Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 12-уми май
Соли 1155 дар шаҳри Сзинхуа дар синни 71-солагӣ шоири чиноӣ Ли Синчжао аз олам гузашт. Вай 13 марти соли 1084 дар Личэн, дар империяи Сун дар оилаи марди олим зода шуд. Падараш Ли Гэйэй профессори Академияи Императорӣ дар Бянлян (пойтахти Чин дар замони империяи Сун) буд. Соли 1101 ҳамсари муаррих Чжао Минчэн шуд. Вале рӯйдодҳои таърихии импараторрабоӣ онҳоро водор кард, ки ба ҷануб фирор кунанд.
Онҳо соле дар Нанкин (собиқ пойтахти Чин) зистанд. Соли 1129 Чжао Минчэн бар асари беморӣ даргузашт. Ли Синчжао тани танҳо ба Ханчжоу кӯчид.
Марги шавҳараш таъсири ногуворе ба эҷодиёташ гузошт ва ашъори баъдии ӯ саропо аз дарду алами танҳоӣ ҳикоят мекнуад.
Солу рӯзи марги ӯ дақиқ нест ва мегӯянд миёни солҳои 1145 – 1156 аз олам гузаштааст. Тибқи як фарзия вай 12-уми майи соли 1155 тарки олам кардааст. Аммо Донишномаи британиёӣ хабар додааст, ки Ли Синчжао на пештар аз соли 1155 дар шаҳри Сзинхуа даргузаштааст.
Соли 1700 дар шаҳри Лондон дар синни 68-солагӣ шоир, намоишноманавис, мунаққид ва масалнависи англис Ҷон Драйден тарки олам кард. Ӯ саромади адабиёти англисӣ дар даврони бозгашти подшоҳӣ буд. Дар ҳалқаи адабӣ он давронро ба унвони ”асри дерин” мешиносанд. Ба ҳадде ба қаламкашон муосираш таъсир дошт, ки давраи аз соли 1660 то соли 1700-ро дар таърихи адабиёти англис “асри Драйден” меноманд.
Соли 1790 нависанда, шоир, намоишноманавис, ҷонваршиноси аҳли Дания Йоҳанес Карстен Хаух таваллуд шуд. Аз соли 1916 вориди майдони адабиёт гашт ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи романтизми замони худ ба шумор меравад.
Хаух аслан зоолог буд, рисолаи илмии худро дар ҳамин фан дифоъ кард ва то ба доктори илмҳо расид.
Соли 1872, вақте ба Рум сафар карда буд, аз олам гузашт.
Вай муаллифи чандин романҳои таърихӣ ва шеърҳои лирикӣ мебошад.
Соли 1824 дар шаҳри Москав шоир, муаллифи сафарномаҳои хонданӣ ва очекрнависи рус Елена Сергеевна Горчакова ба дунё омад. Вай яке аз шаш духтари княз Сергей Горчаков буд. Дар хона таҳсил кардааст. Аввалин китобош бо номи “Шеърҳо” соли 1879 чоп шудааст. Солҳои 1880 дар як қатор маҷаллаҳои машҳур шеърҳояш чоп мешуданд.
Китоби очеркҳояш, ки натиҷаи сафарҳояшро гирд овардаанд, бо номи “Хотироти Қрим” соли 1881 нашр шудааст. Дар бораи ибодатгоҳҳои насронӣ ва масҷидҳои мусалмонон як силсила очерку мақолаҳо навиштааст.
Соли 1878 нависанда, намоишноманавис, рӯзноманигор, мунаққиди мусиқӣ, оҳангсоз Массимо Бонтемпелли таваллуд шудааст. Вай аз ҷумлаи нависандагоне ба шумор меравад, ки дар густариш ва пешрафти сабки адабии реализми ҷодуӣ таъсиргузор буд.
“Шоистагии инсон”, “Зиндагӣ ва марги Одриё ва фарзандонаш”, “Зани рӯёҳои ман ва дигар” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд.
Соли 1897 Райнер Мария Рилке (бузургтарин шоири олмонизабон дар садаби 20 милодӣ) нависанда Лу Андреас-Саломеро вохӯрд ва ошиқаш шуд. Ин замоне буд, ки Саломе 36 сол дошт ва Рилке ҳамагӣ 21-сола буд. Саломе ӯро дар ду сафараш ба Русия ҳамроҳ бурд, забони русӣ омӯхт, бо асарҳои Толстой ва Достоевский ошно кард.
Рилке ҳам ба мисли ҳамаи ошиқони Саломане дар манзили ӯ ҳамроҳ бо шавҳараш Андреас муддате зист. Барояш шеърҳои зиёде бахшид. Онҳо чор сол дар ишқу ошиқӣ зистанд ва баъди чор сол Лу мисли дигар ошиқонаш Рилкеро низ тарк кард. Чун Рилке низ ба монанди ошиқони дигараш аз Лу хост, то аз шавҳараш ҷудо шавад.
Баъдан онҳо тамоми умр дӯст монданд ва борҳо Рилке гуфта буд, ки бе ин зан вай роҳи зиндагии худро наметавонист пайдо кунад. То соли 1926, ки риштаи умри Рилке канда шуд, онҳо чун дӯстони ҷонӣ бо ҳам мукотиба доштанд.
Соли 1899 дар Вавр шоири белгӣ ва афсонанавис Морис Карем таваллуд шуд.
Соли 1907 нависанда ва мунаққиди ҳунарии аҳли Фаронсаи қарни нуздаҳум Жорис-Карл Гюисманс аз дунё гузашт. Вай 59 сол дошт. Аз соли 1866 то охири умр мансабдори вазорати корҳои дохилӣ буд.
Соли 1933 дар шаҳри Москав шоири Шӯуравии рус Андрей Вознесенский ба дунё омад. Вай донишкадаи меъмории шаҳри Москавро хатм карда буд. Аввалин шеърҳояшро дар синни 14—солагӣ навишт.
Ӯро аз бузургтарин шуарои зинда дар ҳар замоне меномиданд, ҳарчанд баъзе аз ҳамзамононаш бобати сабки осораш ӯро накӯҳиш ҳам карда буданд. Ба гуфтаи баъзе мунаққидон Вознисенский яке аз ”шуҷоътарин шоирони даврони Шӯравӣ аст”.
Маъруфияташ ба ҳадде буд, ки дар варзишгоҳи пур аз тамошогар ба шеърхонӣ мепардохт ва таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ мекашид.
Вай яке аз аъзои фаъоли ҷунбиши рӯшанфикрии “Бачаҳои даҳаи 60” дар Русия буд. Борис Пастернак (холиқи романи машҳури “Доктори Живого”), яке аз машҳуртарин нависандагони Шӯравӣ ва барандаи ҷоизаи Нобели адабиётро муршид ва устоди худ медонист.
Пас аз маргаш ҳам Вознисенскийро ҳамкасбонаш ва мардум “яке аз шоирони классики зинда” медонистанд.
Вознисенский барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, узви ”Фарҳангистони ҳунар ва адабиёти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” буд.
Соли 1938 нависанда, дигарандеш, рӯзноманигор ва намоишноманависи рус Андрей Алексеевич Амалрик ба дунё омад. Вай муаллифи асарҳои зиёдест, вале ӯро бештар барои китобаш бо номи “Оё Иттиҳоди Шӯравӣ то соли 1984 вуҷуд хоҳад дошт”, ки солҳои 1969, 1970 дар Амстердам чоп шуда буд, мешиносанд.
Соли 1970 дар Стокҳолм дар синни 78-солагӣ шоири маъруфи олмонӣ Нелли Закс тарки олам кард. Вай 10-уми декабри соли 1891 дар Шёнеберги Олмон таваллуд шуда буд. Нелли Загс барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1966 ба шумор меравад. Ашъори машҳури ў «Дар хонаҳои марг», «Гирифтани ситора», «Касе намедонад баъд чӣ мешавад», «Фирор ва тағирот», «Муаммоҳои сӯзон» ба шумор мераванд.
Соли 2022 дар Холони Исроил дар синни 75-солагӣ бар асари бемории шуш шоири яҳудитабори рус, барандаи ҷоизаи ба номи Андрей Белий (2007) ва ҷоизаи Русия (2011) Алексей Светков вафот кард. Вай 2-уми феврали соли 1947 дар Станислави Украина ба дунё омада буд.
Соли 1975 ӯ боздошт ва аз Маскав ронда шуд ва ҳамон сол ба Амрико муҳоҷират кард. Ӯ солҳои 1976-1977 дар рӯзномаи “Русский Life”-и Сан-Франсиско ба ҳайси муҳаррир фаъолият кардааст. Соли 1983 дар Донишгоҳи Мичиган унвони докториро сазовор шуд. Аз соли 1989 дар Мюнхен ва Прага дар Радиои Озодӣ ба ҳайси муҳаррир ва барандаи барномаҳои «Қитъаи ҳафтум» ва «Рӯзномаи Атлантик» кор кардааст.
Аз соли 2007 дар Вашингтон зиндагӣ мекард ва дар аввали соли 2009 ба Ню-Йорк кӯчид. Дар соли 2018, Светков ба Исроил муҳоҷират намуд ва дар Бат-Ям зиндагӣ мекард. Ӯ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет, дар саҳифаи Фейсбуки худ шеър навишта нашр мекард.
Таҳияи Б.Шафеъ