“60 мақола, чашмандоз, публитсистика” армуғони ҷашнии Сайёфи Мизроб
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи тиҷроияи Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби нави рӯзноманигор ва публитсист Сайёфи Мизроб таҳти унвони «60 мақола, чашмандоз, публитсистика» бо иштироки васеи намояндагони аҳли илму адаб ва зиёиёни кишвар баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи рӯнамоӣ доктори илмҳои педадгогӣ, профессор Ҷумахон Файзализола суханронӣ карда, аз хидматҳои рӯзноманигори шинохта Сайёф Мизроб ёдовари шуда, қайд кард, ки газетаи “СССР” ва сабки хоси Сайёф дар майдони журналистика корҳоеро анҷом доданд, ки воқеан шоистаи таҳсин аст.
Дар идома, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб рӯзноманигор, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод дигар рӯзноманигорони шинохта, ҳамқаламон, ҳамкорон ва сардабирони рӯзномаву маҷаллаҳо доир ба рӯзгору ҳаёти Сайёфи Мизроб андешаҳои худро ироа намуданд.
Гуфта шуд, ки Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи «СССР» аз ҷумлаи он рӯзноманигорони камназир аст, ки дар ҳар шумора шахсан сармақола менависад. Дар тӯли 18 соли фаъолияти рӯзнома, теъдоди сармақолаҳои ӯ аз 1000 гузаштааст.
Маҷмӯаи мазкур гулчини беҳтарин навиштаҳои панҷ соли ахири муаллиф буда, 60 сармақолаи баргузидаро дар бар мегирад. Ин китоб ба ифтихори 60-солагии муаллиф таҳия гардида, дар он масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ бо сабки хоси публитсистӣ баррасӣ шудаанд. Ҳамзамон, маҷмӯа жанрҳои зиндаву камистифодаи публитсистикаро фаро гирифта, барои журналистони ҷавон ҳамчун як мактаби воқеии касбомӯзӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни маҳфили илмӣ-адабӣ иштирокчиён перомуни аҳамияти осори муаллиф, нақши ӯ дар рушди журналистика ва публитсистикаи муосир суханронӣ карданд. Ҳар яке аз суханварон бо табрикоти самимии худ фазои маҳфилро гарму ҷолиб гардонида, ба фаъолияти эҷодии Сайёфи Мизроб баҳои баланд доданд.
Наргис НАЗАРЗОДА