Маҷлиси ҷамъбастӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор»
Ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор»-и ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 20 – уми январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи ошёнаи сеюми Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, ки дар он муовини директор Салима Раҷабзода, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И. Сомонӣ Дилбар Абдураҳимова, муовини раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизбии «Китобдор» Зафари Гулмурод ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» иштирок намуданд.
Рўзномаи ҷаласа Оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобдор» дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои соли 2023, тасдиқи нақшаи кори ташкилот барои нимсолаи соли 2023, ҳамзамон тарғибу ташвиқ ва дар амал тадбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23-юми декабри соли 2022 буд.
Ҷаласаро бо сухани муқаддамотӣ муовини директор Салима Раҷабзода ифтитоҳ кард ва иштирокдорони маҷлисро барои ҳамрайъӣ дар татбиқи барномаҳои ҲХДТ ва шомил шудан ба сафи ҲХДТ табрику ташаккур намуд. Баъдан, оид ба фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ ва вазифагузориҳо барои соли 2023 шунида шуда, ҳамзамон нақшаи корӣ барои нимсолаи аввали соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоӣ дар давоми фаъолияти худ ба комёбиҳои зиёд мушарраф гардида, дар баробари ин пешрафту дастовардҳо вазифаи аввалини худро, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои оинномавии ҳизб маҳсуб мешавад, роҳандозӣ намудааст.
Муовини директор ҳамчунин гуфт, ки ҳоло шумораи аъзои ҳизб зиёд гардида, шумори хоҳишмандон ба узвият ба ҳизб дар миёни кормандони корхона ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.
Дар фарҷом Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмиллалии Китобхонаи миллӣ Мирзоева Фарзона доир ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23.12.2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, суханронӣ кард.