Саду шонздаҳ увзви нави Китобхонаи миллӣ дар ҳафтаи гузашта
Ҳафтаи гузашта шумори хонандагони доимии Китобхонаи миллӣ 116 нафар афзудааст, ки дар қиёс ба ҳафтаи гузашта 50 нафар зиёд мебошад. Толорҳои ин китобхона, аз ҷумла толори дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 1686 дўстдорони китобро пазируфта, 2820 нусха китобро, ки истифодабарандагон супориш дода буданд, дар ихтиёри хонандагони китоб гузоштаанд.
Китобхонаи миллӣ дар баробари хидмат расондан ба хонандагони китоб ба чопи дастру ҷамъоварии китобҳо аз аҳолӣ низ машғул аст. Аз ҷумла, кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияву вилоятҳои кишвар сафар намуда, аз аҳолӣ маводҳои чопиву электрониро ҷамоварӣ намудаанд. Ин маҳсулоти чопӣ ва электронӣ ба фаъолияти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дошта, аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ба даст омадаанд.
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгон буда, то ба имрӯз 1209 китобро бо забонҳои гуногун гирд овардааст.
Медиатекаи Президенти Тоҷикистон дар баробари маводҳои чопӣ доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои видеоиву савтиро аз телевизионҳо ва радиоҳои кишвар гирдоварӣ менамояд.
Раҳима БОБОЕВА.