Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 9 – уми феврал
Соли 966 хаттоти ҷопонӣ Оно-но Митикадзе, яке аз Сансеки (Се изи муқалам) вафот кард.Оно-но Мичиказе ё Оно но Тофу яке аз ба истилоҳ Сансеки 三跡 (Се аломати муқалам), дар баробари Фудҷивара но Сукемаса ва Фуҷивара но Юкинарӣ, Мичиказе асосгузори услуби хаттоти ҷопонӣ ё вайшодо (様書道) маҳсуб мешавад, ки дар Ҷопон маълуму машҳур аст. Ӯ ҳамчунин бо номи Ясеки Тофу маъруф буд.
Соли 1441 дар Ҳирот шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии турк ва ходими давлатӣ Мир Алишер Навоӣ ба дунё омадааст. Падари Навоӣ Ғиёсуддин аз амалдорони дарбори Абулқосим Бобур (солҳои ҳукмрониаш 1449–1457) буд. Ӯ ба адабиёт шавқи шавқи дошт ва бо аҳли завқ сӯҳбатҳо меорост. Модараш аслан аз Кобул буда, дар хонадони Тимуриён дояи кӯдакони онҳо будааст. Навоиро дар чорсолагӣ ба мактаб ниҳоданд. Вай бо ҳокими ояндаи Хуросон Ҳусайни Бойқаро (солҳои ҳукмрониаш 1470–1506) дар як ҷо тарбия гирифтааст. Дар мактаб ба Навоӣ мувофиқи анъанаи он замон, бар замми хату савод ва заруриёти динӣ, асарҳои «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ, инчунин «Мантиқу-т-тайр»-и Атторро низ таълим додаанд. Аз гуфтаи худи Навоӣ бармеояд, ки таҳсили расмии ӯ бо забони туркӣ ва арабӣ гузаштааст.
Адиб дар шеърҳои тоҷикӣ-форсӣ тахаллуси Фонӣ ва дар шеъҳои туркӣ тахаллуси Навоиро интихоб кардааст. Бинобар ин ҳамзамононаш ба ў «зуллисонайн» (соҳиби ду забон) тахаллуси иловагӣ дода буданд.
Алишери Навоӣ аксарияти асарҳояшро ба забони модариаш – туркӣ иншо кардааст. То замони Навоӣ бо забони туркӣ-узбекӣ эҷод намудани достонҳои бузургро ғайриимкон мешумориданд. Навоӣ аввалин шуда ин назарияро ботил шуморид ва барои исботи ин панҷ достон эҷод кард. Онҳоро Навоӣ дар пайравии «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва «Ҳафт авранг» – и Абдурраҳмони Ҷомӣ навиштааст.
Ҷамъи абёти «Хамса» зиёда аз 27 ҳазор байтро ташкил медиҳад. Инчунин бо забони туркӣ-узбекӣ чаҳор девон дорад, ки маҷмӯи асарҳои лирикии шоир буда, 24 хазор байтро ташкил медиҳанд. Маснавиҳои «Лисону-т-тайр» («Забони мурғон»), «Панднома», «Чиҳил ҳадис», «Маҳбубу-л-қулуб» низ ба қалами Навоӣ тааллуқ доранд. Навоӣ инчунин ба забони модариаш дар бораи ҳаёту эҷодиёти нависандагони ҳамзабонаш «Маҷолису-н-нафоис» ва оид ба қоидаву қонуни вазни арӯз «Мизону-л-авзон»-ро меофарад.
Соли 1783 дар деҳаи Мишенское, ноҳияи Белевскии вилояти Тула шоир, мутарҷим ва мунаққиди рус Василий Жуковский таваллуд шудааст.
Ба шарофати тарҷумаи афсонаҳои “Маликаи хуфта” ва “Афсонаи подшоҳ Берендей” ҳамчун эҷодкор машҳур гаштааст. Роҳи эҷодии Василий Жуковский душвор ва пурпечутоб буд. Нависанда бо шеъру наср рўзи худро гузаронида натавонист, аз ин рӯ ба тарҷума машғул шуд. Ба истеъдоди Жуковский дар ин ҷода Платон Бекетов – соҳиби матбааи калонтарин баҳои баланд додааст.
Василий Жуковский гоҳ-гоҳ ба бачагон барои илмомўзӣ, аз ҷумла адабиёт кўмак мекард. Муоширати пайваста бо писарону духтарони синну соли гуногун ўро ба афсонанависӣ водор кард. Барои эҷоди ҳафт афсона, ки то имрӯз миёни кўдакон ва калонсолон машҳуранд, ба Жуковский тақрибан 30 сол лозим шуд. Ба қалами Василий Андреевич афсонаҳои «Карбункули сурх», «Қиссаи подшох Берендей», «Маликаи хуфта», «Ҷанги мушу қурбоқаҳо», «Дарахти лола», «Гурбаи мўзапўш», «Қиссаи Иван Саревич ва гурги хокистарранг» тааллуқ доранд.
Василий Андреевич тасвири олами хаёлӣ, пурасрор ва қисман даҳшатнокро дўст медошт, ки ҳамаи ин дар афсонаҳояш инъикос ёфтааст.
Баъзан таваҷҷўҳи нависанда ба самти шеъри миллӣ дода мешуд. Эҷодкор кӯшиш мекард, ки дар китобҳои афсонавӣ асрорангезии Аврупо ва фолклори маҳаллиро муттаҳид кунад. Як сол пеш аз маргаш Жуковский ду шеъри пурафсун «Гурбача ва бузича» ва «Паррандаи хурдакак»-ро навишт. Муаллиф ин асарҳоро ба духтару писараш бахшидааст.
Соли 1875 дар деҳаи Косатароши ноҳияи Балҷувон шоири мардумии тоҷик Бобоюнус Худойдодзода ба дунё омадааст. Падараш марди камбағале буда, дар шӯриши Восеъ иштирок доштааст.
Аз ҷавонӣ ятим монда мардикорӣ мекардааст. Соли 1916 барои кор дар ақибгоҳи аскарони рус ба Русия фиристода шуда, Инқилоби Октябрро соли 1917 дар Тошканд пешвоз гирифтааст, ки достонҳои ӯ «Революция» ва «Дар бораи Ленин» зодаи ҳамон айёманд.
Соли 1919 ба зодгоҳаш баргашта, дар бунёди ҳаёти нав ҳисса гузоштааст. Аз аввалин аъзои колхози навташкил буда, дар муборизаи зидди босмачиён иштирок доштааст. Яке аз бунёдкорони роҳи мошингарди Сталинобод- Кӯлоб будааст.
Дар мактаби шеъру суруди халқӣ ба воя расида, дар бистсолагӣ «Гурӯғлӣ»-ро азбар кардаву дар байни мардум ҳунарнамоӣ мекардааст. Сурудҳои эҷодкардаашро хонда бойҳои бераҳмро ҳаҷв карда, мардумро ба ҳаётдӯстӣ ва азму талош даъват менамудааст.
Гӯяндаи мумтози қиссаҳои «Оймаҳмад», «Ҳотам», «Кар», «Гулъизор», «Шаҳри Мунг» ва ғ. будааст.
Шеърҳои патриотии «Дар бораи Таня», «Сафар Амиршо», «Баҳодурони шаҳри Ленин», «Муҳаммадӣ Иброҳимов» ва ғ. дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иншо шудаанд.
«Достони Восеъ» аз муборизаи ҷасуронаи мардуми далери куҳистони кишварамон барои бахту саодату озодӣ қисса мекунад.
Сурудаҳои ӯ дар китобҳои алоҳида, аксаран, фолклорӣ, ҷамъоварӣ ва чоп шудаанд. Чанде аз офаридаҳояш ба русӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.
Аз соли 1941 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
27 майи соли 1945 аз олам даргузашт.
Соли 1881 дар Санкт-Петербург нависандаи рус Фёдор Достоевский дар синни 59-солагӣ даргузашт. Фёдор Михайлович Достоевский яке аз барҷастатарин ва маъруфтарин адибон ва мутафаккирони рус дар ҷаҳон аст. Ӯро нависандаи таъсиргузор ба адабиёти ҷаҳон меноманд. Муҳимтарин вижагии романҳои ӯ равонковист. Бисёриҳо ӯро маъруфтарин нависандаи равоншиносӣ ном мебаранд. Аксари достсонҳои вай ба мисли шахсияти худаш саргузашти мардумест исёнзада, бемор ва равонпарешон.
Вай аз тарҷумонӣ ба нависандагӣ расидааст. Аввалин романи Достоевский «Бечорагон” соли 1845 навишта шуда, онро Некрасов дар «Маҷмӯаи Петербург» нашр кардааст. Достоевский яке аз аъзоёни маҳфили Петрашевский буд, ки ҷонибдорони сотсиализми хаёлии Фаронсаро муттаҳид мекард. Соли 1849 барои иштирок дар ин маҳфил нависандаро ба ҳабс гирифта, ба қатл маҳкум карданд, ки баъдан он ба чор соли кори вазнин ва бадарға ба Сибир иваз карда шуд. Соли 1859 ба Достоевский иҷозат дода шуд, ки аввал дар Твер ва баъдтар дар Петербург зиндагӣ кунад. Дар ин замон ў ҳикояҳои «Хоби амак», «Деҳаи Степанчиково ва сокинони он», романи «Таҳқир ва тавҳиншудагон”-ро ба табъ расонд. Қариб даҳ соли азобу машаққати ҷисмонӣ ва маънавӣ таъсирпазирии Достоевскийро ба ранҷу азоби одамон пуршиддат кард.
Нависанда соли 1865 ҳангоми дар хориҷа буданаш дар истироҳатгоҳи Висбаден барои беҳтар намудани саломатии худ ба навиштани романи «Ҷиноят ва ҷазо» шуруъ кард, ки дар он ҷустуҷўи роҳи мураккаби ботинии ў инъикос ёфтааст. Аз соли 1873 нависанда сармуҳаррири маҷаллаи «Гражданин» шуд ва дар саҳифаҳои он ба нашри «Рӯзномаи нависанда» оғоз кард, ки дар он замон барои ҳазорон мардуми рус омӯзгори ҳаёт гардид. Дар охири моҳи май соли 1880 Достоевский ба Москва омад ва дар м аросими ифтитоҳи пайкараи А.Пушкин ширкат кард. Саломатии нависанда рўз то рўз бад мешуд ва 9 феврали соли 1881 Достоевский дар Петербург вафот мекунад.
Ғарй аз асарҳои номбаршуда Достоевский боз муаллифи романҳо ва достонҳои “Ёддоштҳои зеризаминӣ”, “Шабҳои сафед”, “Қиморбоз”, “Обила”, “Ҷинзадагон”, “Ҷавони хом”, “Бародарон Карамазовҳо” мебошад.
Аксари романҳои машҳури Достоевский ба тоҷикиӣ низ тарҷума шудаанд.
Соли 1885 дар Москва аввалин Китобхонаи ройгон бо номи Иван Сергеевич Тургенев кушода шуд.
Соли 1925 нозири сиёсӣ, нависанда, муаррих Валентин Сергеевич Зорин ба дунё омадааст.
Ў бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», орденҳои «Инқилоби Октябр», «Дӯстии Халқҳо», «Нишони Фахрӣ», «Шараф» (2003), «Дӯстӣ» (2009), Александр Невский (2015) ва ғайра сарфароз гардонида шудааст.
Барандаи ҷоизаҳои давлатии СССР ва РСФСР, ҷоизаи ба номи Воровский дар соҳаи рўзноманигори байналхалқӣ мебошад.
Валентин Сергеевич Зорин муаллифи 32 филмномаи телевизионӣ, аз ҷумла аз силсилаи “Амрикои солҳои 70-ум” ва “Подшоҳони бетоҷи Амрико” мебошад.
Соли 1926 нависандаи рус Лариса Михайловна Рейснер вафот кард.
Лариса Райснер нависандаи рус ва шӯравӣ, шоира, рӯзноманигор, инқилобӣ. Яке аз занҳои зеботарини даврони ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки хеле бармаҳал дар синни сисолагӣ вафот кардааст.
Умри кўтоҳи шоира ва инқилобӣ Лариса Райзнерро аксар вақт ба метеорите монанд мекунанд, ки дар зиндагии бисёр одамони машҳур осори амиқ гузоштааст. Дар як муддати кутоҳе, ки тақдир ба ӯ дода буд, зебоии афсунгараш тавонист на танҳо ҳамчун нависанда, балки ҳамчун иштирокчии ҷанги шаҳрвандӣ осори дурахшонтаринро гузорад. «Валкирияи инқилоб» (валкирия – фариштаҳои ҷанг дар асотири Скандинавияи қадим), ки ҳаётро дўст медошт, дар айёми пурҷўшу хуруши умраш вафот кард ва марги ў муддати дароз ба назари ҳамзамононаш чизи бемаънӣ ва номумкин ба назар менамуд.
Соли 1913 бори аввал пйесаи қаҳрамонию романтикии ў «Атлантида» нашр шуд.
Солҳои 1915-1916 ҳамроҳи падараш маҷаллаи адабии «Рудин»-ро нашр мекунад, ки вазифаи он «бо воситаи ҳаҷв, расмҳои ҳаҷвӣ ва китобчаҳо рўйи об овардани тамоми зиштҳои зиндагии рус» ба шумор мерафт. Аммо ин маҷалла ҳам агӣ 8 шумора чоп шуд.
Соли 1927 дар деҳаи Симуганҷи ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат) шоири тоҷик Нӯъмон Розиқ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1942 мактаби миёна, соли 1958 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расонда, чанде муаллимӣ кардааст.
Аз солҳои донишҷӯйӣ ба шеъргӯйӣ сар карда, асосан барои кӯдакон шеър гуфтааст. Ашъораш дар китобҳои «Мусичаҳо нодон не» (1965), «Телефони гунҷишк» (1968), «Гулмоҳӣ» (1971), «Бузғолаи бозингарак» (1974), «Лона» (1977), «Файзи баҳор» (1977), «Гулбоғ» (1981) ва ғайра ба табъ расидаанд.
Китобҳои «Одуванчик» (1975) ва «У меня много друзей» (1981)-и ӯ ба забони русӣ мунташир гардидаанд. Дастае аз ашъораш ба забонҳои украинӣ, литвонӣ ва ӯзбекӣ ҳам тарҷума ва чоп шудаанд.
Ҳикояҳояш дар маҷмӯаи «Гавҳари тиллоӣ» (2010) фароҳам омадаанд.
Вакили мардумии порлумони ҷумҳурӣ (даъвати 7) будааст. Бо нишону ифтихорномаҳои гуногун сарфароз гардидааст. Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
2 апрели соли 1982 аз олам даргузашт.
Соли 1940 дар Кейптаун нависандаи Африқоии Ҷанубӣ Ҷон Кутзее таваллуд шудааст. Ў барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2003 буд, ҳамчунин ду маротиба ҷоизаи Букерро (1983 ва 1999) низ ба даст овардааст.
Кутзее аввалин романи худро бо номи “Замини тира” соли 1974 нашр кардааст.
Дар романи «Дар қалби кишвар» (1977) саргузашти ҷудоӣ ва танҳоии зане, ки падари пиру танҳои худро парасторӣ мекунад ва оҳиста-оҳиста дар чорроҳаи ҷаҳони воқеӣ ва хаёлӣ роҳгум задааст, тасвир мекунад.
Инчунин ба қалами ў асарҳои «Интизории барбарҳо» (1980), «Ҳаёт ва замони Майкл К.», «Беномусӣ» (1999) ва “Кӯдакии Исо” (2013) таалуқ доранд.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.