Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 25 – уми июл

як-рузи-адабиёт-25-07-2023Соли 1676 дар Немур дар синни 71-солагӣ намоишноманавис, театршинос ва адабиётшиноси аҳли Фаронса Франсуа Эдлен аз олам гузашт. Ӯро бештар бо номи аббат д’Обиняк мешиносанд.

Франсуа Эдлен 4 августи соли 1604 дар хонаводаи ҳуқуқшинос таваллуд шуда буд. Дар ҳамин ришта таҳсил намуд ва баъд аз хатм муддате вакили мудофиа ҳам кор кард. Баъдан ба кори роҳибӣ рафт ва дар оилаи маршал Майе-Брезе тарбиятгари ҳерсоги оянда де Фронзак шуд. Аммо соли 1646 ҳерсог Брезе ба ҳалокат расид ва чун то ин замон пуштупаноҳаш ӯ буду моҳонаи зиёд дарёфт мекард, ноилоҷ тарки вазифа намуд ва ба намоишноманависӣ рӯ овард.

Аввалин намоишномаи ӯ “Зенобия” ҳеч комёбие надошт. Ин буд, ки пйесаҳои дигари худро барои ба саҳна гузоштан пешниҳод нанамуд. Ягона романи фалсафии ӯ “Макариза ва ё шаҳбонуи ҷазираҳои хушбахтӣ”-ро низ начандон хуш қабул карданд.

Аммо чун назарияпардоз муваффақ шуд ва китобаш ”Таҷрибаи театр” маъруфият пайдо кард.

Соли 1734 дар Осакетуман нависанда, олим ва муаллифи шеърҳо дар жанри воко (навъи шеъри классикӣ дар адабиёти Ҷопон) Уэда Акинари таваллуд шуд. Ӯ аз чеҳраҳои адабии баҷаста дар адабиёти Ҷопони асри 18 ба шумор мерафт. Бо новеллаҳояш дар жанри ёмихон машҳур шуд.

Маҷмуаи ҳикояҳояш бо номи “Моҳ дар туман”, “Ҳикояҳо дар бораи борони баҳорӣ” китобҳои нисбатан машҳури ӯ мебошанд.

Уэда ҳамчунин аз ҳойкунависони муваффақи Ҷопон буд ва дар жанри шеърии танко низ шеър навиштааст.

8 августи соли 1809 дар синни 75-солагӣ вафот кардааст.

Андре-Мари-де-ШенйеСоли 1794 дар шаҳри дар шаҳри Порис дар синни 31-солагӣ рӯзномнигор, шоир ва фаъоли сиёсӣ Андре Мари де Шенйе сар аз тан ҷудо карда шуд. Ӯ аз ҷумлаи куштагони террори инқилобӣ буд.

Шенйе дар Қустантания дар оилаи дипломат ва нависанда Луи Шенйе ба дунё омад. Модари ӯ дорои як салоне буд, дар он бисёр адибони машҳури замон, олимон ва наққошон меомаданд.

Роҳи зиндагии Шенйеро метавон шартан ба ду марҳилаи асосӣ ҷудо кард. Дар Марҳилаи аввал вай танҳо ба Швейтсария ва Италия ба сайру саёҳат рафт. Дафтари ашъораш дар мавзуҳои гуногун, аз ҷумла васфи зебоиҳои Порис маҳсули ҳамин давраи зиндагонии ӯ мебошанд.

Ва чун аз Англия бармегардад, барояш марҳилаи дигари зиндагӣ оғоз мешавад ва он билохира бо қатлаш ба анҷом мерасад. Вай дар ин давра бештар ба корҳои сиёсӣ дода мешавад, ба инқилобхоҳон мепайвандад, ғояҳои инқилобиро тарғибу ташвиқ мекунад.

Samuel-Taylor-ColeridgeСоли 1834 дар Ҳайгейт дар синни 61-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ ва чанд бемории дигар алоқаманд ба фаъолияти дил шоир, мунаққид ва файласуф Сэмюэл Тэйлор Колдриҷ   тарки олам кард. Вай падари шоир Сара Колдриҷ ва адабиётшинос Ҳартли Колдриҷ буд.

Вай соли 1791 ба донишгои Кембриҷ дохил шуд ва ба омӯзиши адабиёти классикӣ машғул шуд. Вале чун аз идеҳҳои ҷумҳурихоҳон ҳимояд мекард, хеле ба зудӣ аз донишгоҳ ронда шуд.

Вай аз инқилоби Фаронса ҷонибдорӣ мекард ва аз мубаллиғони он дар ватанаш буд.

Аз ҳаёти Колридҷ дар солҳои 90-ум дар мавриди дилбастагиаш ба истеъмоли афюн гуфтаву навиштаанд.

Дар синни бузургсолӣ аз ҳамалоти шадиди афсурдагӣ ва изтироб ранҷ мебурд. Вай ноилоҷ роҳи раҳоӣ аз ин мушкилро дар афюн дид, вале ин тасмим ба тадриҷ ӯро ба нашъамандӣ расонд.

Elias_CanettiСоли 1905 дар шаҳри булғории Русе нависандаи аҳли Булғористону Британия Элиас Каннетӣ ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1981 буд. Ба забони олмонӣ менавишт ва яке аз маъруфтарин адибони замони худ буд.

Романи “Кайфари оташ”-и ӯ дар феҳристи 1001 китоб, ки бояд қабл аз марг бихонед, ҳамчунин феҳристи рӯзномаи “Гордиан” (Ҳазор роман, ки ҳар кас боядбихонад) қарор дорад.

Китобҳои “Мазҳакаи худписандӣ”, “Садоҳое аз Марокаш”, “Шоҳиди шунаво”, “Забони аз банд раста”, “Арӯсӣ”, “Машъал дар гӯш”, “Рои додгоҳ” маҳсули қалами ӯ мебошад.

Элиас Каннетӣ 14 августи соли 1994 дар синни 89-солагӣ дар Сюрихи Швейтсария аз олам гузашт.

Соли 1929 дар деҳаи Сростк нависанда, ҳунарманд, филмноманависи Шӯравӣ Василий Шукшин ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Ленин, Ҷоизаи давлатии ИҶШС буд. Аз ҷумлаи машҳуртарин қаламкашони Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт.

Романҳои “Любавина”, “Ман омадам, ки ба шумо ихтиёр диҳам”, повестҳои “Ва субҳ онҳо бедор шуданд”, “Нуқтаи назар”, пйесаҳои “Одамони неруманд”, “Бум бум”, ҳикояҳои “Артист Фёдор Грай”, “Бевиҷдонҳо”, “Боря”, “Ванка Тепляшин”, “Гургҳо”, “Мусибат”, “Бегонаҳо”, “Додгоҳ”  ва ғайра аз ӯ мебошанд.

Висотский-ва-АбрамоваСоли 1965 Владимир Висотский ва Людмила Абрамова расман зану шавҳар шуданд. Людмила Абрамова дар оғоз аз дӯстдоштарин занҳо барои Висотский ба шумор мерафт. Онҳо ҳангоми наворгирии филми “713-ум хостори нишаст” шинос шуданд.

То он замоне, ки расман ақди никоҳ бастанд, соҳиби ду писар бо номҳои Никита ва Аркадий шуданд.

Аммо ин издивоҷи расмӣ ҳамагӣ ду сол идома ёфт ва Висотский ба Мария Влади дил баст ва бо ӯ ҳамхона шуд. Людмила монеъ нашуд, чун медид, ки шавҳараш хеле зиёд Марияро дӯст медорад. Соли 1968 вай розӣ шуд, ки аз ҳам расман ҷудо шаванд.

мубашир-АкбарзодСоли 1969 дар деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент мунаққиди тоҷик Мубашшир Акбарзод ба дунё омад.

Солҳои 1992-1994 ходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҷумҳурӣ будааст.

Солҳои 1994-1999 муаллими мактаби миёна, 1999-2002 ходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, 2002-2006 муаллими ДМТ будааст.

Аз соли 2005 мудири шуъбаи адабиёти классикии нашриёти «Адиб», ҳамзамон, ходими илмии шуъбаи таҳқиқ ва нашри осори адабии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ мебошад.

Маҷмӯаи мақолаҳояш «Сухан з-осмонҳо фуруд омадаст» соли 2008 ба табъ расид, ки паҳлӯҳои гуногуни адабиёти тоҷикро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додаанд.

Дар таҳия ва таҳрири силсилаи «Ахтарони адаб» (2007-2013), матни комили «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ (2012) ва «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (2013) ширкат варзидааст.

«Намунаи адабиёти тоҷик»-и Устод Айниро ба хатти кириллӣ (2010) мунташир сохтааст.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Барандаи Ҷоизаи олимони ҷавони АИ ҶТ (2004).

Аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. (Сом.Ит.нав.)

Таҳияи Б.Шафеъ