Аз китобу китобхонҳо дар соли нав
Аз рӯзҳои аввали соли нави милодӣ вуруди хонандагон ба Китобхонаи миллӣ зиёд шудааст. Таҳлили омори ҳафтаи гузашта, ки ба соли 2022 рост меояд, гувоҳи ин гуфтаҳост. 7 рўз қабл мутолиакунандагони Китобхонаи миллӣ 3710 нусха китоб супориш додаанд. Сар аз 2-юми январ то 8-уми январи соли 2023 фармоиши китоб аз ҷониби хонандагон 4719 ададро ташкил дод, ки 1009 адад бештар аст.
Дар робита ба ҳузури хонандагони шуъбаҳои китобхона сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон Маҳсиддин Сатторов иброз дошт, ки тули ҳафта 4233 нафар дар толорҳои гуногуни китобхона китоб мутолиа намудаанд ва 332 аъзои нави ин макони маърифат сабти ном намудаанд.
Ҳамарўза китобдўстон баҳри мутолиа ва дастрас намудани корти хонандаи китобхона пазируфта мешаванд, -гуфт мусоҳиби мо. Ба гуфтаи ў ҳафтаи сипаришуда 340 нафар корти хонандаро ба даст оварданд.
Гуфтанист, ки то имрӯз шумори аъзои Китобхонаи миллӣ ба 258887 нафар расидааст. Соли 2022 бошад 16 ҳазору 743 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд.
Соли гузашта 97 ҳазору 366 нафар вориди толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ шуда, барои мутолиа 115014 китоб фармоиш додаанд.
Раҳима БОБОЕВА.