Китоби нав. “Поси хотир” (Маҷмуаи мақолаҳои сипосгузорону фарзандон)

Поси-ХотирКитоби «Поси хотир», ки пур аз лаҳзаҳои ибратбахшу хотирмон аст, аз ҳаёти ҷарроҳи машҳур, табиби дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Шўравӣ ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдусаттор Одинаев қисса мекунад. Дар  китоб симои инсоне ба қалам дода шудааст, ки дар ҷон сўзу дар дил раҳму дар чашм меҳру дар хун нанг дорад. Ҳангоми мутолиаи ин китоб кас хаёлан ҳамроҳи соҳибкасбони номдору инсонњои  дурандешу соҳибдил қадам зада, симои қаҳрамони зиндаёди асарро ҳаргиз фаромўш намекунад.

Абдусаттор Одинаев 21 марти сол 1937 дар шаҳраки Муъминобод, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Аввал омўзишгоҳи таббии шаҳри  Душанбе, баъдан факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намуда, корро ба ҳайси сардухтури беморхонаи шаҳраки Муъминобод оғоз намудааст. Баъд аз такмили ихтисос дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи шаҳри Кўлоб  фаъолияташро идома медиҳад. Баъди ду соли такмили ихтисос дар ординатураи клиникии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ба номи Абуалӣ ибни Сино, боз ба шаҳри Кўлоб меравад. Аз соли 1974 то соли 1984 вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятро адо намуда, ҳамзамон кори сармутахассиси ғайривоҳидии шуъбаи тандурустии вилояти Кўлобро оид ба ҷарроҳӣ пеш мебарад. Ҳамчунин барои баланд бардоштани савияи донишу такмили ихтисос ҳафт маротиба дар клиникаҳои машҳури шаҳрҳои  Маскаву Ленинград, Киеву Харков ва Минск яз як то се моҳи таҷрибаи пешқадами соҳаро моемўзад.

Аз соли 1984 то соли 1986 дар ноҳияи Муъминобод ба ҳайси мудири шуъбаи ҷарроҳї ва баъдан ҷонишини сардухтур кор кардааст. Соли 1986 боз ба беморхонаи вилоятии шаҳри Кўлоб омада, мудири шуъбаи ҷарроҳї таъин мегардад. Аз соли 1990 дар вазифаи сарҷарроҳи вилояти Кўлобу Хатлон кор мекунад. То дами ба нафақа баромадан дар вазифаҳои гуногуни Раёсати тандурустии вилояти Хатлон оид ба минтақаи Кўлоб фаъолият намуда, борҳо аз мавзеи зист вакили халқ ва соли 1981 вакили Съезди 19-уми Ҳизби Комунистии Точикистон интихоб шудааст.

Ранҷу талош ва меҳнати пайвастаи Абдусаттор Одинаев бо ордени «Нишони Фахрї» Медали ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин, медали «Собиқадорони меҳнат», Аълочии тандурустии ИҶШС  ва Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст. Соли 1999 соҳиби мукофоти давлатии Корманди шоистаи Тоҷикистон гардидааст.

Китоби “Поси хотир”-ро шумо
метавонед дар Китобхонаи миллӣ
мутолиа намоед.

Шарофат МИРЗОЕВА