Паёми Пешвои миллат – муаррифгари мақоми бонувону занон

shahodatАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз мавқеъ ва нақши занону бонувон дар ҷомеа махсус ёдовар шуда, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба онҳоро яке аз ҳадафҳои олии сиёсати созандаи кишвар меҳисобанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама паёмҳои хеш аз эътимоди худ ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа ёдоварӣ мекунанд. Ҳамин эътимоду боварии Сарвари давлат аст, ки имрӯз занон дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуда, баробари мардон дар сохторҳои роҳбарикунанда ва соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқ аҳлона заҳмат мекашанд ва барои рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд”.

Воқеан, имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувон дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Бонувони кишвар дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хидмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат мекашанд, ки Пешвои миллат ҳамеша аз ин ёдоварӣ мекунанд.

Эҳтиром ба занон ва нигоҳ доштани мавқеи баланди онҳо дар фарҳанги миллати мо решаи таърихӣ дошта, зан-модар дар оила ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хосси занон буда, онҳо ба зиндагӣ ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшанд. Вақте занон дар зиндагӣ пешоҳанг бошанд, маърифатнокии онҳо имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбия ёбанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Тавре аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, солҳои охир нақш ва саҳми занон дар рушди иқтисодии мамлакат низ назаррас гардидааст. Чуноне Роҳбари давлат қайд намуданд: “Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд. Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд”.

Нақши зан-модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад. Ҳамин аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои донишманду соҳибкасб кардани духтарону бонувони чораҳои мушаххас андешида шуда, онҳо ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ иттилоъ доданд: “Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд”.

Занону бонувони кишварро мебояд, ки ба ин ҳама дастгирию ғамхориҳои Роҳбари мушфиқу ғамхори худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузошта, барои рушди соҳаҳои кишвар кӯшиши пайваста намоянд. Пешвои миллат барои амалӣ шудани орзуҳои мо, занон тадбирҳои хирадмандона андешида, ҳама гуна барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва нақша -чорабиниҳоро қабул намуданд, то ки мо тавонем хостаҳои неки худро амалӣ созем.

 

Шаҳодатхон ДАВЛАТОВА,
корманди КМТ.