Дасти Иттиҳоди нависандагон дар қатли Борис Корнилов

boris-kornilovҲар қадар кас ба зиндагиномаи ин шоири маъруфи рус ошно мешавад, ҳамон андоза нақши дастони ҳамқаламонаш аз Иттиҳоди нависандагони Иттиҳоди Шӯравиро баръало мебинад. Корнилов шояд қасд ҳам дошт, ки аз Шӯравӣ хориҷ шавад, вале ин гуна имкон надошт. Вай маҷмӯи гуноҳонашро ба ҳадде намедонист, ки қатл шавад, чун ба ҳеч гурӯҳеву дастаи сиёсӣ пайванде надошт. Ҳама ашъораш ва достонҳояш пуштибонӣ аз сиёсати давлати шӯроҳо буд. Ҳатто вақте бори нахуст хостанд ӯро ҷазо диҳанд, маҳз як достонаш дар бораи ҷасорати комсомолон ҷонашро харида буд.

Борис Петрович Корнилов соли 1907 ба дунё омад ва аввалин маҷмуъаи шеърҳояш бо номи “Ҷавонӣ” соли 1928 аз чоп баромад. Аввали солҳои 30-уми пайи ҳам достонҳои ӯ “Намак”, “Тезисҳои роман”, “Агенти ҷустуҷӯи ҷиноӣ”, “Аввали замин”, “Самсон”, “Фриқои ман” чоп шуданд.

Соли 1932 дар бораи барҳам задани кулакҳо навишт, вале шоирро ба таблиғот ба манфиати кулакҳо айбдор карданд. Миёнаҳои солҳои 30-уми шоир ба машрубот дода шуд. Рафторҳояш ба ҳамқаламони мансабдораш дар Иттифоқи нависандагон писанд набуд, ҳарчанд борҳо бадмастиву дигар амалҳояшро бахшиданд, вале  моҳи январи соли 1935 шуъбаи Ленинградии Ит.нависандагон  танбеҳ эълон кард ва таҳдид намуд, ки агар худро тағйир надиҳад, аз сафи иттиҳод хориҷ хоҳад шуд.

Аммо соли 1936 билохира аз сафи Иттиҳоди нависандагон ихроҷ карданд. 27-уми ноябри соли 1937 Корнилов бо иттиҳоми сохтаву бофтаи иртибот бо тротскичиён дар Ленинград боздошт шуд. 20 феврали соли 1938 додгоҳ ҳукми қатли ӯро эълон кард.

Падари ӯ Пётр Тарасовичро низ боздошт карданд, вале то эълони ҳукм вай соли 1939 дар ҳабсхона фавтид. Модараш Таисия Михайловна солҳои дароз барои ҳукумати вақт “модари душманони халқ” буд.

Корнилов  5-уми январи соли 1957, баъди маргаш сафед шуд ва дар гузориш омада: “дар амалаш нишони ҷиноят набуд”.

Агар Иттиҳоди Нависандагони Шӯравӣ нисбати шоир сахтгирӣ намекард, шояд кор ба ин ҳад печида намешуд. Маҳз мавзеъгириҳои ҳамқаламонаш боис шуд, ки таваҷҷуҳи НКВД ба ӯ ҷалб шавад ва дар ҳоле, ки ҳеч шеъреву достоне зиддидавлатӣ аз ӯ вуҷуд надошт, зиндонӣ шуд ва эъдом гардид.

Бори Корнилов ду маротиба издивоҷ кард. Ҳамсари аввали ӯ  шоир, намоишноманавис, нависанда ва рӯзноманигори ҳарбӣ Олга Берголтс (1910 – 1975) буд. Онҳо соҳиби духтаре бо номи Ирина буданд, вале ӯ соли 1936 фавтид. Сарнавишти Олга Берголтс худ як достони дигар аст, ки сари фурсат ба он бармегардем.

Ҳамсари дуюми шоир Людмила Борнштейн буд. Аз ӯ низ духтаре бо номи Ирина Басова дорад. Ирина ҳоло зинда ва дар Фаронса зиндагони мекунад. Ӯ ҳамсари наққош Борис Заборов буда, бо номҳои Кирилл ва Марина ду фарзанд дорад.

Таҳияи Б.Шафеъ