Дар Китобхонаи миллӣ китобномаи Шаҳрия Аҳтамзод муаррифӣ шуд
2-уми декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷлорияи Президенти Тоҷикистон рўнамоии китобнома шоира Шаҳрия Аҳтамзод доир гардид, ки дар он зумрае аз донишмандон, пажӯҳишгарон, адибон, рӯзноманигорон ва кормандони Китобхонаи милливу хонандагон ширкат намуданд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар суханони ифтитоҳии худ як руҷӯи кутоҳе ба дастовардҳои замони истиқлол дошт ва гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии ватани азизамон – Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба мероси ғановатманди пешгузаштагон, ёди чеҳраҳои таърихӣ ва қаҳрамонони роҳи озодии миллат, шоирону нависандагон ва ҷашну анъанаҳои қадимаи миллати сарафрози тоҷик, аз самтҳои меҳварии сиёсати давлату ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ солномаҳои шоирону нависандагон, таърихнигорон ва фарзандони баруманди миллати тоҷик бо роҳнамоиҳои хоссаи Пешвои миллат таҷлил мешаванд ва дар ин росто садҳо очерку мақола, шеъру достон ва китобҳо ба нашр мерасанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ростои амалӣ гардидани ҳадафҳои наҷибонаи ҳукумати мамлакат дар самти эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ гомҳои устувор ниҳода, ҷиҳати арҷгузори ба таъриху фарҳанг ва чеҳраҳои барҷастаи халқамон нақши созгор дорад.
Сарвари Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки муассиса дар баробари хидматрасонӣ ба доираи васеи хонандагон, баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дар тарҷума ва таҳияи китобҳо ва дастурҳои методию библиографӣ фаъолияти назаррас дорад. Таҳияи дастурҳои библиографӣ оид ба рӯзгору осори шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва санаҳои муҳими таърихӣ яке аз вазифаҳои асосии Китобхонаи миллӣ мебошад, ки ин тадбир тавассути шуъбаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, хизматрасонии библиографӣ, адабиёти хориҷӣ, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ва махсусан шуъбаи библиографияи миллӣ амалӣ карда мешавад.
Профессор Файзализода дар идомаи суханронии худ аз муҳтавои дастуре, ки ҳоло муаррифӣ мешавад, ҳарф зад ва онро “натиҷаи заҳмати кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ” хонд, ки маълумоти васеъ оид ба рӯзгор, осор, пажӯҳишҳои анҷомшуда ва дигар паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти шоири ширинкалом Шаҳрияро дар бар мегирад ва бори аввал дар шакли муфассал аз ҷониби Китобхонаи миллӣ аз чоп баромадааст”.
Ҷонишини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа низ аз рўзгору эҷоди пурсамари шоира ёдовар шуд. Ў иброз дошт, ки “имрўзҳо яке аз рўзҳои муваффақтарини Шаҳрия ҳастанд. Худашон бевосита ба эҷодиёти худашон ошно шуданд, ки ман дар ин қадар солҳое, ки зиндагиву эҷод кардам, чӣ навиштам. Ёдам ҳаст бори аввал бо эҷодиёти Шахрияи Аҳтамзод дар рўзномаи Бадахшони советӣ бо пешгуфтори устод Ширин Бунёд ошно шудам. Орзу мекардам, ки мисли ҳамин кас шеър гуфта тавонаму муаррифӣ шавам. Хушбахтам, ки ин кас яке аз дастпарварони маҳфили «Бадахшон» –и Ширин Бунёд ҳастанд”.
Дастури мазкур маҷмўаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии шоираи ширинкалом Шаҳрияи Аҳтамзодро дар бар мегирад, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ таҳия шудааст. Маҷмўа дар Нашриёти «Меҳроҷ Граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми 124 саҳифа аз чоп баромад ва пешгуфтор, ду қисми асосӣ ва кўмакфеҳристҳоро дар бар мегирад.
Дар қисми аввали маҷмўа афкору андешаҳои олимону адибон, порчаҳои шеърӣ марбут ба зиндагинома ва фаъолияти пурсамари адибаи шинохта ва мусоҳибаи рўзноманигор Одили Нозирро бо Шаҳрия Аҳтамзод дар бар мегирад.
Дар қисми дуюми маҷмўа китобномаи шарҳиҳоли Шаҳрия Аҳтамзод ҷой дода шудааст, ки он фарогири номгўи осори назмию насрии шоира ва мусоҳибаю асарҳои таҳиянамудаву таҳриркардаи ў мебошад. Ҳамзамон дар ин қисм номгўйи адабиёти чопию электронии марбут ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии шоира шомил шудаанд.
Дастури мазкур маводди чопию электронии солҳои 1975-2022 нашршударо низ дар бар мегирад. Он дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб-сайтҳои Интернет таҳия шудааст.
Дастури мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ Наргис Валиева, Зафар Ғолибов, Истампулод Ормонов мураттаб шудааст. Муҳаррир Шариф Комилзода ва пажўҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Ҳусния Назарова ва Дилороҳ Сайдамирова мебошанд.
Дар рӯнамоии китобномаи Шаҳрия Аҳтамзод Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёт ба номи А. Рўдакии АМИТ Беҳрўзи Забеҳуллоҳ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар охир шоираи маъруф Шаҳрия Аҳтамзод ба роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ барои ибтикор ва заҳамоташон дар таҳия ва чопи ин китобнома изҳори сипосу қадрдонӣ намуд.
Гуфтанист, ки шоираи ширинкалом, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода яке аз он қаламкашони тоҷик мебошад, ки бо шеъраш дар байни мардуму хонандагонаш маъруфият пайдо кардааст, ва пайваста мекўшад, ки барояшон шеърҳои дилнишин эҷод намояду хотирашонро болида гардонад.
Раҳима БОБОЕВА,
шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.