Тасвири Маркази имлии Гунди Шопур чил сол пеш

gundi-shopuЧил сол пеш “Газетаи муаллимон” дар бораи маркази илмии Гунди Шопур навишта буд. Маркази илмие, ки баъдҳо дар заминаи он марокизи дигари илмӣ дар нукоти гуногуни Шарқ арзи вуҷуд кард. Дар бораи ин маркази илмӣ ва саҳми он дар рушди илмҳои мухталиф, китобу китобдорӣ, тарҷумаи осори илмии ҳакимони Юнону Руми Бостон то кунун мақолоти зиёде навишта шудаанд ва китобҳо низ таълиф гаштаанд. Рӯнавис ва бознашри мақолаи “Газетаи муаллимон”-ро низ дорои аҳамият донистем.

ГУНДИ ШОПУР АВВАЛИН МАРКАЗИ ТИБ

Илми тиб дар асрҳои миёна дар заминаи анъанаҳои тибби юнонӣ (Буқроту Ҷолинус) , маълумоти назарию амалии тибби эронию ҳиндӣ ва таҷрибаи муолиҷаю дорусозии маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳанўз дар асрҳои 3 Шопури 1 баъди ғалаба бар императори Рум ва тасҳири Антокил дар наздикии Аҳвози кунунӣ маркази илмие бо номи «Визонтия  Шопур» бунёд намуда буд, ки баъди истилои араб бо номи «Ҷанди Шопур» («Гунди Шопур») машҳур гардид.

Сабаби асосии тараққиёти илми тиб дар он буд, ки баъди бастани мадрасаи Раҳо дар императории Рум ҳамчун маркази илмӣ табибону духтурони зиёди он ба Гунди Шопур омаданд. Дар давраи ҳукумронии Шопури 2 Гунди Шопур ба донишгоҳи бузурге табдил ёфт, ки дар он соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ ва натурфалсафӣ таълиму тадрис мешуданд.

Назарияи тибро дар донишгоҳи мазкур аксар табибоне таълим медоданд, забони юнониро хуб медонистанд. Дар қисмати амалияи тиб ва муолиҷа бемористони Гунди Шопур нақши муҳим мебозид. Табибон зимни таълими назарияю амалияи умуми тиб ба анъанаҳои зардуштӣ ва усули муолиҷаи табибони маҳаллӣ аҳамият медоданд. Баъди аз Ҳиндустон бо даъвати вазири Анўшервони одил омадани якчанд табибони номӣ таъсири тиббӣ ҳиндӣ низ дар ин маркази илмӣ мушоҳида мешуд.

Дуюмин халифаи Аббосӣ ва волии Бағдод аз заъфи меъда азоб мекашид. Ў сардори духтурони Гунди Шопур Ҷирҷисро ки аз табибони авлодии хонадони Бахтишу (номи суриёнӣ) буд, ба Бағдод барои муолиҷаи худ овард. Ҷирҷис, беморро хуб муолиҷа кард. Ба ин васила на фақат обрўю эътибори худи Ҷирҷис, балки шўҳрату нуфузи тамоми табибони мактаби Гунди Шопур дар аҳди ислом зиёд шуд. Бо таклифи Мансури Давонаки Ҷирҷис дар Бағдод низ маркази тибби бузурге таъсис кард, ки минбаъд онро шогирдони ў аз мактаби Гунди Шопур идора мекарданд.

Намояндаи дигари мактаби тибби Гунди Шопур  30 сол дорусозӣ карда, таҷрибаи комили тиббӣ ҳосил намуда буд. Баъд ў ба маркази илмии Бағдод омада, кори Ҷирҷисро идома дод ва ба муолиҷаи беморон машғул шуд. Се писарони (Юҳанно ибни Мосавейҳ, Ибни  Мосавейҳи акбар ва Ибни Мосавейҳи асғар) низ аз шуҳратмандони илми тибби замонашон шуданд.

Ҳанўз дар давраи хилофати Умавия масъалаи тарҷумаи асарҳои тиб дар Гунди Шопур авҷ гирифта буд. Аввал Ибни Язид ва бародараш Холид якчанд асарҳои тибро аз юнонӣ тарҷума карданд. Сонӣ Ибни Муқаффаъ ба тарҷумаи китобҳои тиб аз забони паҳлавӣ пардохт ва Ибни Масавейҳ, ин кори ўро идома дод. Дар тарҷумаи асарҳои тиббӣ юнонӣ афроди хонадони Бармакиён, ки ҳанўз дар аҳди Сосониён мансаби вазириро ба ўҳда доштанд, ҳиссаи калон гузоштанд. Бо кўмаки моддии онҳо Ҳунайн ибни Исҳоқ, дар Ғарб бо номи «Юҳаннитус» машҳур аст, як силсила асарҳои юнониро ба суриёнӣ ба араби тарҷума намуданд.

Бино ба маълумоти муарихи илм Муҳаммади Рашшод бо роҳбарии Ҳунайн ибни Исҳоқ 10 китоби Буқрот ва 48 китоби Ҷолинус, аз ҷумла «Набзи Кабир» ва «Набзи сағир» тарҷума шуданд. «Тафсири фусули Буқрот», «Китоби истиқшот», «Илал ва амроз» ва дигар китобу рисолаҳои муҳими табибони Юнон дар ҳамин давра тарҷума шудаанд. Маҳдии Муҳаққиқ дар таҳқиқоте, ки роҷеъ ба афкори фалсафию тиббии Закариёи Розӣ анҷом додааст, феҳристи тарҷумаи 129 асари Буқроту Ҷолинусро овардааст.

muallimonБаъди тарҷумаи асарҳои тиб заминаи истилоҳоти илми тиб гузошта шуд ва барномаи таълимӣ дар Гунди Шопур такмил ёфт, барномаи муқаддимавии омўзиш «Ситта ашара» («Шонздаҳ китоб») ном асари Ҷолинус шуд. Танҳо баъди мутолиаи он муҳассилон ба омўзиши китобҳои Буқрот ва асарҳои тибби ҳиндию эронӣ мепардохтанд ва баъди навиштани рисолаи махсус оид ба назария ё амалияи илмии тиб аз устодонашон иҷозати расмии муолиҷаи мустақилонаи беморонро гирифта, дар дигар шаҳрҳо марказҳои тиб таъсис менамуданд. Олимон як силсила табибони машҳури ибтидои асрҳои миёна, аз ҷумла Ибни Исҳоқ ва табиби машҳури араб Ҳорис ибни Сақфиро тарбиятгирандагони ин мактаби тибби Гунди Шопур медонанд. Бемористони «Мансурия» дар Қоҳира, бемористони Хоруннаррашид ва Бармакиён дар Бағдод ва бемористони Азудӣ дар шаҳри Райро табибоне таъсис намудаанд, ки дастпарварони Гунди Шопур будаанд.

Ҳамин тариқ, зимни мутолиаи китобҳои тарҷумашуда ва ҷамъоварии натиҷаи таҷрибаю амалиёти духтурон дар марказҳои тиб табибони мактаби илмии Гунди Шопур ба навиштани китобҳои тахқиқӣ шурўъ намуданд. Аввалин асари тибро устоди Закариёи Розӣ Алии Табарӣ соли 850 бо номи «Фирдавс –ул -ҳикма» таълиф намуд. Дар он хулосаи соҳаҳои мухталифи тиб оварда шуда, дар бораи дорушиносӣ, осебшиносӣ ва парҳезкорӣ маълумоти муфиде оварда шудааст. Баъд Ибни Мосавейҳ «Дағл-ул-айн» ном асарашро доир ба касалиҳои чашм навишт, ки минбаъд ба ҷои асари Ҷолинус дар марказҳои илмӣ ҳамчун китобӣ дарсӣ истифода мешуд. «Китоб ул хавӣ»-и Закариёи Розӣ ки ҳоло 19 ҷилди он мавҷуд аст, аз 12 давра иборат буда, давраҳои дармони беморон беҳдошт, шикастабандӣ, маводи гунони тиббӣ ва таркиботи дорўӣ, бемориҳои чашму гўшу бинӣ, шарҳи вазифаҳои узви бадан ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Китоби Мазкур соли 1486 дар Италия чоп шудааст.

Танифи дигари Закариёи Розӣ «Китоб ул ҷадри вал ҳасба» дар бораи обила ва сурхак мебошад. Он дар асоси таҷрибаи амалии муаллиф дар бемористонҳо ва мулоҳизаҳои шахсиаш таълиф шуда, сабаби ба вуҷуд омадани обила, шароит ва омилҳои ба вуҷуд омадани он, доруҳои таркибӣ, истифодаи гиёҳҳо барои пешгирии обила, истифодаи доруҳо барои пазондан ва хушконидани обила, дастури хўроки бемор ва бист навъи обилаю сурхак шарҳу тафсир шудаанд. Ин китоб аввалин бор дар Венесия (1498) ба лотинӣ тарҷума шуда буд. Баътар ба забонҳои юнонӣ (1548), фаронсавӣ (1558), англисӣ (1767), олмонӣ (1911) ва дигар забонҳои Ғарб бештар аз 40 маротиба интишор ёфтааст. Профессори жопонӣ Тошихико Изотсу дар таҳқиқоташ оид ба фаъолияти эҷодии Закариёи Розӣ номгўи 58 асари тиббии ўро овардааст.

Асари тиббии ниҳоят муҳиме, ки аз рўи он дар тамоми марказҳои тибби мамлакатҳои Шарқ дарс медоданд, «Комил-ус-саноат» ё «Тибби маликӣ»-и Абулҳасан ибни Аббоси Маҷусӣ мебошад. Асари мазкур аз 10 боб иборат буда, масъалаҳои физиалогияи инсон, табиат ва мизоҷи инсон, лаззат, ҷазб, ҳазм, таби бемориҳои гуногун, усули дорую дармонҳои дохилӣ, ҷарроҳӣ ва амалҳои дастиро дар бар мегирад ва бо панду андарзҳои духтурон ба итмом мерасад. Аввалин тарҷумаи ин китоб дар Ғарб соли 1492 ва тарҷумаи комилаш соли 1543 дар Лион нашр шуд.

Кимёгарӣ машҳур Ҷобир ибни Хайён, ки дар Ғарб бо номи Гебер машҳур аст, дар «Китоб-ус-сумум» таснифоти умумии заҳрҳо, таъиноти миқдории онҳо, нишонаҳои заҳролудшавӣ ва тарзи табобати онҳоро ба забони содаю фасеҳ баён намудааст.

Баъди пайдоиши «Алқонун»-и Ибни Сино инкишофи илми тиб ба дараҷаи олии инкишоф расид. Китоби мазкур нафакат дар марказҳои илмии Шарқ балки дар Ғарб низ китоби рўимизии табибону пизишкон буд. Он ҳанўз дар асри 14 ба забони лотинӣ тарҷума шуда, соли 1479 дар Лондон интишор ёфта буд. Аз соли 1479 то 1500 дар мамлакатҳои гуногуни Аврупо «Алқонун» 15 маротиба чоп шудааст. Дар асрҳои минбаъда бошад он ба забонҳои гуногун тарҷума ва чоп шуда, аз он ҳам барои муолиҷа ва ҳам барои таҳқиқоти илмӣ олимону табибони Шарқу Ғарб ба таври фаровон истифода намудаанд.

Маълум мешавад, ки олимону табибони мамлакатҳои Шарқи Миёнаю Наздик  асарҳои парокандаи тиббии юнониро дар марказҳои илмӣ ҷамъоварӣ намуда, онҳоро тарҷума ва шарҳу тафсир намуданд. Баъди ба вуҷуд омадани марказҳои амалии тиб ва бемористонҳо тибби назарии юнониёнро бо тиббии амалӣ биомехтанд ва бисёр масъалаҳои баҳсовари тибби антиқаро мавриди боздиди назари худ қарор дада, дар асарҳои офаридаашон фикру мулоҳизаҳои муфид баён намуданд ва ба кашфиёти тозаи илмӣ ноил гаштанд, ки ҳамаи ин аз системаи афкори комилан нави илмии онҳо дарак медиҳад.

Н. Холмуҳаммадов.

М.Ҳазратқулов.

Бознашр аз “Газетаи муаллимон”, соли 1983, 25 октябр.

Таҳияи Зебонисо ДАВЛАТОВА, мутахассиси шуъба маркетинг ва менечменти фаъолияти китобдорӣ.