Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 26 – уми январ

Рузи адабиётСоли 1781 дар Берлин нависанда ва намоишноманависи олмонӣ Охим фон Арним таваллуд шудааст. Ӯ яке аз намояндагони шинохтаи романтизми гейделбергӣ дар адабиёт ба шумор мерафт. Ҳамсараш Беттина Арин низ як нависандаи машҳури замонаш буд.

ezhen-sjuСоли 1804 дар Порис нависандаи фаронсавӣ Эжен Сю таваллуд шудааст. Бештари маъруфияти вай ба хотири  романҳои сериёлӣ, махсусан ду романи “Яҳудии саргардон” (фаронсавии Le Juif errant) ва “Асрори Порис” буд. Номи аслии ӯ Мари Ҷозеф Эжен Сю аст. Баъдтар аз он дар шакли кутоҳ ба худ тахаллуси адабӣ сохт.

Мари Жозеф дар оилаи духтур таваллуд шудааст. Падари нависандаи оянда аз табиби одӣ то сардухтури гвардияи император роҳи касбиро тай кард ва шахсан бо Наполеон Бонапарт дӯст буд ва баъдтар табиби дарбор шуд.

Ин асарҳо низ мутааллиқ ба ӯ мебошанд: “Дидбон”, “Самандар”, “Интиқоми барда”, “Аҷоиб мардум”, “Матилда”, “Латреомон”, “Бачаҳои муҳаббат”ва ғайра.

  3 августи соли 1857  аз дунё гузашт.

  Соли 1918 дар Терре нависандаи асарҳои илмӣ-таҳайюлии амрикоӣ, романнавис Хот Филип Фармер таваллуд шудааст. Ўро аввалин касе медонанд, ки мавзӯи шаҳватро вориди асарҳои илмӣ-тахайюлӣ кард. Масалан барои повести “Дӯстдорон”, ки аз ишқи инсон бо як мавҷуди сайёраи дигар ҳикоят мекунад, соҳиби ҷоизаи Ҳюго шуд.

25 феврали соли 2009 аз дунё гузашт. Соҳиби ду фарзанд, шаш набера ва  чор абера буд.

ivan-buninСоли 1920 нависандаи шинохтаи рус, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1933 Иван Бунин Русияро абадан тарк кард. Бунин аз ҷумлаи маъруфтарин адибоне буд, ки адабиёти форсу тоҷик таваҷҷуҳ дошт ва зери таъсири он шеърҳо сурудааст.

“Себҳои Антонов”, “Рӯъёҳо”, “Ҷоми зиндагӣ”, “Нафаси роҳат”, “Гӯшҳои печхӯрда”, “Кӯчаҳои торик”, “Ишқи Митя” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Соли 1979 дар Хюстони иёлати Техас нависандаи асарҳои илмӣ-таҳайюлӣ ва риёзидони машҳури амрикоӣ Юн Ха Ли таваллуд шудааст.

narimon-ba-ozodaСоли 1935 дар шаҳри Самарқанд шиоири маъруфи тоҷик Наримон Бақозода дида ба олам кушод.

Соли 1960 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо баҳои аъло хатм карда, ба рӯзноманигорӣ пардохтааст.

Солҳои рӯзноманигорӣ ба эҷоди фелетону мақолаҳои танқидӣ пардохта, минбаъда ба эҷоди осоре барои бачагон рӯй овардааст, ки дар маҷмӯаҳои «Гулдара» (1969), «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Шаш ҳикояти пахта» (наср, 1980), «Чӣ хуш аст?» (1983), «Дафтари мо кони «панҷ» (1985), «Алифбои дилкушо» (1997), «Иди алифбо омад» (1999), «Дунё ба умеди ман» (2003), «Озода шав!» (2005), «Сайри боғи даҳ адад» (2006) ва ғайра интишор ёфтаанд.

Дар нашрияҳои Маскаву Душанбе маҷмӯаи афсонаҳо ва достону чистонҳои шоир ба забони русӣ интишор ёфтаанд, ки «Хандалак» (1969), «Ишь ты, озорной!» (1974), «Что всего слаще?» (1986), «Детский парк» (1990) аз он ҷумлаанд.

Муаллифи филмномаи «Пули ларзон» (ба русӣ), радиопйесаи «Истиқболи Барфибобо», пйесаи телевизионии «Кадри ҳавоӣ» ва силсилаи намоишномаҳост, ки дар театрҳои гуногуни ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.

Муаллифи се операи нахустини тоҷикӣ барои бачаҳо – «Хонаи Заргӯшбибӣ» (ба тоҷикӣ ва русӣ, 1986,1987), «Ҷингилапо» (1987), ораторияи зиддиҷангии «Сӯзанда не, созанда шав! (Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, телевизиони ҷумҳурӣ; 2002) мебошад.

Соли 1979 китоби «Гулдара»-и ӯ дар Тошканд интишор ёфтааст.

Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.

Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Нишони Фахрӣ»-и Кумитаи сулҳхоҳони олмонии ба номи Жолио Кюри, медалҳои тиллойи Федератсияи байналхалқии сулҳу ризо ва Хазинаи байналхалқии сулҳ мукофотонида шудааст.

Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 2009 аз олам даргузашт.

Соли 2000  дар Лос-Анҷелес нависандаи илмии амрикоӣ Алфред ван Фогт дар синни 87-солагӣ аз бемории Алтсгеймер даргузашт. Вай дар Канада, дар хонаводаи муҳоҷири ҳоландӣ ба дунё омада буд.  Барандаи ҷоизаи Ҳуго мебошад.

Таҳияи Мадина Ҳамидова.