Тафреҳ. Чор шеър аз “Савтҳои форсӣ”-и Сергей Есенин
Ту эй Шоҳона, эй Шоҳона ман,
Чу фарзанди шимолам ман, аз ин боб
Дилам хоҳад бигӯям васфи саҳро,
Ҳам аз ҷавдорзори зери маҳтоб.
Ту, эй Шоҳона, эй Шоҳонаи ман.
Магар з-он рӯ, ки фарзанди шимолам,
Бузург ояд маҳаш дар дидаи ман.
Бувад ҳарчанд зебо мулки Шероз,
Набошад беҳ зи паҳнои Рязан.
Магар з-он рӯ, ки аз мулки шимолам.
Дилам хоҳад бигӯяд васфи саҳро,
Ки мӯи ман бувад ҳамранги ҷавдор.
Агар хоҳӣ ба ангушташ бупечон,
Наёбад мӯи ман як зарра озор…
Дилам хоҳад бигӯям васфи саҳро.
Ту аз ҷавдорзори зери маҳтоб
Зи мавҷи мӯи печонам нишон ёб,
Нигоро, шодмонӣ кун дар олам,
Фақат ёде маянгез андарунам
Ту аз ҷавдорзори зери маҳтоб.
Ту, эй Шоҳона, эй Шоҳонаи ман,
Дар он ҷо – дар шимолам низ ёре
Ба ту бисёр монанд аст, монанд,
Ба ман дорад нигоҳи интизоре,
Ту эй Шоҳона, эй Шоҳонаи ман.
**** **** ****
Ту гуфтӣ: Саъдии оқил
Фақат аз сина мебӯсид.
Худоро, сабр кун охир,
Зи ман ҳам он тавонӣ дид.
Сурудӣ «Он сӯи Ифрот
Зи духтарҳост гул зебо»,
Расад гар даст, мебастам,
Суруди тозаю шиво.
Агар меомад аз дастам,
Ҳамекандам ҳама гулро,
Ки ҷуз Шоҳона дар олам
Набошад ҳеҷ гул зебо.
Маро ту бо ҳасад м-озор,
Надорам ман ҳасад, ҷонам
Маро модар чу шоир зод,
Чу шоир бӯса бистонам.
**** **** ****
Набудам ҳеҷ вакте ман ба Босфор,
Мапурс аз ман ту ҳаргиз васфи онро.
Фақат дар баҳри чашмони ту дидам
Самогун мавҷҳои оташинро.
Набурдам корвоне сӯи Боғдод,
Набурдам шоҳиворию ҳино ҳам.
Каме хам шав, нишин, эй сарви озод,
Ба рӯи зонуят гирам даме дам.
Туро ҳарчанд пурсам, лоба созам,
Ба зориҳои ман коре надорӣ,
Ки андар кишвари дури Россия,
Манам як шоири овозадоре.
Шаби маҳ аккаси саг бишнавам боз
Дилам меҷӯшад аз шеъру тарона.
Ту ҳам мулки маро, эй духти Эрон,
Хаёли боздидан дорӣ ё на?
Ман ин ҷо омадам на аз малоле,
Маро ту ноаён бинмудӣ даъват.
Ба даври гардани ман халқа гаштанд
Ду дасти чун ду боли қу сафедат.
Басо шуд ҷӯям аз қисмат саранҷом,
Вале аз рафтаҳо ҳасрат надорам.
Ҳикоят кун, ки то дил ёбад ором,
Ба ҳақки кишвари зебот, ёрам.
Бикуш андар дилам ёди тарона,
Маро сармаст кун аз ҷоми саршор,
Ки аз пазмонии ёри шимолӣ
Накоҳам ҷон, нагӯям оҳи бисёр
Агарчанде набудам ман ба Босфор,
Хаёлан васфи он бар ту бихонам.
Чу дар чашмони ту ман баҳр дидам.
Ки мавҷи оташинаш сӯхт ҷонам.
**** **** ****
Ҳаст дар мулки Хуросон як даре,
К-остонаш аз гулу райҳон пур аз аст.
Ошён дорад дар он ҷо як парӣ.
Ҳаст дар мулки хуросон як даре,
Боз кардан лек натвонистамаш.
Зӯр дорам ман ба бозувони худ,
Давлати ман – мӯи тиллои сарам.
Он парӣ хушлаҳҷаю ширинадост.
Зӯр дорам ман бо бозувони худ,
Оҳ аз он дар, ки во кардан нашуд.
Ҷуръатам беҳосил андар роҳи ишқ,
Баҳри чӣ, баҳри кӣ мехонам суруд?
Гар надорад рашк Шоҳона, чӣ суд?
Баски он дарвоза во кардан нашуд,
Ҷуръатам беҳосил андар роҳи ишқ,
Вақт шуд. Бояд равам бар Русия,
Мулки Эрон, аз ту чун гардам ҷудо?
Рафта аз ту, кай фаромӯшат кунам,
Ёфта мулки азизи хешро?!
Вақт шуд. Бояд равам бар Русия!
Хайр бодо, хайр бодо, эй парӣ,
Гарчи он дарвоза во кардан нашуд,
Меҳнати ширини ишқат дар дилам –
Шарҳи он дастон кунам дар мулки худ.
Хайр бодо, хайр бодо, эй парӣ!
Аз китоби Сергей Есенин “Гулафшон”, Душанбе соли 1977.
Тарҷумаи шеърҳо аз устод Лоиқ.
Таҳияи Абдуллоева Малика,
мутахасси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷмент.