Хатмкардаҳои давраи омӯзишӣ соҳиби Сертификат шуданд
Имрўз 36 нафар шунавандагони давраи омӯзишии навбатӣ аз ҷумлаи кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муддати як моҳ барномаи «ALEPH»-ро омӯхта буданд, соҳиби Сертификат шуданд.
Салима Раҷабзода-муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ дар ҷаласаи эътои шаҳодатномаҳои хатм як бори дигар ба зарурати омӯзиши барномаҳои замонавии китобдорӣ таъкид кард ва гуфт яке аз ин барномаҳо ҳамин «ALEPH» аст, ки муддатҳост Китобхонаи миллӣ аз он истифода мебарад.
Дар ин давраи омӯзишӣ, ки муддати як моҳ давом кард, кормандони шуъбаҳои адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, адабиёти хориҷӣ, дастхатҳои Шарқ, такмили адабиёт ва ғайра ширкат карданд.
Гуфтанист, ки Низоми автоматикунонидашудаи раванди китобдорию иттилоотӣ имрӯз дар асоси яке аз барномаҳои маъмул ва дар соҳаи китобдории ҷаҳонӣ санҷидашуда «Aleph» (Алеф) ба роҳ монда шудааст.
Барномаи мазкур аз тариқи ширкати ExLibris дастрас карда шудааст.
Ин барнома аз ду қисми асосӣ иборат буда, қисми якум барои кормандони китобхона ва қисми дуюм («ОРАК») барои истифодабарандагон пешбинӣ шудааст. Ҳарду қисми барнома бо ҳамдигар алоқаи ногусастанӣ дошта, аз як манбаи маълумот истифода мекунанд.
Бо истифода аз ин барнома хонандагон бевосита метавонанд аз феҳристи электронӣ истифода карда, китоби лозимиро ҷустуҷӯ кунанд ва ҳамзамон онро барои мутолиа дархост намоянд.
Нодиршоҳи Ҳабибулло, мутахассиси пешбари маркази
таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ.