Омори ҳафта: Пазироии ҳудудан 5 ҳазор хонанда дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ
Ҳафтаи гузашта шумори аъзои нави Китобхонаи миллӣ 415 нафар афзуд ва дар қиёс ба ҳафтаи қабл 259 нафар бештар соҳиби корти Китобхонаи миллӣ шуданд.
Толорҳои хониши Китобхона ҳафтаи гузашта мизбони 4941 хонанда буданд. Онҳо 5418 китоб дархост карданд. Ҳафтаи сипаришуда 2350 нафар бештар ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд ва дар қиёс ба як ҳафтаи қабл 1900 китоб зиёдтар дархост намуданд.
Дар ин фасли сарди сол Китобхонаи миллӣ беҳтарин макони мутолиаи китоб аст. Толорҳо гарманду тозаву озода ва кормандон камарбаста барои хидмат ба хонандагон. Барои як донишҷӯ магар аз ин беҳтар шароит лозим аст?
Ҳоло, ик дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар мавсими омодагӣ ба имтиҳону санҷишҳост, беш аз ҳар вақти дигар толорҳои хониш пуродаманд. Баъзе рӯзҳое дар давоми ҳафта буданд, ки ба мушкил ҷой пайдо мешуд.
Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ беш аз ҳар вақти дигар талош мекунад дар ин рӯзҳо хонандагон аслан беҷой намонанд ва китоби дархосткардаи худро сари вақт дастрас кунанд, то вақташон зоеъ наравад.
Абдуғаюр САЛОМОВ.