Ман ва роҳбари ман. Чаро хостам дар бораи профессор Файзализода бинвисам?
Дар бораи роҳбар навиштан чандон кори осоне ҳам набудааст. Гумон мекардам, дар баробари қалам ба даст гирифтан дар бораи устод Ҷумахон Файзализода, ки инак ҳудуди се сол аст сарварии Муассисаи давлатии “Китобхонаи милӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро ба уҳда доранд, чанд сатр менависам. Вале дар андешаҳо хато карда будам. Дар бораи шахсе, ки на танҳо чун роҳбар эҳтиромаш мекунам, балки чун инсон дӯсташ ҳам медорам, навиштан коре буда мушкил.
Дар бораи профессор Файзализода аслан чӣ медонам? Моҳи феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари ин даргоҳи маърифат таъин гардид. Ӯ аз аввал накў дарк намуд, ки дар суннати қадимаи китобдорию китобхониамон марҳалаи ҷадиди таърихӣ оғоз меёбад ва шароити бавуҷудомада ба сурати тоза ва мазмуну муҳтавои нав кор карданро тақозо менамояд. Замон дигар аст, арзишҳо тағйир меёбанд, хонанда ҳам дигар аст. Ду даҳсолаи бехабариву ноогоҳӣ аз фарҳангу тамаддуни миллат пушти сар мешавад ва мардум батадриҷ рӯ ба китоб меоранд. Ҳамзамон бо ин шеваи китобхониҳо дигар мешавад. Манбаъҳо тағйир меёбанд, меафзоянд. Дигар китобхонаҳо ягона кохи маданияту фарҳанге нестанд, ки кулли бойгониро дар ихтиёр дошта бошанд. Садҳо манобеъи дигари электронӣ арзи вуҷуд кардаву мардумро ба худ мехонанд. Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз мебояд донишмандона амал намуд. Воқеъиятро ба назар гирифт ва илова ба дари китобҳо хаттӣ дари китобҳои электрониро ҳам боз намуд.
Аммо ин як бахши фаъолият буд. Роҳбари нав бо он донишу малакае, ки дошт, баъди омӯзиши вазъ даст ба кор шуд. Дар як муддати кутоҳ тамоми самту фаъолияти Китобхонаи миллӣ рў ба дигаргунӣ овард. Ҷалби олимон ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ боиси мувафақиятҳои Китобхонаи миллӣ гардид. Чандин ки тоби нав аз силсилаи “Тоҷнома” нашр шуд ва чопи китобҳои дигар дар дастури корӣ қарор гирифт.
Бо сарварии роҳбарият ва нерўи кормандони боргоҳи бузурги маърифат соли 2021 «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» таҳия гардид ва онро Ҳукумати Тоҷикистон 3 декабри соли 2021 бо қарори худ таҳти №515 тасдиқ намуд. Талошҳо ҷиҳати таҷдиди фарҳанги китобхонӣ, танзими хидматрасониҳо, такмили китобхонаи электронӣ ва дигар василаҳои ба марҳилаи нави рушд воридшавии китобдории ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгў тадриҷан фароҳам меомаданд. Ба фаъолият оғоз кардани сомонаи Китобхонаи миллӣ бо диди наву дизайни нав ва бо ду забон яке дигар аз дастовардҳои беназири роҳбари нави Китобхона ба шумор меравад. Аммо ҳамин як тағйирот худ бояд мавзӯи як мақолаи таҳлилии дигар бошад, чун сомонаи имрӯзаи Китобхонаи миллӣ танҳо як сомонае нест, ки аз дастоварду баргузории чорабиниҳои китобхона нақл кунад. Он худ ба батадриҷ ба як пойгоҳи боэътимоди таблиғи сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар табдил меёбад, ки дар ин роҳ саҳми профессор Ҷумахон Файзализода калон аст.
Китобхонаи миллӣ ба як маркази муҳими маъракаю чорабиниҳои фарҳангию илмӣ табдил шуд, дар толору маҷлисгоҳҳои барҳавои он ҳамоишҳои мухталиф, вохўриҳои ҷолиб бо одамони наҷиб, маҳфилҳои гуногун, конфронс ва семинарҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баргузор шуда, дар тарғиби сиёсати фарҳангии давлат саҳм мегузоранд. Вале муҳим он аст, ки дар саргаҳи фаъолияти бузургтарин кохи фарҳангии миллат истода, мақомоти роҳбарии он як фазои хубу озоди корро ба вуҷуд оварда тавонист, бистари муносибе барои фаъолиятҳои фарҳангӣ фароҳам сохт.
Китобхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омўзишӣ ҷойгоҳи воқеъиашро дарёфт, корҳои назаррасе ҷиҳати баровардани ниёзҳои рўзафзуни хонандагон, баррасии равишҳои ҷадиди китобдорӣ, беҳбуди хадамоти библиографӣ, боло бурданиии стандартҳои китобдорӣ, шеваҳои ҷадиди гирдоварию ҳифзи манобеъ, беҳбуди мубодилоти мадорик бо китобхонаю созмонҳои хориҷию байналмилалӣ ва ғайра анҷом дода шуданд. Ҳар хонандае, муштоқи илму фарҳанг аз хони вуҷуди пурбаракати кохи беҳашамат луқмаи маърифат мегирад.
Барномаи ғанигардонии фонди Китобхонаи миллӣ ва китобхонаҳои ташкилоту муассисаҳо, шаҳру ноҳияҳо яке дигар аз талошҳои Ҷумахон Файзализода барои татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи китобдорист. Ҳар моҳ садҳо адад китобҳо аз фонди Китобхонаи миллӣ ба китобхонаҳои ноҳиявӣ ирсол карда мешаванд. Барои харидани китобҳои нав, дастхатҳо ва нусхаҳои қаламӣ ҳазорон сомонӣ аз буҷаи давлат масраф мешавад, ки бешак бойгонии китобҳои Китобхонаи миллиро ғанӣ ва рангоранг мекунад.
Наметавонам аз хислатҳои инсонии устод Файзализода чанд ҳарфе нагӯям. Ҳар қадар меандешам ба ҳамин хулоса меоям, ки профессор Файзализода бидуни шак пайрави содиқи Пешвои миллат ва равандаи роҳу таҳсилкардаи мактаби роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар ин мактаб ба наздикиву қаробат бо мардум афзалият дода мешавад. Пешвои миллат ҳар ҷо сафаре мекнанд, бо мардуманд, бо рӯзгорашон аз наздик ошно мешаванд, ба арзашон мерасанд. Ва коре, ки дар ин самт Ҷумахон Файзализода анҷом медиҳанд, татбиқи ҳамин сиёсати мардумпарварии Сарвари давлат аст. Дари ӯ доим ба рӯи кормандон боз аст, рӯзи хоси қабул надорад, ҳар вақте касе ба чӣ ниёзеву арзе ояд, бечуну чаро қабулаш мекунад, ба арзаш гӯш медиҳад.
Аз ҳар идеяи созанда пуштибонӣ мекунад ва барои татбиқи амалии он чораҳои фаврӣ мебинад. Ӯ, ки худ олим аст, бештар талош мекунад ҷавонони Китобхона дар баробари фаъолиятҳои ҳамарӯзӣ боз ба корҳои пажӯҳишӣ саргарм шаванд. Барои касоне, ки рисолаҳои номзадӣ ҳимоя мекунанд, 3 ҳазор сомонӣ ҷоиза эълон кард, ки мудири шуъбаи котиботи Китобхонаи миллӣ Ҳадятуллоҳи Амриддин аввалин дарёфткунандаи ин ҷоиза буд. Ва дар кулли ҷаласоти китобхона ба кормандон рӯ меорад ва даъват мекунад, ки вақти азизро сарфи корҳои беҳуда накунанд, ба корҳои илмӣ дода шаванд, пажӯҳиш кунанд, ба рушди илми тоҷик ҳисса гузоранд. Ва таъкид мекунад, ки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ аз ин гуна иқдомҳо пуштибонӣ мекунад ва ҳама шароитро барои пажӯҳишгарон фароҳам меорад.
Директори Китобхона ҳамеша дар фикри беҳбудии шароити зиндагии кормандон аст. Дар ҳар иду айём вобаста ба шароит дасти дармондагонро мегирад, ба ятимхонаҳову хонаҳои бепарасторон кумакҳо равон мекунад, маъюбонро сурооғ мекунад. Аз тариқи Шуъбаи хидматрасони ба афроди дорои имкониятҳои маҳдуд бо ҷалби созмонҳои хайрия барои маъюбон маҳфилҳои хотирмон ташкил мекунад ва бо туҳфаҳо хотири онҳоро болида месозад.
Замоне, ки ин сатрҳоро менавиштам, дар Китобхонаи миллӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷараён дошт ва Ҷумахон Файзализода беш аз ҳар рӯзи дигар серташвиш буд. Дар баргузории ин озмун ӯ ҳам яке аз масъулон аст ва ҳам мизбон. Ӯ аз толор ба толори дигар меравад ва ҳар камбудие ба чашмаш мерасад, зуд пайи ислоҳаш дастур медиҳад. Соли чорум аст, ки даври ниҳоии озмун дар Китобхонаи миллӣ баргузор мешавад ва бори сеюм аст, ки дар замони сарварии ӯ ин чорабинии муҳим доир мегардад. Аз сол ба соли дигар омодагиҳо ба пазироии меҳмонон, довталабон, ҳайати ҳакамон пухтатар мешавад, камбудиҳои соли пеш дар соли оянда ислоҳ мешаванд, дигар дар қиёс ба солҳои пеш ҳам ҳакамон роҳаттар довталабонро гӯш мекунанд ва ҳам волидону устодони онҳо хубтар аз қабл посухҳоро мебинанду мешунаванд ва ба шаффофияти озмун беш аз ҳар вақти дигар бовар мекунанд.
Шеваи роҳбарии ӯ худ мактабест барои мо, барои касоне, ки оянда мехоҳанд роҳбар бошанд. Ӯ ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар ба ҷавонон такя мекунад. Мебинад, ки дар ин боргоҳ ҷавонони лаёқатманд зиёданд, вале таҷрибаи роҳбарӣ надоранд. Бе ҳарос онҳоро таъин мекунад ва ҳамроҳашон кор мекунад ва ҳамзамон меомӯзонад.
Дар чунин шароит бо шарофати тадбирҳои мушаххасу ҳадафманд ва пайгиронаи устод рушди фаъолияти соҳаи китобдорӣ шўълаи умедаш фурузонтар гардида, ба ҷавҳару пайкари бани башар пайвади қавӣ ва абадӣ пайдо мекунад.
Валиев Ҷамил – корманди Китобхонаи миллӣ