61 сол пеш дар “Садои Шарқ”. Камол Айнӣ: “Як дастхати нодир” (“Шаҳриёрномаи Мухторӣ)

Камол АйнӣДар феҳрасти дастхатҳои форси Музеи Британия (нашри соли 1881), ки мураттиби он Ръё мебошад, пораи ноқиси дастнависи достони «Шаҳриёрнома зикр ёфтааст. Нигорандаи достон Усмон Мухтории Ғазнавӣ аст, ки байни солҳои 544-544 ҳиҷрӣ (1149-1159 милодӣ) вафот кардааст.

Усмон Мухтории  Ғазнавӣ, яке аз муосирони Абдулфараҷи Рунӣ, Масъуди Саъди Салмон ва Ҳаким Саноӣ, чи навъе ки маълум аст, шоири қасидасарои сулолаи Ғазнавиён буда, дар охири умри худ аз ин дарбор роҳи гурезро гирифта, ба яке аз салҷуқиёни Кирмон надомат пайдо кардааст. Мухтории Ғазнавӣ гўяндаи болодасти соҳибдевон аст, ки сухансароёни номии форсигўй, мисли Хоқонӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра ашъори ўро пайравӣ кардаанд. Гузашта аз ин, Ҳаким Санои қасидае ба ў гуфта, ўро амири сухан ва каломи манзумашро дорои маонии нав ва бикр хондааст.

Шаҳриёрнома”- и Мухтори Ғазнавӣ, ки дар пайравии “Шохнома”- и Фирдавсӣ танзим гардидааст, аз қабили достонҳои қаҳрамонии форсӣ- тоҷикист, ки алҳол бинобар дар даст набудани матни мукаммали он на танҳо омўхта нашудааст, балки ҳатто (агар замимаи девони Мухториро, ки дар он ҷо қисматҳои мавҷудаи ин достон аз рўи пораҳои ноқиси нусхаи Музеи Британия бо кўшиши Ҳумоӣ нашр ёфтааст, ба эътибор нагирем) ба тарзи мукаммал ба табъ нарасидааст.

Аксари адабиётшиносон ва мутахассисони эроншинос, ки Мухтории Ғазнавиро зикр мекунанд, бештар аз рўи маълумоти тазкираи Давлатшои Самарқандӣ, “Маҷмаъ-ул-фусаҳо”- и Ризо Қулихони Ҳидоят ва аз маълумоти девони шоир ҳарф мезананд. Баъзе аз муҳаққиқони таърихи адабиёти форси таассуф мехўранд, ки нусхаи дар Музеи Британия маҳфуз будаи “Шаҳриёрнома”ноқис аст. Қисмате аз онҳо, ки “Шаҳриёрнома”-ро барои таърихи адабиёти мо талафшуда пиндоштаанд, аслан ин достонро зикр намекунанд. На дар таърихи адабиёти Ҳамме (Вена,1818), Питси (Торино,1894),Ҳорн (Лейпсиг, 1901), на дар чандин кутуби баъдтар таълиф шудаи таърихи адабиёти форсӣ “Шаҳриёрнома”-и Мухтории Ғазнавӣ ном бурда нашудааст. Ҳатто мавлавӣ Муқтадир, мураттиби Феҳрасти дастхатҳои кутубхонаи Банкипур, ки нусхаи девони Мухториро тавсиф кардааст, аз маҳсули Мухторӣ будани “Шаҳриёрнома” шубҳа кардааст. Ҳол он ки дар феҳрасти Ръё (аз ин Муқтадир хеле хуб огаҳ будааст) 26 мисраъ аз нусхаи ноқиси ин достон иқтибос шудааст ва дар мисраи 16 тахаллуси муаллиф ҳам ҳаст:

Се сол андар ранҷ бардоштам,

Сухан он чи буд,ҳеҷ нагзоштам.

Ба назм оваридам ба иқболи шоҳ,

Шаҳи шаҳриёрону зулли илоҳ…

Чу Мухторӣ он номвар достон

Ба номи ту гуфт,эй шаҳи ростон…

Дар китоби “Таърихи адабиёти форсу тоҷик”,ки аз таълифоти проф. Я. Рипка ва эроншиносони дигари чехославакӣ мебошад, ақидаи дигаре баён ёфтааст. Дар китоби ақидаи мудаққиқони эҷодиёти Фаррухии Ғазнавӣ (проф. Рипка ва М. Боретский) қабул гардидааст. Онҳо навиштаанд, ки шояд ду “Шаҳриёрнома”мавҷуд буда бошад, ки якеро Фаррухии Ғазнавӣ таълиф карда, дигареро Мухтории Ғазнавӣ.

Ниҳоят, ношири девони Ҳаким Мухтории Ғазнавӣ–Рукниддин Ҳумоюн Фаррух дар муқаддимаи хеле муфассал барои ин девон навиштааш, мегўяд роҷеъ ба “Шаҳриёрнома” “ҳарчи таҷассум кард, аз он нишонае наёфт”1.

Бояд гуфт, ки аз кутуби дигар, дар “Феҳристи китобхонаи “Маҷлиси шўрои миллӣ”(Ибн Юсуф Шерозӣ,Теҳрон 1318- 1321, саҳ.403) ва дар китоби “Ҳамосасароӣ” дар Эрон” ва “Таърихи адабиёт дар Эрон”,таълифи проф.Забеҳулло Сафо роҷеъ ба Усмон Мухтории Ғазнавӣ ва “Шаҳриёрнома” маълумоти муфассалтаре низ оварда шудааст. Забеҳулло Сафо инчунин нусхаи дигари “Шаҳриёрнома”- и Мухториро ном бурда, ғайр аз 26 мисраи достон, ки аз китоби Ръё иқтибос аст, боз 108 мисраи тозаро аз нусхаи дуввўми достон овардааст. Аммо аз гуфтаи З. Сафо пайдост, ки нусхаи дуввўми “Шаҳриёрнома”- ро худи ў надидааст ва абёти мазкурро проф. Саид Нафисӣ ба ў тақдим кардааст. Саид Нафисӣ ин абётро аз ҳамон нусхаи “Шаҳриёрнома” навишта гирифтааст, ки проф. К.И. Чайкин солҳои дар Теҳрон кор карданаш харида будааст.

Забеҳулло Сафо дар ин хусус навиштааст: “Аз “”Шаҳриёрнома” акнун нусхае дар пеш надорам. Нусхае аз он дар китобхонаи Музеи Британия ҷузъ нусхаи хаттии форсӣ мавҷуд аст. Чанд сол пеш нусхае аз ин китобро устод Чайкин, ховаршиноси маъруфи русӣ, дар Теҳрон харид ва бо худ ба Русия бурд.

Абъёти зайлро Саид Нафисӣ, устоди донишгоҳ, аз нусхаи “Шаҳриёрнома”- е, ки профессор Чайкин дар Теҳрон харидорӣ кард ва мехост ба Русия барад, истинсох (нусхабардорӣ) намуд,то дар таърихи адабиёти муфассали Эрон, ки гирд овардааст, дарҷ кунад ва ман акнун он абётро бе ҳеҷ гуна тасарруфе дар ин ҷо нақл мекунам, зеро ба асари камъёб будани нусхаи “Шаҳриёрнома” зикри ин абётро холӣ аз тозагӣ ва аҳамияте намебинам” (З.Сафо, Хамосасароӣ дар Эрон саҳ.313).

Дар соли 1962 Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон бо кўшиши нависандаи ин сатрҳо китобхонаи шахсии адабиётшинос ва эроншиноси маъруфи шўравӣ марҳум А.А. Стариковро барои ганҷинаи худ харид. Як қисми ин кутуб, ки аксар китоби нодири оид ба ховаршиносӣ аст, иборат аз дастхатҳои форсӣ мебошад. Дар ин ҷо аз ҷумла як нусхаи дастхатти “Шаҳриёрнома” ҳаст, ки акнун таҳти рақами 17,18 дар фонди дастхатҳои Академияи Фанҳои Тоҷикистон маҳфуз мебошад. Нусхаи зикршуда дорои 156 варақи андозаи 29 х 20 см. буда дар муқоваи нави аврупоист. Дар ин китоб, дар чанд ҷои саҳифае аз қоғази хеле одӣ қайдоти ашхоси гуногуне мавҷуд аст, ки аз таърихи ин дастнавис шаҳодат медиҳад. Дар яке аз қайдот бо хат ва имзои К.Чайкин навишта шудааст, ки “Ин нусха дар соли 1926 дар шаҳри Теҳрон ибтиёъ (харидуфурӯш) гардид”, яъне маълумоти З. Сафо роҷеъ ба харидани Чайкин як нусхаи “Шахриёрнома”тамоман саҳеҳ аст.

Андаруни муқоваи “Шаҳриёрнома”ду кайди дигари К. Чайкин ҳаст, ки дар он ҷо дар бораи аз ду қисмат иборат будани ин дастхат маълумот дода шудааст ва номи он қисматҳо зикр ёфтаанд: “Ин китоб муштамил аст бар ду баҳра ва баҳраи аввалаш  қисматест аз манзумаи “”Шаҳриёрнома”, ки таълифаш мансуб аст ба Мухторӣ, шоири маъруф дар дарбори бақоёи ғазнавиён ва қисми дуввўми он (аз варақи 60 то 136) қисматест аз маснавие, ки гўё “Барзунома” бояд буда бошад, ки аз сарояндааш огоҳии дурусте дар даст нест, вале ба қавли Анкетил Дюперрон, ки мутаассифона маълум нест аз рўи чӣ маъхазе изҳор шуда буд, муаллифаш шоире дорои тахаллуси Атоӣ буда. Чайкин2.

Дар варақи дигар ба ғайр аз қайди К.Чайкин дар бораи ибтиёъ гардидани ин нусха дар Теҳрон дар соли 1926, бо имзои проф. Муҷтабо Минавӣ адабиётшиноси маъруфи Эрон чунин навишта шудааст:

Гўё китоби “”Шаҳриёрнома”-и Мухторӣ бошад, ки барои Масъудшоҳ гуфта, мақсуд аз Масъудшоҳ мумкин аст, Масъуд ибни Иброҳими Ғазнавӣ бошад аз бақоёи ғазнавиён, ки дар Эрон салтанат надоштанд, Муҷтабо Минавӣ”.

Поёнтар, шояд ин ҳам хатти Муҷтабо Минавӣ бошад, сабт шудааст, ки “маҷмўаи нусхаи хосе қариб 15 ҳазор байт дорад”.

Яъне нусхае, ки ҳоло дар дасти мо ҳаст, ҳамон “Шаҳриёрнома”- и моли проф. К. Чайкин мебошад, ки пас аз фавти ў А.А Стариков барои худ гирифтааст.

Ба ҳамин тариқ, ин нусхаи “Шаҳриёрнома” аз соли 1926 то авохир номаълум ва пўшида мондааст, зеро чи дар мақолоти К. И.Чайкин ва А.А Стариков3, чи дар осори мутахассисони дигар, ки ба он робитаи корӣ доштанд, ишорае ба ин нусхаи нодир нашудааст. Чунончи адабиётшиноси маъруфи шўравӣ марҳум Ю. Н Марр, ки бо Қ. Чайкин робита ва мукотибаи доимӣ доштааст, дар ҳеҷ як осори худ, ҳатто ҳангоме, ки аз “Шаҳриёрнома” ва нусхаи ноқиси он аз Музеи Британия сўҳбат кардааст, аз нусхаи нодири дар дасти К. Чайкин буда, ҳарфе назадааст.(Ниг. “Статьи и сообщения”,II М-Л, 1939, саҳ.14).

Хатто проф. Е.Э.Бертелс, ки дар китоби хеле муфид ва муҳаққиқонаи худ “Таърихи адабиёти форсу тоҷик” (М.1960, саҳ 401) барои Мухторӣ боби алоҳида тахсис (махсус) кардааст, пайдост ки аз нусхаи дуввуми “Шаҳриёрнома”огоҳ набудааст.

Дастхатти “Шаҳриёрнома”- и Фонди дастнависҳои АФ Тоҷикистон дар як ҷилд бо “Барзунома” мебошад (варақаҳои 1б- 60 ва 60-152б), ки ҳар саҳифааш чор сутун ва 24 сатр дорад ва бо хатти настаълики ҷадид навишта шудааст. Аз рўи аломатҳои зоҳирии дастнавис тахмин кардан мумкин аст, ки ин нусха дар ибтидои асри XIX Китобат шудааст. Зеро дар варақи 29а рақами 1228 ва қайде ҳаст, ки он бояд аз котиб бошад ва агар он рақам соли китобатро нишон медода бошад, ба солҳои 1812/ 13 баробар меояд. Достон дар ин нусха бо байти:

Кас аз посбонон на огаҳ буд,
Чаҳонҷўй хуфта ба хиргоҳ буд.

шурўъ мешавад. Пас аз ин 119 қисми достон меояд, ки ҳар як сарлавҳаи махсус дорад бо қирмиз навишта шудааст. Нуқсони асосии ин нусхаи “Шахриёрнома” иборат аз ҳамин аст, ки охири достон боқӣ намондааст ва бо чор байти аввали боби “Кушта шудани шер дар нахчиргоҳ ба дасти Шаҳриёр” поён ёфтааст.

Аз муқоиса ва омўхтании маълумоти тавсифи нусхаи “Шаҳриёрнома”- и Музеи Британия бо нусхаи номбурда бармеояд, ки дастнависи охир хеле мукаммал ва ба ҳамин ҷиҳат хеле пурқиммат ва нодир буда, китобест, ки чандин саҳифаи холии адабиёти форсу тоҷикро, хусусан якчанд лаҳзаи торики таърихи эпоси моро барқарор карда метавонад. Гумон дорем, ки ба табъ расонидани матни он ва дар ин кор низ истифода бурдани нусхаи Музеи Британия, ки якчанд қисмати достонро дорад ва дар охири девони Мухтории Ғазнавӣ  ба тарзи илова бо кўшиши Ҳумоӣ чоп шудааст, аз фоида холи нахоҳад буд ва анҷом додани ин вазифа корест басо зарур ва барои таърихи адабиёти мо ниҳоят лозим. Зеро “Шаҳриёрнома” баробари  “Барзунома” достоне мебошад, ки ба пайравии “Шоҳномаи”-и Абулқосим Фирдавсӣ эҷод шудааст, ва дар байни пайравони басо зиёди он бо маҳорат ва иқтидори шеърии худ, ба мисли “Барзунома” мақоми  баланд ва махсус дорад.

Манбаъ: маҷаллаи “Садои Шарқ” соли 1964, №8.

ПОВАРАҚ

  1. Ҳаким Мухтори Ғазнавӣ, гӯяндаи номдори қарни панҷуми ҳиҷрӣ ба кӯшиши Рукниддин Ҳумоюн Фаррух. Теҳрон 1339, саҳ. 20.
  2. Ҳарчанд К. Чайкин ба дурустии Анкетил Дюнеррон шубҳа дорад, аммо бояд гуфт, ки тахаллуси  муаллифи “Шаҳриёрнома” дар варақи 150-а ҳамин нусха зикр ёфтааст ва ин ҷиҳати масъала ба фикри Анкетил Дюперронро тасдиқ мекунад.
  3. Масалан ниг.мақолаи К.Чайкинро: “Асади старший и Асади младший” (маҷ.”Фирдовси”, Ленинград 1934, саҳ.159) ва мақолаи муфассал ва бисёр хуби А.А. Стариковро, ки барои чопи русии “Шоҳнома” навиштааст ва дар ин ҷо ду карат номи Мухториро зикр амудааст (“Шахнаме”, т.1, издание подготовили Ц.Б. Бану, А.Лахути и А.А. Стариков, М. 1957, с. 541, 584).

Таҳияи Нуримеҳан Маҳмадбекова,
мутахасиси пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ