«Эрон: тафсири таърихӣ». Китоби Бартолд, ки Китобхонаи миллӣ чоп мекунад

Василий Владимирович Бартолд Василий Владимирович Бартолд (1869-1930) аз зумраи машҳуртарин шарқшиносоне ба ҳисоб меравад, ки дар тӯли ҳаёти хеш талош намудааст, то таъриху фарҳанги халқҳои Осиёи Миёнаро мавриди пажӯҳиш қарор диҳад ва метавон гуфт, ки аз зумраи пурмаҳсултарин муҳаққиқони замони хеш буд. Таҳқиқоти В.В. Бартолд бештар ба чунин шохаҳои шарқшиносӣ, ба монанди арабшиносӣ, исломшиносӣ, таърих, адабиётшиносӣ ва ғайра бахшида шуда, аҳамияти баланди илмӣ доранд. Бояд эътироф намуд, ки дар таърихи шарқшиносии ҷаҳон академик В.В. Бартолд мақоми намоён дошта, таҳқиқоту осораш дар илми ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Бинобар ин академик В.В. Бартолдро метавон падари маънавии шарқшиносони ҷаҳон номид.

Дар доираи зиёда аз 700 осори Бартолд, ки ба мо омада расидаанд, таҳқиқот дар бораи Осиёи Миёна ва Туркистон, инчунин Эрон мавқеи намоёнро ишғол менамоянд.

Яке аз осори баландпояи В.В. Бартолд, ки махсус ба омӯзиши Эрон ва таъриху фарҳанги он аст – ин «Иран: исторический обзор» («Эрон: тафсири таърихӣ») ба шумор меравад, ки соли 1926 дар Тошканд бо забони русӣ аз рӯи дастхати муаллиф рӯи чоп омад. Ҳарчанд аз замони нашри ин асар қариб як аср гузашта бошад ҳам, он то мо аҳамияти таърихии хешро гум накардааст ва дар миёни таҳқиқоти В.В. Бартолд ва осоре, ки ба омӯзиши таъриху фарҳанги эронӣ бахшида шудааст, мавқеи назаррас дорад.

Чӣ тавре, ки ношири дастхати китоби мазкур доир ба нашри он зикр менамояд: «ибтидо қарор буд, ки таҳқиқоти мазкури академик В.В. Бартолд, дар силсилаи нашриёти махсуси «Илм ва Мактаб» («Наука и Школа») ба нашр расонида шавад, ки дар ҳамин ҷо асари муаллифи мазкур «Ҷаҳони ислом» («Мусульманский мир») соли 1922 ба нашр расида буд». Аммо бо сабаби қатъ гардидани фаъолияти нашрияи «Илм ва Мактаб» ин асар низ чоп нагардид. Сипас, факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна бо розигии муаллиф қарор карданд, ки «Эрон» дар нашри алоҳида бо истифода аз ҳамкории моддии дӯстонаи «Ҷамъият барои омўзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии хориҷ аз он» ба нашр расонанд. Хотиррасон менамоем, ки ҷамъияти мазкур аз зумраи аввалин ташкилотҳое ба ҳисоб мерафт, ки самти фаъолияти он ба омӯзиши этнографияи халқҳои тоҷик ва эронӣ равона гардида буд.

Ҳамин тавр, «Иран: исторический обзор» ё худ «Эрон: тафсири таърихӣ»-и В.В. Бартолд новобаста аз арзиши баланди илмии худ танҳо як маротиба, соли 1926 дар Тошканд ба нашр расид ва то имрӯз мавриди истифодаи умум қарор дорад.

СОХТОР ВА МУНДАРИҶАИ АСАР
Василий Владимирович Бартолд

Асари мазкур дар ҳаҷми 125 саҳифа ба нашр расида, дар ибтидо сарсухан «аз ношир»-и ҳамин китоб оварда шудааст. Сипас муқаддимаи муаллиф баён гардида, дар идома асар панҷ боби алоҳидаро дар бар гирифтааст.

Дар боби якум «Нақши эрониҳо, Эрон ва фарҳанги эронӣ дар таърихи ҷаҳон» мавриди таҳқиқи муаллиф қарор гирифтааст, ки ҷойгоҳи фарҳанги Эрони форс аз ҷониби муаллиф дар таърихи башар ниҳоят равшан баён ёфтааст. Муаллиф аз ҷумла мефармояд, ки «масъалаи таърихӣ дар бораи эрониҳои хориҷ аз Эрон бо масъалаҳое, ки тавассути забоншиносӣ ва қисман маводи бостоншиносӣ ҳал мегарданд алоқаманд аст: дар бораи нахустватан, самти ҳаракати ҳинду-аврупоиҳо, ориёиҳо ва эрониҳо, инчунин дар бораи он, ки кадом халқиятҳое, ки номи онҳо ба мо маълум аст, бояд ба эрониҳо марбут бошанд». Дар омӯзиши ин боб муаллиф нуқтаи назари бисёре аз олимонеро, ки дар таҳқиқи ин мавзӯъ ибрози андеша намудаанд, инчунин маводи бостоншиносие, ки аз минтақаҳои гуногуни дунё, махсусан аз Осиёи Миёна дар натиҷаи кашфиёти бостоншиносӣ пайдо гардидаанд, зикр намуда, доир ба пайдоиши истилоҳи «Эрон», «эронӣ», «ориёӣ», инчунин пайдоиш, рушд ва таъсири динҳои эронӣ ба динҳои дигар, ташаккули давлатдории эронӣ ва аҳамияти он дар таърихи башарро аз замони империяи Ҳахоманишиҳо то зуҳури ислом ва рушди он дар мамолики Мовароуннаҳру Хуросон таҳқиқоти васеъ анҷом додааст. Махсусан дар бораи пайдоиши забонҳои эронӣ ва суғдӣ, оилаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ маълумотҳои муътабар ва муфассал овардааст.

Боби дуюми асари худро муаллиф ба «Ҷуғрофия ва этнографияи Эрон» бахшидааст. Дар қисми аввали он муаллиф ҷуғрофияи Мовароуннаҳру Хуросонро мавриди таҳқиқи густурдаи хеш қарор дода, дар тавсифи он аз ҷумла мефармояд: «шароитҳои табиию ҷуғрофии диққатҷалбкунанда дар манотиқи шарқ дар умум барои рушди хоҷагидорӣ… бисёр мусоид мебошанд». Дар ҷойи дигар истилоҳоти ҷуғрофиёии минтақаро шарҳ дода, таъкид намудааст: дар замони муосир ба номи шаҳри Балх, ҷиҳати маънидод намудани дарёи он калимаи «об» ҳамроҳ кардаанд, ки «Балхоб» ҳосил мегардад». Балхоб (форсии он – بلخاب) дар музофоти Сарипули Афғонистони имрӯза ҷойгир аст.

Дар боби сеюм «Адабиёти таърихӣ бо забони форсӣ» таҳлил ва баррасӣ гардидааст, ки осори хаттии давраи тоисломии Эрон ва давраи зуҳур ва павҳншавии ислом дар Эронро дар бар мегирад. Муаллиф асри XI-ро асри тиллоии адабиёти форс номидааст. Дар асри XI сулолаи Ғазнавиён ҳукмронӣ намуда, тамоми паҳлӯҳои таърихи он имрӯз низ возеҳу равшан аст, ки шаҳодати гуфтаҳои болост.

Боби чоруми ин асар «Таҳқиқоти аврупоиҳо дар бораи таърихи Эрон ва фарҳанги эронӣ»-ро дар бар мегирад, ки назари олимони аврупоиро аз омӯзишӣ таърихи ҷаҳони атиқа (таърихи ҷангҳои байни юнониҳову форсҳо) то ибтидои асри XX дар бар мегирад.

Боби панҷуми асар дар бораи «Таҳқиқотҳои русӣ» маълумот медиҳад. Дар ин росто муаллиф таъкид менамояд, ки новобаста аз камшумор будани шарқшиносон дар самти таърихи Эрон, омӯзиши забон ва адабиёти Эрон дар шарқшиносии рус мавқеи назаррасро ишғол менамояд.

Дар охири китоб номгӯи истилоҳоти кӯтоҳкардашуда оварда шуда, бо ҳамин таҳқиқот ҷамъбаст мегардад.

Албатта, шарҳ ва баъзе тавзеҳоте, ки аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо дар зикри мундариҷаи ин асари бузург гузашт, дар қатори таҳқиқоте, ки муаллифи асар В.В. Бартолд дар он анҷом додааст, бисёр нокифоя ва ночиз аст. Инчунин дар ин доира қобили баён нест. Бинобар ин таъкид менамоем, ки барои дарёфти маълумоти бештар хонандаро зарур аст, то ба он муроҷиат намояд.

Асари мазкур барои пажӯҳишгарони самти таърих, фарҳанг ва адабиёти Эрон аз аҳамият холӣ нест.

Хулоса, ин асар аз ҷониби кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ тарҷума гардида, дар назар аст ба наздикӣ нашр ва пешкаши ҳаводорони соҳа гардад.

Шамсулло АМИНЗОДА,
сармутахассиси Маркази
«Тоҷ
икшиносӣ».