Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 2 – уми декабр
Соли 1918 шоир ва намоишноманависи фаронсавӣ Эдмон Ростан вафот кард. Вай набераи Алексис – Жозеф Ростан, шаҳрдори Марсел дар солҳои 1830-1832 буд. Машҳуртарин асари Эдмон Ростан намоишномаи «Сирано де Бержерак» (фаронсавии Cyrano de Bergerac) буд, ки соли 1897 интишор ёфтааст. Аз рӯи ин намоишнома солҳои 1900, 1950 ва 1990 филмҳо бардоштаанд.
Соли 1939 АНОРА (Остонова Норинисо) адиб ва тарҷумони варзидаи тоҷик дар шаҳри Душанбе дида ба олам кушод. Вай соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар нашриёти «Ирфон» адои вазифа намудааст. Мудири шуъба ва ҷонишини сармуҳаррир будааст. Чанд сол муовинии раиси Кумитаи табъу нашри ҷумҳуриро бар уҳда доштааст. Чанде сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ низ будааст.
Асосан ба тарҷумонӣ иштиғол варзида, осори Е. Снегирев «Медали тилло», О. Матюшин «Ҳикояҳо дар бораи Ленин», Н. Фрид «Ҷаллод ташнаи хун аст», О. Туманян «Гунаҳкор», Р. Файзӣ «Ҳазрати Одам», Буй Дик Ай «Зане аз Бай-Шао», Б. Лопес «Шакинё», А. Лупан «Боди мухолиф», В. Нуруллин «Зиндагӣ – оби равон», В.С. Иванов «Адоват», В. Делмар «Ғарибон», Ш. Ҳусейнов «Сухани вопасин», М. Шамхолов «Хушдоман» ва ғайраро ба тоҷикӣ гардондааст.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1985), дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» (1976) буд.
29 ноябри соли 2004 аз олам даргузашт.
Соли 1944 дар Беллагио, дар синни 67-солагӣ нависандаи итолиёвӣ, шоир, намоишноманавис ва оҳангсози подшоҳии Италия Филиппо Маринетти тарки олам кард. Ӯро асосгузори футуризм, яке аз идеологҳои фашизм меноманд. Иллати маргаш сактаи қалбӣ гуфта шудааст.
Филиппо Маринетти як қатор маҷаллаҳои футуристӣ «Lacerba», «Poesia» ва нашриёти «Poesia»-ро таъсис додааст. Соли 1910 романи «Мафарка-футурист»-ро нашр кардааст.
Соли 1958 Ҷорҷ Сондерс нависандаи амрикоӣ дар шаҳри иАмарилло, иёлати Техаси ИМА таваллуд шудааст. Ӯро яке аз беҳтарин нависандагони достонҳои кутоҳ, романнавис, мақоланависи Амрико меноманд. Ў барандаи Ҷоизаи бонуфузи Man Booker дар соли 2017 барои романи “Линколн дар Бардо” (инг. Lincoln in the Bardo) мебошад. Ин китобест, ки дар сабки адабиёти таҷрибӣ ва достони таърихӣ навишта шудааст ва Ҷорҷ Сондерс соли 2017 онро ба риштаи таҳрир даровард ва моҳи феврали ҳамон сол онро равонаи бозор кард.
Соли 1985 шоири англис Филип Артур Ларкин даргузашт. Ӯро маъруфтарин шоирони нимаи дуюми садаи бистум меноманд. Нахустин китоби ӯ бо номи “Киштии Шимол” соли 1945 чоп шуд.
Соли 2021 нависанда, тарҷумон, шоир, муҳаррир ва мунаққиди илмии рус Андрей Балабуха дар Санкт-Петербург дар синни 74-солагӣ аз олам рафт. Балабуха барандаи Ҷоизаи Беляев дар соли 1993 буд.
Таҳияи Мадина Ҳамидова