Фоҷеаи адиб-халабони фаронсавӣ Сент-Экзюпери

Сент-ЭкзюпериАсли нияти навиштани ин матлаби кутоҳ аз ҳаёти адиб-халабони маъруфи фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери ёдоварӣ аз як фоҷеае буд, ки 87 сол пеш иттифоқ уфтод. 29-уми декабри соли 1935 ҳавопаймои ӯ, ки бо хатсайри Порис-Сайгон дар ҳоли парвоз буд, дар биёбони Либия сарнагун шуд. Ҷузъиёти бештаре аз ин ҳодиса маълум нест, танҳо ин ки адиб зинда монд ва чор рӯз баъди суқути ҳавопаймо бодиянишинони Либӣ ӯро дар ҳоли ташнагии шадид пайдо ва аз марг наҷот доданд. 

Экзюпери адибе буд, ки пас аз маргаш ба қаҳрамони миллии Фаронса табдил гардид. Ва ҳодисаи маргаш низ бо гузашти даҳсолаҳо ба сурати фарзияву тахминҳо боқӣ монда. Он чизе дақиқан маълум аст, он ки 31-уми июли соли 1944 барои парвози иктишофӣ бар фарози Фаронсаи ишғолӣ шуда, дар баҳри Миёназамин ба парвоз даромад ва пас аз он дигар ҳеч гоҳ дида нашуд.

Сент-Экзюпери дар ҳикояҳои худ ба мавзӯи парвозҳоро басо ҷолиб ба риштаи тасвир кашидааст ва мунаққидони осораш ба ин назранд, ки ҳатто лаҳзаҳои хатарноки парвозҳоро касе чун Экзюпери боварибахш ба қалам наёвардааст, чун ин рӯйдодҳоро шахсан зиёд дидаву хуб медонист, ки инсонро чӣ ҳолати рӯҳие фаро мегирад.

Соли 1931 барои романи «Парвози шабона» ба ҷоизаи Фемина, соли 1939 барои романи «Сайёраи одамон» ба ҷоизаи академияи Фаронса ва барои романи «Бод, рег ва ситораҳо» ба ҷоизаи миллии китобии ИМА сарфароз гардонида шудааст.

Як сол пеш аз марги Сент-Экзюпери повест-афсонаи тамсилии «Шоҳзодаи хурдакак» дар ИМА ба табъ расид, ки ин ба нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Аксари саҳнаҳои тасвиршуда аз ҳаёти шахсии ӯ гирифта шудаанд ва маҳз ҳамин ҷанбаи тарҷумаиҳолӣ асарро бештар ҷолибу хонданӣ кардааст.

Соли 1963 романи тарҷумаиҳолии ӯ бо номи «Халабони ҳарбӣ» нашр шуд. Адиб дар ин роман аз даҳшати солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҳикоят мекунад, ки худ яке аз ширкаткунандагони он буд. Ватани ӯ Фаронса муддате дар ишғоли фашистон мондаву мардумони он ҷабру зулми истисмору ишғолро беш аз дигар ҳамсоякишварҳо медонистанд. Аммо ҷолиб он аст, ки чопи ин роман муддате дар ватани ӯ мамнуъ шуд ва он дар Амрико нашр гардид.

МАРГИ МАРМУЗИ АДИБ

Чуноне ишора рафт, зиндагии Сент-Экзюпери билохира бо фоҷеаи ҳавопаймоӣ ба анҷом расидааст, фоҷеае, ки то кунун ҷузъиёти норушан дорад. Бо гузашти даҳсолаҳо ҳанӯз марги ӯ мармуз аст ва ба фарзияву тахминҳо нуқта гузошта нашудааст. Аввалҳо ҳадс зада мешуд, ки ҳавопаймои ӯ дар кӯҳҳои Алп сарнагун шудаву худи ӯ кушта шудааст. Соли 1988 дар баҳре дар наздикии Марсел як моҳигир дастбандеро пайдо кард, ки чандин навишта дар он ҳакокӣ шуда буд. Аз ҷумла: «Antoine», «Consuelo» (номи ҳамсари халабон) ва «c/o Reynal & Hitchcock, 386, 4th Ave. NYC USA». Ин суроғаи ҳамон нашриёте буд, ки китобҳои Сент- Экзюпериро чоп мекард.

Моҳи майи соли 2000 ҷустуҷӯгар Люк Ванрел эълон кард, ки дар қаъри 70 метр шикастапораҳои ҳавопаймоеро дидааст, ки эҳтимолан мутааллиқ ба  Сент-Экзюпери буд. Ин шикастапораҳо дар наворе ба тӯли километр ва арзи 400 метр паҳну парешон мехобиданд.

Баъди ин ҳукумати Фаронса ҳар гуна ҷустуҷӯ ва таҳқиқотро дар ин бора манъ кард ва сабаби ин эълон ҳам нашуд. Саранҷом тирамоҳи соли 2003 иҷозаи ҷустуҷӯ расман дарёфт шуд. Мутахассисон шикастапораҳоро берун оварданд, ки яке аз онҳо бахше аз кобинаи халабон буд. Шумори ҳавопаймо низ рӯшан хонда мешуд:  2734-L. Бо истифода аз бойгониҳои ҳарбии амрикоӣ коршиносон ҳамаи ҳавопаймоҳои нопадидшуда дар ин солҳоро аз назар гузарониданд. Маълум шуд, ки ҳавопаймо бо рақами ёдшуда мутобиқ ба ҳамон тайёрае буд, ки дар неруҳои ҳавоии ИМА зери номи 42-68223 сабт шуда буд ва халабони он  Экзюпери буд.

Дафотири Люфтвафф (Luftwaffeунвони итлоқшуда ба неруҳои ҳавоии Олмон дар давраи Рейхи сеюм) ягон сабте дар мавриди сарнагунии ҳавопаймое дар таърихи 31-уми июли соли 1944 надоштанд. Шикастапораҳо низ аз расидани ягон тир ҳикоят намекарданд. Фарзияҳои зиёде мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ноҷӯрии техникӣ, худкушии халабон, ки гуфта мешуд он шабу рӯз Экзюпери аз афсурдаҳолӣ ранҷ мекашиду хеле парешон буд ва ҳатто фарзияи фирор аз саҳнаи ҷанг.

Дар ин ҳол расонаҳо моҳи марти соли 2008 назари як собиқадори Люфтвафф, журналист ва воқеъанигори ҷанг Хорст Риппертро дарҷ карданд, ки мегуфт маҳз ӯ бо ҳавопаймои ҷангандаи «Мессершмитт Bf.109» Антуан де Сент-Экзюпериро сарнагун карда буд. Бино ба гуфтаи ӯ адиби халабон ё шадидан захмӣ шуда буд ё кушта, ки дигар ёрои идораи ҳавопайморо надошт. Ҳавопаймо бо суръати хеле баланд амудӣ ба об фурӯ рафт ва инфиҷор ёфт. Рипперт сабаби чунин изҳори назар ва пардакушоӣ аз марги халабони адибро ба он алоқаманд донист, ки мехост ҳар гуна гумону шубаҳоти бадномкунандаи нависандаро аз миён барад ва бигӯяд, ки на, ӯ фирорӣ ҳам набуду худкушӣ ҳам накард, балки дар ҷанги ҳавоӣ қурбон шуд. Рипперт ҳамчунин гуфтааст, ки он шабу рӯз вай худ аз ҳаводорони ашадии эҷодиёти Сент-Экзюпери буд ва агар медонист, ки ин тайёраро маҳз ӯ идора мекунад, ҳаргиз ҷонибаш тирандозӣ намекард. “Ман худи халабонро надидам, вале баъдан фаҳмидам, ки ӯ Сент-Экзюпери буд”,- гуфтааст Ритпперт.

Аммо фашистон ҳамон рӯзҳо алакай медонистанд, ки халабони ҳавопаймои сарнагуншуда маҳз Сент-Экзюпери буд, на каси дигар. Онҳо инро аз гузоришоти радиоалоқае, ки аз фурӯдгоҳҳои Фаронса дастрас мекарданд, фаҳмида буданд. Ин аст, ки халабонҳои Люфтвафф ба изҳороти ҳамхидмати худ Хорст Рипперт ба назари шубҳа менигаранд ва мегӯянд вай наметавонист ҳодисаи суқути ҳавопаймо ва кушта шудани як чеҳраи матраҳро аз фармондеҳони худ пинҳон дорад.

Ба сурати умум марги навсанда-халабон  Сент-Экзюпери то ҳанӯз муаммост. Ҳатто изҳороти Ритпперт ҳам боварнакарданист, чун то кунун шаҳодате ба даст наёмадааст, ки ба ҳавопаймо тире исобат карда бошад. Дар миёни ҳамаи фарзияҳо ноҷӯрии техникӣ фарзияи ба воқеъият наздик аст.

Таҳияи Б.Шафеъ