Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20-уми феврал
Соли 1953 намоишноманавис ва публистисти литвонӣ, файласуф Видунас аз олам рафт. Видунас тахаллуси ӯ буд ва номи аслишаш Вилгелмас Стороста. Вай 22-уми марти соли 1868 дар хонаводаи муаллими мактаби ибтидоӣ ба дунё омада буд. Видунас муаллифи пйесаҳои “Садои ниёгон”, “Шуълаи абадӣ”, “Сӯхтори ҷаҳонӣ” буд. Кулли намоишномаҳои ӯ дар жанри намодгароӣ (символизм) навишта шуда, бештар ба жанрҳои достоҳои муаммоӣ ё асроромез ва моралит шабоҳат доранд.
Вай ҳамчунин муаллифи мақолаҳои фалсафиии “Марг, яъне баъд чӣ?”, “Азамати ниҳонии инсон” мебошад.
Чун фашистон дар Олмон ба сари ҳокимият омаданд, таъқиб шуд ва соли 1938 боздошт гардид. Аммо ҳамагӣ ду моҳ дар ҳабс монд, баъди эътирози ҷомеаи илмӣ ӯро озод карданд. Соли 1940 ҳама гуна иттиҳомот аз ӯ бардошта шуд ва соли 1944, чун Артиши Сурх наздик меомад, мисли дигар сокинони Тилзит аз шаҳр берун шуд. Марг ӯро дар Детмолд ёфт. Соли 1991 ӯро дигарбора дар Битенай гӯрониданд.
Соли 1835 омӯзгор, мунаққид, рӯзноманигор ва нависандаи аҳли Италия Алессандро д’Анкона ба дунё омад.
Соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд шоири тоҷик Абдуҷалил Воситзода ба дунё омад. Аввалин китоби ӯ «Шеърҳо дар бораи табиат» соли 1955 чоп шуда, мавриди диққати хонандагон қарор гирифтааст ва аксари шеърҳои он ба китобҳои хониши синфҳои ибтидоӣ ворид шудаанд.
Китобҳои дигараш «Дар соҳили Сир» (1958), «Ҷавоби Савсан» (1959), «Дилоро» (ҳикояҳо, 1964), «Подоши садоқат» (1968), «Фарзанди Қаратов» (1971), «Оинаи дил» (1979), «Гуфтор бо дил» (1984), «Маснади иқбол» (1987), «Баҳори бехазон» (1990) ва ғайра пайиҳам ба табъ расидаанд.
Соли 1999, ба муносибати 90-солагии зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон шодравон Раҳим Ҷалил, «Меҳрнома»-е ба чоп расондааст.
Мунтахаби ашъори ӯ «Баҳори Аҷам» соли 2001 чоп шуда, «Ашкҳои сӯзон» ном дафтари нави ғазалҳояшро ҳам дар бар гирифтааст.
Чанде аз асарҳои шоирону нависандагони русу халқҳои бародари шӯравиро, монанди М.Светлов, М.Бажан, М.Терешенко, Г.Леонидзе, Н.Бараташвили, И.Ҷонсуғуров, С.Абдулло, В.Терян, Махдумқулӣ ва ғ. ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп кунондааст.
Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
29 июли соли 2005 аз олам рафт.
Соли 1908 нависандаи рус Александр Иванович Эртел аз олам гузашт. Ӯро аз ҷумлаи нависандагони халқгарои рус медонанд. Машҳуртарин романи ӯ “Гарденинҳо, хидматгорон, пайравон ва душманони онҳо” буд.
Повестҳои “Дӯшиза Волхонская”, “Обҳои минералӣ”, “Марди хасис”, “Ду ҷуфт” низ аз ӯст.
Соли 1912 дар Авинон нависанда ва филмноманависи фаронсавӣ Пйер Бул ба дунё омад. “Вилям Канрод”, “Пули рӯдхонаи Квай”, “Сайёраи маймунҳо”, “Аккос”, “Наҳанги Виктория”, “Шер”, “Ҳикояти аҳмақона” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1918 шеъри Александр Блок “Скифҳо” дар рӯзномаи «Знамя труда» чоп шуд. “Скифҳо” ва достони “Дувоздаҳ” охирин навиштаҳои Блок мебошанд ва тавре мунаққидонаш мегӯянд баъди ин ду асар то дами марг чизи дигаре аз ӯ нашр нашуд. Ин шеърро шоир баъди достони “Дувоздаҳ” муддати ду рӯз, рӯзҳои 29-30 январи соли 1918 эҷод кардааст.
Александ Блок нависанда, мақоланавис, намоишноманавис, тарҷумон, адабиётшинос, яке аз бузургтарин намояндагони машҳури адабиёти рус буд, ки 28-уми ноябри соли 1880 дар Санкт-Петербург ба дунё омадааст.
Шеърҳои Блок ба қалами шоирони маъруфи тоҷик Қутбӣ Киром, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Баҳром Фирӯз, Ҳикмат Раҳмат ва дигарон ба тоҷикӣ баргардон ва дар чандин маҷмуаҳо нашр шудаанд. Ин амр, махсусан, соли 1980-соли ҷашни 100-солагии Блок ки дар Тоҷикистон ҳам баргузор шуд, ба таври густарда сурат гирифт
Соли 1940 дар деҳаи Муллоҷони ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон шоири маъруфи тоҷик Ғойиб Сафарзода таваллуд шуд. Соли 1957 мактаби миёнаи №6-и н.Восеъро бо медали нуқра хатм карда, ҳамон сол муҳассили факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шудааст. Аз соли 1962, баъди хатми донишкада солиёни дароз дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» кор кардааст.
Аввалин шеърҳояш аз солҳои донишҷӯйӣ ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Корвони орзу» соли 1969 пешниҳоди хонандагон гардидаа
Дар эҷодиёти ӯ публитсистика ва жанрҳои гуногуни он (очерку сафарнома ва мақолаҳои проблемавӣ), ҳамчунин, танқиди адабӣ мақоми хоссае доштанд. Аз ҷумлаи зиёиёни сарсупурда ва миллатдӯсту ватанпарвари кишвар аст, ки дар қатори аввалинҳо барои покизагӣ ва мақоми шоистаи забони модариамон мубориза бурдаанд.ст. Маҷмӯаи дигари офаридаҳояш «Ошёни офтоб» соли 1973, «Мероси ҷавонӣ» соли 1978, ва «Куллиёт»-аш соли 2011, «Мунтахабот» китоби 2 (2011) баъди марги фоҷибораш, ба табъ расиданд.
Шеърҳои алоҳидааш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва дигар халқҳо тарҷума шудаанд. Худи ӯ намунаҳоеро аз ашъори шоирони русу белорус, арману литвонӣ ва гурҷиву озарӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи шеърҳои классики адабиёти арман Сайёди Наворо хеле устокорона анҷом додааст.
Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1972 дар дар синни 32-солагӣ дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.
Соли 1925 нависанда ва фаъоли ҷамъиятии Африқои Ҷанубӣ Алекс Ла Гума ба дунё омад. Вай писари коммунист ва муборизи роҳи озодии халқҳо Ҷеймс Ла Гума буд.
Повести “Оворагардиҳои шабона”, “Охири масими туманҳо”, романҳои “Вақти чарғ”, “Кишвари сангӣ” маҳсули қалами ӯ мебошанд.
Соли 1948 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ адабиётшиноси маъруф, доктори илмҳои филология, барандаи ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ Мирзо Муллоаҳмад ба дунё омад. Муфассалтар дар бораи донишманди шинохта аз ин матлаб бихонед:
Соли 1938 шоири рус Борис Петрович Корнилов парронда шуд. Ӯро барои ширкаташ дар ҷунбиши пайравони Тротский боздошт карда буданд. 5-уми январи соли 1957, баъди маргаш сафед шуд ва дар гузориш омада: “дар амалаш нишони ҷиноят набуд”.
Дар бораи ин адиб матлаби дигаре дорем бо номи “Дасти Иттиҳоди нависандагон дар қатли Борис Корнилов”, ки лутфан ба он таваҷҷуҳ намоед.
Соли 1949 шоир, нависанда ва таронасарои Иттиҳоди Шӯрави В.И. Лебедев-Кумач тарки олам кард. Вай донишомӯхтаи Донишгоҳи давлатии Москав буд. Муаллифи сурудҳо барои кинофилмҳои “Бачаҳои хушбахт”, “Сирк”, “Бачаҳои капитан Грант”, “Волга-Волга”. Матни таронаи машҳури “Ҷанги муқаддас” ҳам Лебедев – Кумач навиштааст, ҳарчанд солҳои охир атрофи муаллифи ин шеър дар матбуоти Русия баҳсҳо буданд ва иддаеи исбот мекарданд, ки муаллифи аслӣ Александ Боде, як муаллими мактаб аст, ки ин шеърро ҳанӯз соли 1916 навишта буд.
Баъдан Кумачро дар бисёр ҳолатҳо ба асардуздӣ муттаҳам карданд. Ҳатто борҳо ин гуноҳи ӯ исбот шудаву, аммо чун роҳбарияти Шӯравӣ, бахусус Сталин пуштибони ӯ буд, ин ҳама нодида гирифта мешуд.
Мавзӯи плагиат дар осори Лебедев – Кумач як баҳси тӯлонист, ки мақолаи алоҳида мехоҳад.
Таҳияи Б.Шафеъ.