Сергей Есенин: Дар ин зиндагӣ мурдан чандон тозагӣ надорад…Асрори марги шоири маъруф
28-уми декабри соли равон ба марги яке аз бузургтарин ва пурхонандатрин шоирони рус Сергей Есенин 97 сол пур мешавад. 97 сол пеш дар чунин рӯзе хабари марги шоири м аъруф саросари Русияро такон дод. Ҳазорҳо мухлисону ҳаводорони шеърашро дар сӯг нишон.
Бо гузашти ин ҳудудан 100 сол ҳам ҷузъиёти марги шоири шинохта мавриди баҳсу баррасиҳост. То кунун ба ду фарзия: худкушӣ ва қатл нуқта гузошта нашудааст, ҳарчанд аз оғоз ин фоҷеа худкушӣ эълон шуд ва фарзияи қатл ё бар асари латукӯбҳо ба ҳалокат расидани шоир баъдҳо, пас аз омӯзиши расмҳои рӯзҳои аввали марг пайдо шуд ва то кунун ҳам он идома дорад.
Есенин замоне тарки олам кард, ки беш аз 30 сол надошт. Ва марги мармузаш ҳам дар меҳмонхонае воқеъ дар шаҳри Ленинград, ҳоло Санк-Петербург иттифоқ уфтод. Чӣ ӯро маҷбур кард, ки даст ба худкушӣ занад, низ аз баҳсҳои анҷомнашудаест. Ҳарчанд мегӯянд афсурдаҳоливу руҳафтодагӣ ӯро ба чунин ҳол афканд.
Сергей Есенин соли 1916 баъди нашри аввалин маҷмуааш бо номи «Радунитса», ҳамчун шоири асилу тасвиргаро шинохта шуд. Худи ӯ навишта буд: «Шеърҳои ман ба мардум таассуроти калон бахшиданд. Маҷаллаҳои беҳтарини он замон эҷодиёти маро нашр карданд ва тирамоҳ китоби аввалини ман «Радунитса» пайдо шуд, дар бораи вай бисёр навишта шудааст. Ҳама якдилона гуфтанд, ки ман боистеъдод ҳастам. Ман инро аз дигарон беҳтар дарк мекардам.”
Солҳои 1920 Есенин бо беҳтарин ашъори ошиқона ва силсилаи шеърҳо барои модар, ки баъдҳо дар адабиёти на танҳо рус, балки дигар халқҳои Шӯравӣ таъсир гузошт, ном баровард. Ва исми худро чун беҳтарин шоири на танҳо замони худ, балки барои замонҳо и оянда абадан сабт кард.
Шеърҳои Сергей Есенин хеле зиёд ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Як маҷмуа бо номи “Гулафшон” низ аз бо тарҷумаи хеле хуби устодони шеър Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир таҳия ва чоп шуда буд.
МАРГИ МАРМУЗ: КУШТА ШУДАН Ё ХУДКУШӢ?
Дар бораи марги шоир ду фарзия ҳамоно мавриди баҳсу баррасист. Яке худкушии Есенин ва дигар он ки ӯро куштаанд. Фарзияи аз ҷониби афроди номаълуми шӯрапушт кушта шудани Есенин то дергоҳ вуҷуд дошт ва ҳоло ҳам аз он мегӯянд. Ин нукта ҳам таъкид мешавад, ки Сергей Есенин дар наврасиву ҷавонӣ ҷанги тан ба танро машқ кардаву ҳамеша худро аз дастаҳои авбош ҳимоят мекард ва захмҳову харошҳои баданаш, ки рӯзи фавташ дида шуд, ба ҳамин ишора мекард. Ҳатто муаллифи силсилакитобҳои “Ҳаёти одамони наҷиб” Станислав Куняев, ки бо писраш зиндагиномаи Есенинро навишта буд, аз ҳамин фарзия ҷонибдорӣ мекунад. Вале соли 1989 як Комиссияи вижа дар Институти адабии ба номи Горкий созмон дода шуд ва ин комиссияи бо хоҳиши Есениншинос нависанда, ношир, мунаққиди адабӣ Юрий Прокушев чандин таҳлилҳои ҷиддӣ гузаронд ва саранҷом ин фарзияро рад кард.
Аммо фарзияи худкушии шоир то ба ҳол дар адабиёти расмӣ навишта мешавад. 24 декабри соли 1925 Есенин ба Ленинград омад ва дар меҳмонхонаи “Англетер” ҷо гирифт. 28 декабр ӯро дӯсташ Г.Ф.Устинов ва ҳамсараш дар утоқаш мурда ёфтанд. Вақте дари бастаро шикаста вориди хона шуданд, саҳнаи даҳшатнокеро диданд. Ҳама чизу чораи утоқ паҳну парешон, дар гардани шоир ҳалқа аз ҷойпӯши порашуда буд. Дар баданаш, бахусус дар сару рӯ ва қафаси синааш харошҳои зиёде дида мешуд, дар фарши хона доғҳои зиёде аз хуни рехта ва ғайра. Шоми ҳамон рӯз аксари дӯстонаш, ки дар баробари паҳн шудани хабари марги шоир ҳозир шуда буданд, ин манзараро бо чашмони худ дидаву баъдан борҳо дар маҳофили зиёд нақл карданд, дар нашрияҳо чун хотироти он лаҳзаҳои шум мақолаҳо чоп карданд.
Охирин шеъри шоир “Падруд, дӯсти ман, падруд” ном дошт ва ин мисраҳо аз он шеър аст:
Падруд дӯсти ман,
Бе он ки дастҳоро бифишорем ва ҳарфе бизанем
Ғамгин мабош.
Хам ба абрӯ наёвар
Дар ин зиндагӣ мурдан чандон тозагӣ надорад
Ва зистан низ дигар чизи тозае нест.
Волф Эрлих – шоир ва мутарҷими рус мегӯяд, ки ин шеърро лаҳзаҳое ё рӯзе қабл аз марги шоир ба ӯ расонданд ва Есенин менавишт, ки чун дар утоқи меҳмонхона ранг пайдо набуд, шеърро бо хуни худ навишт.
Лев Тротский, ки баъдҳо ба як душмани ашадӣ барои ҳукумати Шӯро табдил шуд ва пайравонашро ҳар ҷо таъқиб карданду ҳабс намуданду куштанд, аз марги шоир шадидан такон хӯрдаву навишта буд: “Есенин аз дастамон рафт, шоири хуб ва асил, шоире чунин ботароват ва хушоянд. Ба иродаи худ рафт ва дар вопасин дами ҳаёт бо хуни худ видоъ гуфт. Бо дӯсте ношинос, бо ҳамаи мо шояд.
Решаҳои Есенин сахт мардумӣ аст. Ва ин заминаи “мардумии” ӯ монанди ҳамаи абъоди зиндагии вай сохтагӣ набуд, далели он на шеърҳои шӯришии ӯ, ки боз ҳам тағаззули ӯст”.
Таҳияи Б.Шафеъ