Муаррифӣ. “Забоншиноси донодил”

ЗабоншиносКитоби хотира ба бузургдошти 60-умин солгарди муҳаққиқи маъруфи забону фарҳанги мардуми Помир, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ (2000-2018) доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодихон Юсуфбеков бахшида шуда, мақолот оид ба ҷойгоҳи илмии ў дар таҳқиқи забонҳои помирӣ,меҳрномаҳои устодон, дўстон ва шогирдонаш оид ба шахсият, сифоти инсонӣ ва хиради волои зиндагисоз ва эҳтиромоти шоиста нисбати эшон оварда шудаанд.

Профессор  Ш. Юсуфбеков дар айни камоли умр ва нашъунамои эҷодию пажўҳишӣ дунёи фониро падруд гуфт, аз ин рў шогирдон ва дӯстонаш салоҳ донистанд дар китоби ёднома ашъор ва суханпораҳои дўстону ҳамкорон ва шогирдон дар сўгвории Ш.Юсуфбековро низ гирдоварӣ намоянд.

Басанда аст, ки хонанда ба як мақолаи устод Шодихон Парвонаевич дар мавзўъи «Экологияи фарҳанг дар партави мушкилоти ҷаҳоншавӣ»  назар афканад ва ба хулосае биёяд, ки чи қадар мавсуф ҷаҳонбинии васеъ ва андешаи фарох доштаанд. Ҳарчанд мавзӯи мазкур аз доираи самти касбиашон берун бошад ҳам, ба ин навъи мавзуҳо бисёр олимонаву огоҳона бархўрд мекарданд. Дар ин мақола устод махсусан дар бораи сабабҳои зуҳуроти буҳронӣ дар вазъияти маънавии муосири ҷамъияти мо изҳори назар намуда, аз муҳимтарин шартҳои экологияи фарҳангиро маҳфуз нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, расму анъана ва арзишҳои маънавӣ пиндоштаанд. Дар он аз ҷумла омадааст. «Сабабҳои падидаҳои буҳронӣ дар шароити маънавии муосири ҷамъияти мо аз он иборат аст, ки дар марҳилаи пешин тамоми механизмҳои худистеҳсолии фарҳанг хароб карда шуда, технологияи истеҳсолии фарҳанг вайрон гардид ва заминаи қадимтарини он, ки аз дину оин, этнос, санъат, дигарандешӣ ибрат буд, таъғир дода шуданд».

Назари устод Ш.П. Юсуфбеков доир ба мафҳуми экологияи фарҳангӣ ҷолиб аст: «Экологияи фарҳангӣ ҳамзистӣ, муколама, гуногунии фарҳангҳои миллии мухталиф, ақоиди динӣ ва эътиқод, баробарии забонҳои адабӣ, аз он ҷумла нофаҳмо, ғайриқиёсӣ, гуногунии консепсияҳо ва ақоидро дар назар дорад. Мутаҳҳид сохтани ҷузъиёти гуногун, ки худазнавбавуҷудоварӣ, худташаккулӣ, худистеҳсолии фарҳангро таъмин месозад, дар асоси арзишҳои умумибашарӣ амалӣ карда мешаванд ва ифодакунандаи гени фарҳангианд».

Дар ин мақола муаллиф маъалаи нобуд шудани рўйнамосозони фарҳанг, яъне зиёиёнро боиси ба вуҷуд омадани холигии маънавӣ дар ҷомеа ҳисобида, оқибатҳои фалокатбори онро нишон додааст. Дар он аз ҷумла омадааст: « Нобуд сохтани зиёиён, ки  инъикосгари фарҳанг ва пешбарандаву нигоҳдорондаи принсипҳои ахлоқӣ, тафаккури ахлоқӣ буданд, дар натиҷа ба вазъи фалокатбор оварда расонд, чунки барои намояндагони дорои «тафаккури ҷиноӣ», ҷангҷўёна, ки барои марҳилаи «тофарҳангӣ», нимибтидоӣ, «замоне, ки тафаккур бар савқи табиӣ бартарӣ надошт, замоне, ки алоқаҳои ҷамъиятии авлодиву қабилавӣ хеле сода буданд ва арзиши ягонаву  асосӣ барои фард фақат аз ҳисси физикии ҳаёт иборат буд, заминаву шароит фароҳам овард».

Дуруст аст, ки эҳёи фарҳанг яке аз шартҳои муҳимми таҷаддуди ҷомеа мебошад. Дар акси ҳол, ба қавли устод «фарҳанг нест – ҳамзистии муқаррариву муътадили инсонӣ нест. Дар давоми даҳсолаҳо ҷамъияти мо ин ҷанбаи ҳаётро дуруст ба эътибор нагирифт ва ҳоло чунин «модел»-ҳои рафтор, ҳамчун «хориқаи хоруғӣ», «издиҳоми ҷиноӣ», «тўдаи ваҳшӣ», ки дар кўчаҳо бедодгарӣ мекунанд, чунин падидае ба истилоҳи русӣ «дедовшина», издиҳоми наврасон дар маҳаллаҳои нави шаҳр, баландравии сатҳи ҷинояткорӣ ва шаклҳои мухталифи он ба амал омад. Ҳамаи ин аз биологизатсияи одам ва аз байн рафтани маънавиёт шаҳодат медиҳад». 

Китоби “Забоншиноси донодил”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Шарофат МИРЗОЕВА.