75 соли профессор Додихудо Саймиддинов
Агар Додихудо Саймиддинов зинда мебуд, ба синни мубораки 75 қадам мегузошт. Сад дареғ, ки 7 сол қабл ин олими донишманд, забоншиноси шинохта ва пажуҳишгари пӯхтакор дар синни 68-солагӣ аз олам рахти сафар барбаст. Рафтани Додихудо Саймиддинов гаронтарин талафоти ҷуброннопазир барои илми тоҷик буд. Бо чанд ҷумла аз ӯ ёд мекунем.
Додихудо Саймиддинов 24-уми июни соли 1949 ба дунё омадааст, соли 1973 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи имллии Тоҷикистон)-ро хатм кардаву ба Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадааст. Муддати ду сол (1974-1976) коромӯзи бахши ленинградии Институти забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳудудан чор сол (солҳои 1976-1979) аспиранти ҳамин институт будааст.
Баъди хатми аспирантура фаъолияти илмиашро дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ идома додааст.
Аз соли 1995 то 2000 муовини директори Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва тӯли солҳои 2000–2005 Директори ҳамин Институти буд.
Чор соли дигар (2005-2009) вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва тӯли ин муддат Кумита оид ба илм, маориф ва фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонони парламони кишварро ба уҳда дошт.
Соли 2009 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва моҳи декабри 2013 синнаш ба нафақа расид ва аз ин вазифа канор рафт.
Маҳз замони сарварии ӯ дар Кумита Қонун дар бораи забони давлатӣ дар таҳрири нав ба тасвиб расид. Ин қонун мансабдорони тоҷикро ба ҳатмӣ донистани забони давлатӣ вазифадор кард. Фурсате баъд боз ҳам дар замони сарварии ӯ имлои нави забон қабул шуд.
Соли 1982 дар мавзуъи «Ташреҳи лингвистии сутуни форсии миёна» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард ва соли 1999 дар мавзуъи «Вожашиносии забони форсии миёна» рисолаи докторӣ дифоъ кард.
Додихудо Саймиддинов дар масоили мухталифи забонҳои форсии миёна ва нав, ҳамчунин, забони тоҷикӣ пажуҳишҳои арзишманд анҷом додааст. Аз ҷумла, «Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ» (соли 1992), «Фарҳангномаҳои форсии миёна» (соли 1994), «Истилоҳоти идории замони Сосониён» (соли 1995), «Вожашиносии забони форсии миёна» (соли 2001), «Адабиёти паҳлавӣ» (соли 2003), «Форсии бостон» (соли 2008), «Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ» (соли 2008), «Пажуҳишҳои забоншиносӣ» (соли 2013).
Барои пажуҳишҳояш «Фарҳангномаҳои форсии миёна» ва «Истилоҳоти идории замони Сосониён» сазовори Ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ– форсӣ шудааст.
Мақолаҳояш бо забонҳои русиву инглисӣ, фаронсавӣ тарҷума ва дар маъруфтарин нашрияҳои Маскав, Санкт-Петербург, Порис, Шветсия ва дар матбуоти кишварҳои ҳамзабон Афғонистону Эрон чоп шудаанд.
Як асари пажуҳишии ӯ бо номи «Вожашиносии забони форсии миёна» беҳтарин асари таҳқиқотӣ дар эроншиносии хориҷӣ эълон гардид ва дар Ҷумҳурии исломии Эрон китоби сол унвон гирифт.
Ҳамзамон бо ин Додихудо Саймиддинов яке аз муҳаррирони «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» ба шумор меравад, ки нашри дуввум ва мукаммали он соли 2006 нашр шуда буд.
Додихудо Саймиддинов чун олими донишманд эътироф шудааст ва ҳоло бештар аз 20 нафар таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои докторӣ ҳимоя кардаанд.
Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.
Заҳамоташ дар илми тоҷик бо мукофотҳои зиёд, аз ҷумла бо ордени “Шараф”, дараҷаи 2 қадр шудааст.
Ёду хотираи олими барӯманд, инсони комил Додихудо Саймиддинов дар қалби дӯстону пайвандон, шогирдон, кулли фарҳангиёни кишвар ва аҳли илму адаб боқӣ мемонад.
Бибираъно Ҷўраева,
мудири бахши
китобҳои махсус