Муҳриддин Сабурӣ: Бачае, ки осори устод Айниро нахондааст, руйхаташ комил нест!

Муҳриддин-СабурӣДар охирин рӯзи озмуни ҷумҳуриявииФуруғи субҳи доноӣ китоб астбо мудири бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аъзои ҳакамони озмун дар номинаи адабиёти кӯдакон Муҳриддин Сабурӣ гуфтугӯ анҷом додем:

Шумо дар соли гузашта низ дар озмун довари адабиёти муосир будед ва бо фазову руҳияи он мустақим ошноӣ доред. Ҳоло, ки озмун ба поён расид, бардоштҳо чӣ гунаанд?

– Озмун назокат дорад. Соли гузашта бештар дар ноҳияҳо довар будам. Имсол боз бо даъвати роҳбарият дар даври ҷумҳуриявӣ шарафи доварӣ насибам гашт.

Аз ҳудуди шаҳру ноҳияву вилоятҳо дар озмун ҷойҳо муқарар мешаванд.  Хулосаи ман ин аст: дар аксари минтақаҳо барои ҳар бахше ба 5 нафар ҷо дорем, албатта он 5 ҷой дар аксари минтақаҳо соҳибони худро ба дурустӣ намеёбанд. Ба хотире, ки ҷойҳо холӣ намонанд, аъзои ҳакамон маҷбур мешаванд, барои пур кардани ҷо бачаҳоеро, ки шояд барои дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат кардан ҳанӯз омода нестанд, ҷой диҳанд. Ба ин восита то сатҳи ҷумҳуриявӣ мерасанд. Ҳамин кор аслан аз шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мешавад. Яъне ҷойҳо пур мешаванд ба хотири холӣ намондан. Акнун худатон қазоват кунед. Табиист, ки дар як номина агар сад довталаб бошад, 60- тои онро беҳтарин гуфтан мумкин аст, ки воқеан аз ҳамон ноҳия, вилоят ҳаққи ҳалол гузашта омадааст. Дар мавриди дигарон чизе намегӯем. Албатта ҳар касе ки як китобро варақ мезанад, китобхон аст, аммо талаботи озмун чизи дигар аст, аз ин дидгоҳ бояд баҳо диҳем.

Медонам имсол бачаҳое буданд, ки тӯли 2-3 сол аст, ки заҳмат мекашанд, то даври ҷумҳуриявӣ рақобат мекунанд, муваффақ намешаванд, бармегарданд. Нишони он аст, ки муҳаббате ба хондан, ба китоб доранд. Касоне, ки дар сатҳи баландтар нестанд, 40 дарсаданд, онҳо бори аввал ба ин озмун омаданд, бо муҳит ошно шуданд, диданд, ки талаботи озмун чӣ гуна аст.

-Таҷриба ҳам меомӯзанд, далертар мешаванд…

 Албатта. Шумо шоҳид бошед, соли оянда онҳо меоянд, чанд зина болотаранд.

-Пас озмун тавонист ишқи китобро дар дили мардум ҷо кунад?

– Сад дар сад. Рисолати озмун ҳамин аст, ки ин бачаҳоро зина ба зина раҳнамоӣ карда истодааст. Бача аз як марҳила ба марҳилаи дигар мегузарад, вақте дармонд, соли дигар мехоҳад худро ислоҳ кунад. Ин муҳим аст.

Номинаи озмуне, ки шумо яке аз ҳакамаш ҳастед, чӣ тафовут бо солҳои пешин дошт?

 – Бо бовар гуфта метавонам, ки озмуни имсол аз солҳои гузашта хеле мутафовит аст. Каму костие, ки дар корҳои бисёр бачаҳо ба чашм расид, омода кардани маводд аст, маводде, ки ҳанӯз аз рӯи низомнома тартиб дода намешавад. Бачае кадом шоир ё нависандаи маҳаллашро дар руйхат ворид мекунад. Аммо касоне, ки дар ин озмун иштирок мекунанд, беҳтар аст, ки аз рӯи низомнома кор кунанд. Чунки аз чанд довталаб асарҳои мутолианамудаашро пурсидем, номи чанд шоиру нависандагон мегиранду мегӯянд “аз фалон фалон шоиру нависанда ва ғайра”. Мепурсам “…ва ғайра” кист? Аз “….ва ғайра” –ро сарфи назар кунед ва аз рӯи рӯйхати низомнома шеъру достону ҳикояву қисса хонед, муваффақед.

Назаратон дар бораи низомнома. Оё асарҳои арзандатар ва нависандаву шоирони аз он ҳам беҳтар вуҷуд дорад, ки ворид карда шавад солҳои баъд?

– Бо низомнома шиносам, беҳтарин шоиру нависандагони мо, ки суханашон дар сатҳи болост, арзиши баланди адабӣ дорад, дар низомнома ворид шуданд. Ҳеҷ шоир ва нависандае, ки хуб аст ва суханаш арзиш дорад, аз низомнома берун нест.

Мисолҳое, ки доварон аз низомнома меоранд ва муддаӣ ҳастанд, чанд намунаашро дидам ва шумо шоҳид ҳастед, ки гаштаву баргашта аз онҳо мепурсидам ин шеърро аз кӣ хондӣ, ин қиссаро кӣ навишта буд. Онҳо номҳоеро мегуфтанд, ки барои ҷомеа ҳатто ошно нест, шояд ӯро дар маҳалли худашон шиносанд.

-Нарасидани китоб мушкили аслӣ барои давталабон гардидааст.

 – Дар воқеъ. Нависандагону шоироне дорем, ки барои бачаҳо менависанд, аммо дасташон барои чопи бештари китобҳояшон намерасанд. Соле нест, ки як шоир ё нависандаи бачаҳои мо як китоб чоп накунад. Аммо он китоб чанд нусха нашр мешавад? 100-200 ё 300 адад. Ин китобҳо меоянд ба Китобхонаи миллӣ ва чанд китобхонаи шаҳр. Боз агар равад чанд китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо. Аммо инҳо барои он қадар хонандаҳое, ки дорем, дастрас нестанд. Китобҳое, ки дастрас мешаванд, аз кадом ҳисоб аст? Аз тарафи ягон ширкати тиҷоратӣ, лоиҳа мунташир ва ба тамоми гӯшаву канори кишвар дастрас мешаванд. Бовар мекунед рӯйхати аксари ин бачаҳоро дидам, китобҳоеро дар он ҷо доданд, ки ҳамвазни китобҳои нависандагони бачаҳои мо мисли Абдумалик Баҳорӣ, Абдулҳамид Самад, Абдусалом Деҳотӣ, Акобир Шарифӣ ва Гулназар Келдӣ (инҳо ҳам барои бачаҳо навиштаанд) нест.

Бачае, ки осори устод Айнӣ, Пӯлод Толис, Абдулмалик Баҳорӣ ва Акобир Шарифиро нахондааст, рӯйхати пешниҳодкардааш комил нест. Гуноҳи онҳо нест. Чун хеле аз онҳо имкони омада дар Китобхонаи миллӣ китоб хонданро надоранд.

-Пас роҳи ҳал кадом аст? 

– Беҳтарин асарҳои бачагонаамонро бо теъдоди бисёр бознашр кунем ва сари роҳи баъзе нависандагони ҳаваскорро бигирем. Ин тавр хеле пешрафт хоҳем кард.

– Кадом асар ё нависандаро дар рӯйхати низомнома мехостед ворид кунед?

Тамоми асарҳои адабиёти бачагонаро, аз устод Айнӣ то солҳои 1980 бознигарӣ кунем ва аз миёни онҳо беҳтарин асару достонҳои нависандагонамонро рӯи об барорем. Онҳо он қадар асарҳои хубу арзишманд, тарибявиву ахлоқӣ ҳастанд, ки имрӯз як нависандаи ноошно дар сатҳи онҳо буда наметавонад. Нависандаи бачаҳо кам дорем, бовуҷуд ба онҳое такя кунем, ки барои бачаҳо чизе гуфта тавонанд.

-Имсол 69,7% бонувон ширкат варзиданд? Чаро?

–  Намедонам. Ба ин суол ҷавоб надорам, чунки худамон ҳам дар ин бора дар толор фикр кардем, ҳайрон шудем. Навбати писаре мешуд, хурсанд мешудем, ки хайрият дар байни ин қадар бону як бача ҳам будааст.

Як бори дигар низомнома бознигарӣ шавад, шояд андешаҳоямро дар сурати мақола ироа кунам.

Литсею гимназияҳои мо аз ҳар нигоҳ шароити хуб доранд, бо ҳама чиз таъминанд, дастрасанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки тамоми рӯз дар паи тадрисанд. Бачаҳое, ки аз кӯҳистон меоянд, ин имкониятро надоранд, банди корҳои хоҷагиву корҳои дигаре ҳастанд, ки пеши роҳашонро мегиранд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои масъули баргузории озмун инро ба назар гиранд.

Раҳима БОБОЕВА.