонова низ шоёни таҳсин буд. Баромади санъакорони  ҷавон Ҷӯрабек Муродов ва Гавҳар Мирҷумъаева гувоҳи такомули эҷодии ҳунари онҳо гардид. Махсусан рақсҳои балеринаҳои мо, артистони хизматнишондодаи республика, Лауреати конкурси умумимиҷаҳонӣ дар Варна Малика Собирова  ва Музаффар Бурҳонов  тамошбинони сахтгирро ба ваҷд овард. Онҳо “ Валс” –и Шопенро бо маҳорати баланд иҷро карданд.

Барои бомуваффақият гузаштани концерт хизмати дастаи навозандагон дар  ҳайати  О. Назаров, М. Муравин, Д. Назаров, Я.Муравин ва Р. Азматов хеле калон буд. Доирадаст Рауф Азаматов бо се доира машқ карда, ҳамаро ба ҳайрат гузошт.

Намоиши кинофилҳои ҳуҷҷатию бадеии мо ба мухлисон симои кишвари тоҷикро тасвир намуд. Филмҳои ҳуҷҷатии “Чор суруд дар  васфи  Тоҷикистон”, “ Ҳафт нозанин”,” Республикаи ман” ва ғайра аз пешравӣ ва комёбиҳои санъати Тоҷикистон нақл намуд.

Выставкаи китоб, расму суратҳо, асарҳои санъати тасвирӣ, пероҳани зардӯзии занона,  табақҳои  гулдори сафол, обгинаи  сафол, офтоба, лаълӣ, тоқии кӯлобӣ ва ғайра бо нафосат ва назорати худ ҳамаро ҳайрон кард. Хусусан амали наққош Нуриддинов, ки дар тахта сурати устод  Рӯдакӣ ва  Беҳзодро кандакорӣ кардааст, ҳамаро ба ваҷд овард.  Барои тамошобиноне, ки осори нақшу нигор ва санъати нафисаи моро кам дидаанд, дидани ашьёҳои ороиши арӯс: қоши тилло, қасаба,  зебисина,  гӯшвораи  зарин, каҷак, шаддаи марҷон, дастпона вадигар овезаҳои қиматбаҳо хеле хуш омад.

Ин бор сафари ҳунарии мо хеле бобарор  гузашт. То имсол санъаткорони мо ба кишварҳои бо мо дӯст, ҳамзабон ва  ҳамҳунар сафар карда, баҳои баланд  гирифта буданд. Ин сафар сафари басо масъулиятнок буд.

Дар матбуоти Канада, телевизион ва радио дар ҳаққи санъаткорон ва сафари ҳунарии мо суханҳои арзанда гуфтанд.

Аз “Комсомоли Тоҷикистон”, 11 июни соли 1967 таҳияи Салима ОДИНАЕВА, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.