Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4 – уми май

Як-рузи-таърих-04-05-2023Соли 1749 дар шаҳри Лондон нависанда ва шоири англис  Шарлотта Тёрнер Смит (номи духтарӣ: Тёрнер)  дар хонаводаи заминдор ба дунё омад.  Дар синни 15-солагӣ ба писари тоҷири овозадор ва директори ширкати Ост-Ҳиндустон Ричард Смит ба шавҳар баромадааст. Соҳиби 12 фарзанд шуд, вале танҳо 6 нафари онҳо зинда монданд.

Аммо зиндагӣ бо писари миллионер баъди марги падараш барояшон хуш набуд. Шавҳар сарватеро, ки аз падараш ба ирс бурда буд ва бахше аз пули ҳамсарашро ба бод дод ва қарздор ба ҳабс уфтод Шарлота қарзи шавҳарро пардохт ва ба хотири фирор аз чашми қарздорони дигар онҳо ба Фаронса рафтанд. Соли 1785 ба Англия баргаштанд. Аммо дигар муносибати оилавии хуб надоштанд. Саранҷом Шарлота баъди 22 соли ҳамхонагӣ шавҳарро тарк кард. Соли 1806 шавҳари собиқ дар ҳабс фавтид ва Смит билохира тавонист як қисмат аз пулҳоеро, ки ба ӯ тааллуқ доштанд, бигирад.

Шарлотта-Смит

Солиёни дароз баъди ин ҷудоӣ ӯ низ бемор буд ва дар поёни умраш амалан фалаҷ шуда буд.

Саҳми Шарлота дар эҳёву рушди сонета ва романҳо барои занон бузург аст.

Шарлотта Смит 28-уми окттябри соли 1806 дар шаҳри Тилфорди графнишини Суррей дар синни 57-солагӣ  аз олам гузашт.

Тарас-Григорьевич-ШевченкоСоли 1838 нависандаи маъруф Тарас Григоревич Шевченко аз крепостноӣ харидаву озод карда шуд. Қиссаи ин рӯйдоди барои адиб муҳим дар хотироти ӯ чунин нақл шудааст: “Бо соҳиби ман Жуковсикий маслиҳату машварати пешакӣ дошт ва аз Брюллов (рассоми рус) хоҳиш кард, ки портрети ӯро бикашад, то онро дар бозии лотерея гузоранд. Брюллови бузург розӣ шуд ва ба зудӣ ин портретро омода кард. Жуковский бо кумаки граф Виелгорский ин лотереяро ба арзиши 2500 рубл ба бозӣ гузошт ва бо он озодии ман харида шуд…”

Шевченко 9 марти соли 1814 дар деҳаи Моринси уезди Звенигороди гебернияи Киев зода шуд. Вай бештар шеъру достон навиштааст ва асарҳои ӯро ганҷинаи бебаҳои адабиёти Украина медонанд. Аммо ӯ як нависандаи чирадасте ҳам буд, ки ҳикояҳо, повестҳо ва рӯзномаҳои мондагор дорад.

Шевченко ба забони русӣ ҳам эҷод кардааст, аз ин рӯ, ӯро ба адабиёти рус ҳам мансуб медонанд.

Вай 10-уми марти соли 1861 дар шаҳри Санк-Петербург аз бемории обовардагии шикам (анг. Ascites) вафот кардааст.

Шевченко ҳамагӣ 47 сол умр дид ва аз ин 27 сол дар қаламрави имрӯзаи Русия зиндагонӣ кард.

Шевченко каме пештар аз маргаш ба навиштани китоби дарсӣ ба забони украинӣ оғоз карда буд.

Соли 1839 дар деҳаи Верхняя Мазаи губернияи Симбирск дар синни 54-солагӣ шоири рус Денис Давидов аз олам рафт. Вай як марди ҳарбӣ бо рутбаи генерал-лейтенант ва аз ҷумлаи фармондеҳони ҳаракати чирикӣ (партизанӣ) дар соли Ҷанги Ватании 1912 буд.  

Доро-НаҷотСоли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ шоир, нависанда, тарҷумон ва қомуснигори тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот таваллуд ёфтааст.

Фаъолияти эҷодии Доро Наҷот дар авохири солҳои шастум оғоз ёфтааст. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Соҳиби кӯҳсор» (1979), «Шабнам» (1983), «Дарав» (1986), «Хирмани Маҳтоб» (1989), «Тулӯъе дар ғуруб» (1998), «Меоям аз шигифт» (2013) ва ғайра мебошад.

Муаллифи рисолаи «Шайх Абулқосими Гургонӣ»-ст, ки дар авроқи он масоили марбут ба таърихи тасаввуф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Фарҳанги «Доро»-и ӯ дар ду ҷилд зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ соли 2021 чоп шуд, ки як луғатномаи тафсирии навини беназирест, ки шарҳи беш аз бисту панҷ ҳазор вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораҳои рехтаи форсии тоҷикиро дар бар гирифта, суннати деринасоли фарҳангофаринии миллиро тадовим бахшида, дар тарвиҷу таҳкими минбаъдаи забони муштараки форсизабонони ҷаҳон ҳиссаи даркорӣ хоҳад гузошт.

Доро Наҷот ба сифати яке аз муваффақтарин гӯяндагони «шеъри сафед» дар Тоҷикистон эътироф гардида, соли 2012 барои китоби ашъори «Меоям аз шигифт» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.

Ашъори алоҳидаи ӯ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва дар бархе нашрияҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидаанд. Як идда аз ашъори А.Блок, Ф.Тютчев, А.Ахматова, В.Соколов, М.Дудин, шоири украин Д.Павличко ва шоири ӯзбек Омон Матчонро ба тоҷикӣ гардондааст.

Шоири халқии Тоҷикистон (2020).

Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Тилло-ПӯлодӣСоли 1912 дар деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнони ВМКБ шоири тоҷик Тилло Пӯлодӣ таваллуд шуд. Дар нахустин макотиби шӯравӣ хатту савод бароварда, то соли 1935 муаллими синфҳои ибтидойӣ будааст.

Соли 1940 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба итмом расонда, вориди аспирантураи донишкадаи мазкур шудааст ва аз ҳамон айём то лаҳзаҳои охири умраш устоди кафедраи адабиёти тоҷик будааст.

Фаъолияти адабияш аз соли 1935 оғоз гардида, дар сафи нахустин вассофони дигаргуниҳои бузурги асри худ қарор гирифтааст. Мавзӯъҳои асосии шеърҳояш муҳаббат ба Ватан, дӯстии халқҳо, меҳнати садоқатмандонаи колхозиён, қаҳрамониҳои сарбозони шӯравӣ дар ҷабҳа мебошанд.

Баробари пешбурди корҳои шоистаи илмӣ ва фаъолияти босамари омӯзгорӣ, пайваста шеърофаринӣ ҳам кардааст. Аз ҷумла, соли 1945 достони «Тӯҳфаи шоир»-ро ба табъ расондааст, ки ба тасвиру дигаргуниҳои бузурги дар Помири Шӯравӣ рухдода бахшида шудааст.

Ҳамчунин, муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Бадахшони озод» (1948), «Номаи бахт» (1958), «Баҳори шодӣ» (1962), «Ленин ҳамеша бо мост!» (1963), «Таронаи Октябр» (1967), «Субхи кишвари ман» (1970), «Меваи Октябр» (1972), «Рози дил» (1982) ва ғ. мебошад.

Соли 1965 гулчини ашъораш «Гул кун, Бадахшон!» ба забони русӣ мунташир гаштааст. Шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Шоирони Тоҷикистон» (Маскав, 1947), «Аз соҳили Панҷ» (1949) ва ғ. чоп шудаанд.

Бо унвони ифтихории «Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон», ордену медалҳои «Нишони фахрӣ», «Барои меҳнати шоён» ва Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон» сазовор гардонида шудааст.

Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

24 июли соли 1974 аз олам даргузашт.

Таҳияи Б.Шафеъ