Сипосномаи раиси шаҳри Ҳисор ба Китобхонаи миллӣ

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ирсоли як Сипоснома ба роҳбарияти Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон барои баргузории рӯнамоии китоби “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик” изҳори ташаккур кардааст. Ин китоб соли ҷорӣ дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд  бо ибтикор ва эҳтимоми Қосим Роҳбар нашр шудааст ва рӯзи 28-уми ноябр дар доираи мизи мудаввар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррфӣ гардид.

Дар ин мизи мудаввар зумрае аз донишмандон, муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Қосим Роҳбар дар сипоснома навиштааст: “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои фаъолияти пурсамар ва ташаббусу ибтикорот дар рушди илму адабиёт ва фарҳанг, саҳми муносиб гузоштан дар тарғибу ташвиқи ғояҳои маорифпарварона ва фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин барои ҳамкории пурсамар бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар муаррифии китоби “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик” сипосгузорӣ менамояд”.

Бунафша РАҲМОНОВА,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти ҶумҳурииТоҷикистон.