Даҳ китоби беҳтарини барои бачаҳо

Робинзон КрузоБачаҳои азиз! Оё медонед, ки ҳамасола 1-уми июн Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад? Ба ин муносибат чорабиниҳои бешумори фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Махсусан дар китобхонаҳо маҳфилҳои оммавиву фарҳангӣ, рӯнамоии китобҳои кӯдакона ва библиомарафонҳо доир мешаванд.

Маҳз ҳамин рӯзи шумо бачаҳои азиз, сабаб гашт, ки мо барои таҳияи феҳристи беҳтарин китобҳои бачагона шитобем. Ба хотири огоҳӣ ва роҳанмоӣ дар хониши шумо, рӯйхати 10 асари беҳтарини бачагонаро тартиб додем. Ин феҳрист асарҳои адабиёти тоҷик ва адабиёти ҷаҳониро фаро мегирад ва хусусияти тавсиявӣ дорад. Асарҳои зерин ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, дар китобхонаҳо дастрасанд.

  1. Сайиидои Насафӣ – “Баҳориёт”

           Дар ин асари тамсилии Сайиидо ғояи иттифоқу ягонагии башар баён шудааст. Ин ғоя ба шакли тамсил, яъне ба воситаи амал ва гуфтори ҳайвонот хеле ҷолиб ва шоирона баён гардидааст. Мундариҷаи “Баҳориёт”-ро баҳсу мунозираи 18 ҷонвар ташкил медиҳад. Ҳар як ҳайвон ба хислатҳои бади ҳайвони дигар ишора карда, сипас ба таърифи худ мепардозад. Баҳси ҳайвонотро мӯрча ҷамъбаст мекунад.

  1. Антуан де Сент-Экзюпери – “Шаҳзодаи хурдакак”

Ин асар ба 180 забони олам тарҷума шудааст. Он вобаста ба шакли худ, ки аз 27 боби хурд иборат аст, ба повест наздик буда, аз рӯйи сужет ба афсона монанд аст. “Шоҳзодаи хурдакак” аз саргузашти афзунгаронаи шоҳзодаи хурдсоле, ки даргоҳи шоҳиро тарк карда, ба сайёраи мо омадааст, қисса мекунад. Пайдоиши Шоҳзодаи хурдакак дар Замин тавалиди инсонеро, ки ба сайёраи мо бо виҷдони пок, қалби самимӣ ва меҳру дӯстӣ омадааст, ифода мекунад. Зеҳни хонандаро тасвирҳои зебои китоб тақвият мебахшанд.

  1. Даниэл Дэфо – “Робинзон Крузо”

Саргузашти ғайриоддӣ ва аҷоиби Робинзон Крузо – дарёнаварде, ки тани танҳо дар ҷазираи беодаме меафтад ва дар он 28 сол зиндагӣ мекунад, дар шакли романи “Робинзон Крузо” чоп шудааст. Он на танҳо дар адабиёти англис, балки дар адабиёти ҷаҳон асари арзишманду сермутолиа маҳсуб меёбад.

  1. Ханс Кристиан Андерсен – “Афсонаҳо”

Кристиан Андерсен дар олам ҳамчун устоди бузурги анъанаи афсонанависӣ шинохта мешавад. Афсонаҳои маъруфи “Мурғобичаи бадафт”, “Дюймовочка”, “Маликаи барфӣ”, “Турна”, “Теппаи сеҳрнок”, “Вэн ва Глэн” ва “Ду бародар” офаридаи ҳамин нависандаи бузурги даниягӣ мебошанд. Аз рӯйи афсонаҳои Кристиан Андерсен филмҳои зиёди тасвирӣ офарида шудаанд.

  1. Лев Толстой – “Масалу ҳикояҳо барои кӯдакон”

Нависанди бузурги олам Лев Николаевич Толстойро ҳамагон бо бо шоҳасарҳои ҷаҳониаш мешиносанд. Аммо, ин нависандаи оламшумул барои хонандагони хурдсол низ як силсила ҳикоя ва масалҳои офаридааст, ки хусусиёти тарбиявӣ доранд. Масалҳои “Зоғ ва рӯбоҳ”, “Гург ва турна”, “Сар ва думи мор”, “Дурӯғгӯ” ва даҳҳои дигарро метавон дар ин радиф ном гирифт, ки бо вуҷуди кӯтоҳ буданашон як олам маъниро ғунҷонидаанд.

  1. Садриддин Айнӣ – “Мактаби кӯҳна”

Мактаби кӯҳна” асари тарҷумаҳолиест, ки аз боби таҳсили нависанда Садриддин Айнӣ дар мактаби деҳа қисса мекунад. Забони содаву равон, саҳнаҳои ҷолиб ва аҳамияти таърихии ин асар бешубҳа ба ҳар хонанда писанд меояд.

  1. Корней Чуковский – “Шеърҳо”

“Бо дили мурда ба бачагон асар навиштан ҷиноят аст. Нависандаи бачагон бояд зиндадил бошад”, – мегӯяд шоири бачаҳо Чуковский Корней Иванович. Шеърҳои ин шоири рус рӯҳи инсонро болида карда, зуд аз ёд мешаванд. Хондану аз ёд кардани шеърҳои Корней Чуковскийро барои дӯсторони забони русӣ тавсия медиҳем.

  1. Алексей Толстой – “Калиди тиллоӣ ва ё саргузашти Буратино”

Ин қисса ба беш аз 50 забони олам тарҷума шудааст. Карло аз кундаи сухангӯ лухаке месозаду номашро Буратино мегузорад. Буратино талош меварзад, то калиди тиллоиеро, ки дари махфиро боз мекунад, пайдо кунад. Бо кӯмаки дӯстони вафодораш ва сангпушт Тортилло ӯ мефаҳмад, ки калиди тиллоӣ дари театри хушнамои лухтакро, ки дар ҳуҷраи танги Карло ҷойгир буд, мекушояд.

  1. Чингиз Айтматов – “Муаллими нахустин”

Дар ин қисса масъалаҳои мубрами ҳаёт, муносибати инсон бо одаму олам, муборизаи ҷовидонаи бадию некӣ ва ғайра ба сабки содаву фасеҳ нигошта шудаанд. Ин қисса барои насли наврас ҷиҳати омӯзиши ҳаёт ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии онҳо дастури муфид аст.

  1. Роберт Луис Стивенсон – “Ҷазираи ҷавоҳирот”

Романи “Ҷазираи ҷавоҳирот” дар ҷаҳон сертиражтарин асари бачагона ба шумор меравад. Романи мазкур қиссаи ҷустуҷӯйи ҷавоҳиротест, ки аз ҷониби капитан Флинт дар ҷазираи беодам пинҳон карда шудааст. Воқеаҳои асар нимаи дуюми асри XVIII дар Англия рух додаанд.

Таҳияи Ҳусайн МАҲМУДОВ