90 сол пеш дар ин рӯз. Суқути ҳавопаймои Антуан де Сент-Экзюпери. Аз ӯ чӣ медонем?

Соли 1935 дар биёбони Либия ҳавопаймои нависанда, шоир, эссенавис ва халабони фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери ҳангоми парвоз аз Порис ба Сайгон суқут кард. Охири соли 1935 ӯ барои дарёфти мукофот дар ҳаҷми 150 000 франк дар пойгаи ҳавоии Порис-Сайгон-Порис дар мусобиқа иштирок мекард.

Рӯзи 29 декабр ҳавопаймо дар биёбони Либия суқут кард. Халабон ва механики ў Андре Превост ба муъҷизаи илоҳӣ зинда монданд. Дар рӯзи чоруми будубоши худ дар биёбон, ки аз беобӣ қариб аз ақл бегона шуда буданд, аз ҷониби як бодиягард наҷот ёфтанд.

Антуан Мари Жан-Батист Роҷер де Сент-Экзюпери нависанда, шоир ва халабони касбии фаронсавӣ 29 июни соли 1900 дар шаҳри Лиони Фаронса дар оилаи як ашрофзодаи музофотӣ ба дунё омада буд.

Маълумоти бештар дар бораи ӯ ин ҷост:

Асарҳои Антуан де Сент-Экзупери «Ҳавопаймои хаткашони ҷануб», «Парвози шабона», «Сайёраи мардумон», «Ҳавопаймои ҳарбӣ», «Мактубе ба гаравгон», афсонаи «Шаҳзодаи хурдакак» номи ўро машҳури ҷаҳон ва абадӣ гардониданд.

Афсонаи «Шаҳзодаи хурдакак»- ро Экзупери соли 1942 дур аз ватан-дар Ню-Йорк навиштааст. Ин китоб бори аввал дар ҳамон ҷо, соли 1943 аз чоп баромад.

Ҳоло «Шаҳзодаи хурдакак», ки «афсонаи бачагона барои калонсолон» аст, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудааст.

«Шаҳзодаи хурдакак»- и Антуан де Сент-Экзупери афсонаест барои калонсолон, ки бо оҳанги кўдакона, бо сабке, ки хоси фаҳмиши бачаҳост, навишта шудааст. Ақлу заковати кўдак дар содагии ўст, одамият, инсонигарии ў ҳоло гум нашудаву худ бовариро ба мардум гум накардааст.

Хушбахтона, бо кӯшиши Талъат Нигорӣ афсонаи “Шоҳзодаи хурдакак” ба забони тоҷикӣ тарҷума ва соли соли 2020 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Чанд нусха аз он дар Китобхонаи миллӣ, бахусус дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мавҷуд аст, ки хоҳишмандон метавонанд онро бихонанд.

ИН ЧАНД ИҚТИБОС АЗ ИН КИТОБ:

Баобабҳо дар аввал то калон шудан, тамоман хурданд.

****   ****

– Медонӣ, даме ки ниҳоят ғамгинӣ, тамошои нишасти офтоб аҷаб хуш аст…

****   ****

Гулҳо заифанд, софдиланд. Худро ҷасур нишон доданӣ мешаванд. Хаёлашон, ки агар хор дошта бошанд, аз онҳо ҳама метарсанд…

****   ****

Чунон сеҳромезу ноошност кишвари ашкҳо…

****   ****

Вақте ки ба осонӣ фош мешавӣ, дурӯғ гуфтан нодонист.

****   ****

Гул намехост Шоҳзода хурдакак гиряашро бинад. Вай бисёр гули муғрур буд…

****   ****

Шоҳзода намедонист, ки султонҳо ба олам бисёр сатҳӣ нигоҳ мекунанд, барои онҳо ҳамаи одамон зердаст ҳастанду бас.

– Набошад худатро фармон деҳ,-гуфт султон.- Ин аз ҳама душвор. Худро фармон додан душвортар аз он аст, ки дигаронро фармон диҳӣ. Агар худро дуруст фармон дода тавонӣ, бидон, ки ҳақиқатан оқилӣ.

****   ****

Султонҳо соҳиби чизе нестанд. Онҳо фақат ҳукмронанд. Соҳибиву ҳукмронӣ чизҳои гуногунанд.

****   ****

Мардум алакай барои фаҳмидани ҳар чиз вақт надоранд. Онҳо аз дуккон моли тайёр мегиранд. Вале дуконе, ки дӯст фурӯшад, вуҷуд надорад, бинобар ин одамон дигар дӯст надоранд.

****   ****

Инак, сирри ман. Сирри ман бисёр одист: танҳо дил доност. Чашм чизи асосиро намебинад. Танҳо дил мебинад.

****   ****

– Дар сайораи ту, – гуфт Шоҳзодаи хурдакак, – одамон дар як боғ панҷ ҳазор бех садбарг мерӯёнанду…вале он чӣ меҷӯянд, наметавонанд пайдо кунанд.

****   ****

– Вале чашм кӯр аст, бо дил бояд ҷуст.

****   ****

Агар гулеро, ки дар як ситораи дур мерӯяд, дӯст дорӣ, шабона ба осмон нигар: ҳамаи ситораҳо мешукуфанд.

Таҳия аз Б.Шафеъ