Сайре дар китобхонаҳои кишвар. Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, яке аз аввалин китобхонаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандмебошад. Он соли 1917 таъсис ёфтааст. Ибтидо мақоми шаҳрӣ (1924), баъд марказӣ (1947) гирифт. Соли 1964 ба он номи Тошхоҷа Асирӣ дода шуд.
Хазинаи китобхона дар баробари осори адибони классики тоҷик аз ҳисоби китобҳои аз китобхонаҳои шаҳрҳои Тошканд, Маскав ва Петроград овардашуда ташаккул ёфт. Аввалин толори хониши он соли 1935 кушода шуд.
Соли 1959 хазинаи китобхона аз 123 ҳазор нусха китоб иборат буд. Ҳоло беш аз 470 ҳазор нусха дастхат, китобу маводди чопӣ ва электронӣ (15000 дар 64 СД) ба 15 забон, 17 бахшу шуъба, толори хониш ва маҷлисгоҳ дорад. Дар китобхона 254 номгўй маҷалла (аз соли 1951) ва 81 номгўй рўзнома (аз соли 1969) маҳфузанд. Бинои китобхона (чорошёна, масоҳаташ 5782,5 м2) нав буда, солҳои 1986-90 бо риояи унсурҳои мемории миллӣ ва муосир сохта шудааст. Намои бино зоҳиран шакли китоби кушодаро дошта, дарҳои он бо услуби хосси ҳунармандони самарқандӣ кандакорӣ ва сақфи он бо гаҷкории нафис ва оинабандӣ оро дода шудаанд.
Китобхона ҳамчун китобхонаи марказӣ фаъолияти 362 китобхонаи вилоятро танзим мекунад. Ба китобхонаҳои кишварҳои узви ИДМ (Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон) ҳамкорӣ дорад.
Бозчоп аз: Ҷумҳурии Тоҷикистон: Донишнома / сармуҳаррир Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. – Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021. – С. 480.
Таҳияи Манижа РАҶАБОВА
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.