Ҳамсарони сафирон ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд

Инҳо хонумони сафирони  Туркманистон, Дания, Куриё, Қазоқистон ва Фаронса буданд, ки дирўз аз Китобхонаи миллӣ боздид намуда, аз таърихи китобхона огоҳ шуданд ва бахши пазириш, шуъбаҳои кўдакон ва наврасон, хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдудро дидан намуданд.

Маҳсули ҳунраҳои дастӣ, ки дар шуъбаи маълулон ба намоиш ва фурӯш гузошта шудааст, диққати меҳмононро ба худ кашид ва онҳоро водор намуд, ки аз корҳои дастии ин шуъба харидорӣ намоянд. Ба гуфтаи завҷаи сафири Қазоқистон шуъбаи мазкур шароит ва имконоти хуб дорад ва мо маҳсули кори шахсони нуқсонҳои ҷисмидоштаро на танҳо барои кўмак ба ин гуна ашхос харидем, балки воқеан зебо ва арзишманд аст.

Зимни сайёҳати ҳамсарони сафирони як зумра кишварҳо, ки болотар ишора шуд, дар шуъбаи кўдакон ва наврсаон маҳфил бахшида ба ҷашни Навўзро ҷараён дошт, ки аз тамошои он меҳмонони олимақом аз фарҳангу тамаддуну таърих ва русуми мо бештар иттило гирифтанд.

Ташрифи меҳмонони олиқадр ба толори хизматрасонӣ ба истифодабарандагон, толори хониши электронӣ, шуъбаи феҳристнигорӣ идома кард.

Хонуми сафири Русия аз шароити хубу ором барои мутолиакунандагон изҳори хушнудӣ намуд.

Роҳбаладон боздидкуннадагонро ҳамчунин ба дидани мусаввраи таърихии Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шариф, ки табақаи сеюми бинои китобхонаро зиннат медиҳад, бурданд.

Тамошои асари тасвирии Сабзалӣ Шариф таъсири фаровон рўи онҳо гузошт, аз ҷумла ҳамсари сафири Куриё хонуми Джоу изҳор дошт, ки  мехоҳад дар назди ин тасвир соатҳо нишаста аз тамошои шоҳасар лаззат бара.

Хатсайри меҳмонон то толорҳои намоиши китобҳои тозанашр, осорхонаи китобхона ва шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир идома ёфт.

Меҳмонон ба шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва гўшаи кишварҳои ҷаҳон ташриф бурданд. Айдана завҷаи сафири Қазоқистон аз гӯшаи кишвараш дидан намуд ва ваъда дод, ки барои гўшаи Қазоқистони шуъбаи зикршуда китоб оид ба таомҳои миллии Қазокистонро ҳадя мекунад, зеро он китобро дар ин гӯша надидааст.

Онҳо ваъда доданд, ки дубора бо хонаводаашон меҳмони Китобхонаи миллӣ гардида, аъзои он мегарданд.

Раҳима АЗАМ,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.