Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 30 – уми март

Рузи адабиётСоли 1844 шоири фаронсавӣ ва аз чеҳраҳои мактаби импрессионизм ва намодгароӣ (символизм) дар шеъри Фаронса Пол Верлен ба дунё омад.

Соли 1864 нависандаи кӯдакнавис ва тарҷумони рус Анна Петровна Зонтаг дар синни 78-солагӣ аз олам гузашт. Вай 17 июли соли  1785 ҳангоме, ки хонаводаи онҳо ба Москав равон шуд, норасид дар роҳ ба дунё омад.

Тарҷумаи китоби Волтер Скот “Зиндони Эдинбург” ба забони русӣ маҳсули қалами ӯст.

Анна Зонтак муаллифи беҳтарин китобҳо барои кӯдакон мебошад.

anna-kareninaСоли 1873 Лев Толстой ба навишатни романи “Анна Каренина” оғоз кард. Романи “Анна Каренина” яке аз беҳтарин асарҳои адиби шинохта мебошад, ки дар адабиёти ҷаҳон аз ҷумлаи ҷолибтарин офаридаҳои адабӣ ба шумор меравад.

Он як романи печида дар ҳашт қисмат, бо 12 шахсияти аслист. Муҳтавои роман дар меҳвари хиёнат, имон, хонавода, издивоҷ, тасвири ҷомеаи ашрофии Русия, орзу ва зиндагии воқеъии рустоиён ва шаҳриён давр мехӯрад.

Он дар бораи фоҷеаи муҳаббати зани шавҳардор Анна Каренина ва афсар Алексей Вронский дар пасманзараи ҳаёти хушбахтонаи оилавии Константин Лёвин ва Кита Шербатская нақл мекунад.

Лев Толстой тавонистааст ҳаёти ахлоқии муҳити дворянии Петербург ва Москавро дар нимаи дуюми асри XIX басо ҷолибу хонданӣ ба қалам кашад.

Ин роман ба забони тоҷикӣ низ тарҷума нашр шудааст.

Соли 1895 нависанда, филмноманавис ва коргардони Фаронсавӣ Жан Жионо таваллуд шудааст. Дар миёни офаридаҳои ӯ бештар асари сегонаи “Пан”, ки ба худои юнониён Пан ва таълимоти ӯ бахшида шудааст, машҳур мебошад. Ӯро ҳамчунин бо китоби “Сафар ба Италия” ва ҳикояи “Шахсе, ки дарахт мешинонд” мешиноснад.

Аз рӯи бисёре аз асарҳои ӯ коргардонҳои машҳури Фаронса Марсел Панол, Жан-Пол Раппно, Раул Руис филмҳо бардоштаанд.

zhan-moreasСоли 1910 дар Сен-Манд дар синни 53-солагӣ шоири аҳли Фаронса Жан Мореас тарки олам кард. Номи аслии ӯ Иоаннес А. Пападиамантопулос буда, 15-уми апрели соли 1856 дар Афина ба дунё омадааст.

Жан Мореас писари як додрас буд. Аз соли 1875 дар Порис зист. Ӯ худро шогирди вафодори шоирони фаронсавӣ Шарл Бодлер ва Пол Верлен меномад.

Дар осораш пайравӣ ба мактаби намодгароӣ ҳисс мешавад, ҳатто муҳаққиқон мегӯянд дар асл яке аз назарияпардозони символизм буд.

Соли 1890 китоби Мореас бо номи “Мусофири пурғайрат” чоп мешавад ва баъди он эълон мекунад, ниёз аст, ки адибон ба равияҳои классикии тасвирҳои адабӣ баргарданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯро ихтирогари истилоҳи “символизим” меноманд ва дар асараш “Манифести символизм”, ки соли 1886 чоп шуда буд, ин равияро аз нигоҳи назариявӣ шарҳу эзоҳ додааст.

Баъдтар (1891) “мактаби роман”-ро поягузорӣ кард ба рӯи кор омадани асарҳо дар равияи неокласизм ва шеъри модерн сабаб шуд. Мореас даъват менамуд, ки адибон бояд ба тасвирҳои классикии адабиёти Фаронса баргарданд, ҳамон тасвирҳои нобе, ки символизм онҳоро фаромӯш кардааст.

Соли 1948 дар Бостон нависандаи аҳли Канада, барандаи ҷоизаи “Небюлло” ва “Ҳюго” Ҷинн Робинсон таваллуд шуд. Вай ҳамсари нависанда Спайдер Робиносн буд.

viktor-viktorovich-koneckiСоли 2002 нависанда ва филмноманависи рус  Виктор Викторович Конетский вафот кард. Вай 6 июни соли 1929 дар шаҳри Ленинград таваллуд шуда буд.

Аввалин ҳикояи ӯ бо номи “Дар баҳр” соли 1956 дар маҷаллаи адабии “Молодой Ленинград” чоп шуд ва соле баъд нахустин маҷмуаи ҳикояҳояш бо номи “Бодғар”  ба нашр расид ва бо тавсияи Рахманов, Панов ва Михаил Светлов ба узвияти Иттиҳоди нависандагон пазируфта шуд.

Охири соли 1963 майлаш ба машрубот дучанд шуд ва гирифтори шаробхорӣ гашт. Лозим омад барои муолиҷа ба шуъбаи наркологии бемористон Бехтерев бистарӣ шавад.

Соли 1964  ба кори маллоҳӣ рафт ва то рутбаву вазифаи капитан расид.

Таҳияи Б.Шафеъ