Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17-уми июл

як-рузи-адабиёт-27-07-2023Соли 1844 дар Булони Фаронса шоири шотландӣ Томас Кэмпбелл аз олам гузашт. Вай 66 сол дошт. 27-уми июли соли 1777 дар шаҳри Глазго ба дунё омад ва дар донишгоҳи ҳамин шаҳр таҳсил кард ва соҳиби маълумоти олӣ шуд.

Дар оғоз либерал буд ва аз ҷонибдорони ашадии Инқилоби бузурги Фаронса маҳсуб мешуд. Дар солҳои ҷанги Наполеон вай ҷонибдори консерваторҳои ватандӯст шуд.

Соли 1800 сафари Аврупо кард ва дар Олмон бо шоири машҳури ин кишвар Фридрих Клопшток ва дигар адабиётшиносону адибон мулоқот намуд. Дар Олмон шоҳиди чанд муҳорибаи Наполеон ҳам шуд ва чанд шеъри хуби худро ҳам дар ҳамин ҷо навишт.

Баъди бозгашт ба Лондон ду шеъри ӯ бо номҳои «Lochiel’s Warning» ва «Hohenlinden» машҳур шуд. Бахусус шеъри дуюми ӯ аз нигоҳи бандубаст ва шеърият шуҳрати беандоза касб намуд.

Соли 1824 дар шаҳри Порис нависанда ва намоишно манавис аҳли Фаронса Александр Дюма таваллуд шуд. Вай писари  ғайриникоҳии Александр Дюма ба шумор мерафт. Соли 1831 Дюмаи падар вайро чун писари қонунӣ қабул кард.

Ӯ соли 1845 аввалин китоби худро бо номи “Рeches de Jeunesse” (“Гуноҳони давраи ҷавонӣ”) нашр кард. Аз намоишномаҳои вай метавон аз “Масъалаи пул” ва “Фарзанди номашруъ” ном бурд.

Джозуэ КардуччиСоли 1835 дар Вал-ди-Кастелло шоири итолёвӣ Джозуэ Кардуччи таваллуд шуд. Ӯро машҳуртарин шоирони Италияи асри XIX меноманд. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1906 буд. Пас аз дарёфти унвони илмии докторӣ муддате устоди донишгоҳ низ буд. Осори зиёде ба шеър ва наср дорад.

Муддате дар Маҷлиси Италия сенатор ҳам интихоб шуда буд.

Аз аҷоиботи зиндагии Кардучи зиндагиноманависони ӯ ин нуктаро зикр кардаанд, ки вай  бо Элвира Менуччи издивоҷ кардаву аз ӯ соҳиби чор фарзанд шуда буд. Вале ишқи девонаворе бо шоираи он замон навқалам Анна Виванти дошт. Виванти аз ӯ 30 сол хурд буд, вале ин монеъ нашуд, ки миёни ду шоир оташи ишқ аланга гирад. Нависандаи итолёвӣ Карло Гадда навишта буд: “Кадучи одат дошт зиёд сафар кунад ва дар як ҷомадони бузург қатори дигар ашё ду зерпӯши Вивантиро ҳам бо худ мегардонд. Ҷо-ҷое вай ҷомадонашро боз мекард, зерпӯшҳоро берун меовард ва мебӯид ва гӯё аз ин ҷоми саршори ишқро ба сар мекашид…”

Mikhail_lermontovСоли 1841 дар Пятигорск дар синни 26-солагӣ дар як дуэл шоири машҳур, нависандаи маъруфи рус Михаил Лермонтов кушта шуд.

Лермонтов аз нависандагон ва шуарои  номии таърихи муосири Русия ба шумор мерафт. Романҳои “Қаҳрамони асри мо” ва “Фаталист” ва девони ашъори ӯ аз машҳуртарин осори вай ҳастанд.

Лермонтов бештар замоне шуҳрат ёфт, ки ба марги Пушкин марсияи пурсӯзе навишт ва ин марсия ӯро вориди ҳалқаи дӯстони Александр Пушкин кард ва бароияш ин имконро фароҳам овард, ки дар ҳар шумораи маҷаллаи “Отечественные записки» шеърҳояшро чоп кунад.

28 феврали соли 1840 дар базми графиня Лавао ҳузур дошт ва бо писари Сафири Фаронса Эрнест Барант муноқиша кард ва ин писари сафир ӯро ба дуэл даъват намуд. Ин ҷанги танбатан 1 март баргузор шуд. Аввал Брант тир андохт, вале тираш хато рафт. Баъдан Лермонтов аслан ӯро ба нишон нагирифт ва ба ҷониби дигар тири ҷавобиро холӣ кард ва бо ҳамин дуэл хатм шуд. Вале баъди ин Лермонтов ба Қафқоз дубора бадарға шуд.

Дар дуэли дуюм, ки рӯзи 27 июли соли 1841 миёни шоир ва афсар Мартинов баргузор шуд, тири аввалро Лермонтов ҷавонмардона ба ҳаво холӣ кард, вале Мартинов синаи шоирро ба нишон гирифт ва ӯро ба ҳалокат расонд.

Соли 1873 дар синни 69-солагӣ шоир, тарҷумон, дипломат ва соҳибмансаби аҳли Русияи подшоҳи Фёдор Тютчев зода шуд.

Helen-Adams-KellerСоли 1880 нависандаи нобино ва ношунавои аҳли ИМА Ҳелен Адамс Келлер таваллуд шуд.

Дар ҳаждаҳмоҳагӣ бар асари мубтало шудан ба бемории махмалак (скарлатинамахмалак ё гулафшон. Аз итолёвии scarlattina -як бемории уфуниест, ки дар даврони кӯдакӣ, байни 3 то 7-солагӣ ва дар фасли сард бештар дида мешавад) аз биноиву шунавоӣ комилан маҳрум гардид ва иртиботаш бо дунёи берун қатъ шуд. Ин солҳое буд, ки беморон бо ин гуна бемориҳо на танҳо муолиҷа намешуданд, балки ҷомеа ҳанӯз муносибат бо онҳо, роҳҳои расонидани кумак ба ин афродро нав таҷриба мекард.

Дар бораи Ҳелен Келлер муфассалтар ба матлаб таваҷҷуҳ кунед: “ЗОДРӮЗИ ЯК МУЪҶИЗАИ ОЛАМ...

Кароматулло ОлимзодаСоли 1944 дар шаҳри Истаравшан узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимзода таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар ҳамон ҷо хатм карда, баъдан, соли 1959, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин), шуъбаи шарқшиносӣ, дохил шуда, соли 1964 хатмаш кардааст. Ҳамон сол ба риштаи фалсафаи аспирантураи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ворид шуда, соли 1969 (баъди якуним соли рухсатии академӣ) ба фарҷом расонда, соли 1971 рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Солҳои 1969-1980 ходими илмӣ, 1986-1990 мудири сетори таърихи фалсафаи Институти фалсафаи ИН ҶТ, солҳои 1990-1991 мушовири КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, аз аввали 1991 то 2000 мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ будааст.

Солҳои 1974-1977 мутарҷими корхонаи саноатӣ дар Мазори Шариф (Афғонистон), аз соли 1980 то августи 1984 сартарҷумон (ба сифати котиби дувуми сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ)-и гурӯҳи ҳизбии ҲКИШ дар КМ Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон ифои вазифа кардааст. Аз соли 1997 то 2000 узви Комиссияи оштии миллии ҷумҳурӣ будааст. Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар Кумитаи илм ва маорифи он узвият доштааст. Моҳи октябри соли 2001 вазири фарҳанг, моҳи январи соли 2004 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шудааст.

Дар бораи олми шинохта муфассалтар ба ин матлаб таваҷҷуҳ кунед: КАРОМАТУЛЛО ОЛИМЗОДА

Гертруда-СтейнСоли 1946 дар Нёйи-сюр-Сен, наздикии Порис бар асари бемории саратон нависанда ва назарияпардози амрикоӣ Гертруда Стайн аз олам гузашт. Вай 72 сол дошт.

Гертруда Стайн 3 феврали соли 1874  дар Аллегейни иёлати Пенсилванияи Амрико зода шуд.

Повести аввалини ў бо номи «Се зиндагӣ» соли 1909 нашр шуд ва пас аз он соли 1925 романи «Ташаккули амрикоиҳо» рўйи чоп омад.

Асари «Тарҷумаи ҳоли Алиса Б. Токлас» (1933) ба  Гертруда Штайн шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Пас аз муваффақияти ин китоб, нависанда ба саросари Иёлоти Муттаҳида сафар карда, вохўриҳо гузаронд, операи ӯ зери унвони “Чор муқаддас дар се амал” дар Ню Йорк ба саҳна гузошта шуд.

Ба қалами Перу Гетруда Штайн ҳамчунин китобҳои “Се зиндагӣ”, “Ҷангҳое, ки дидаам”, “Ҷуғрофиё ва намоишном аҳо”, “Чӣ гуна бояд навишт”, “Бруси ва Вилли“, пйесаи “Шахси хеле ҷавонҳамегӯяд таалуқ доранд. Ӯ ҳамчунин шеър ҳам эҷод кардааст.

Voynich_Ethel_LilianСоли 1960 дар шаҳри Ню-Йорк дар синни 96-солагӣ нависанда, тарҷумон ва бстакори англис  Этел Лилиан Войнич тарки олам кард. Вай 11 майи соли 1864 дар Баллинтемпл ба дунё омада буд. Духтари олим ва профессори англис, риёзидони маъруф Ҷорҷ Буля, ҳамсари Вилфред Войнич буд.

Азбаски ҳамагӣ баъди як соли таваллудаш падараш аз дунё гузашт, ӯ аз падар хотироте надорад. Модараш духтари профессори забони юнонӣ буд. Вай панҷ фарзанди ятими худро ба танҳоӣ калон кард. Аз ин рӯ, вақте синни духтари кӯчакаш Этел ба 8 расид, ӯро ба назди бародари шавҳари марҳумаш, ки хеле як одами диндор ва дар тарбия сахтгир буд, бурд.

Соли 1882 Этел дар консерваторияи Берлин пианино вадарси забон, адабиёт, фолклор омӯхт.

Баъдан ба Лондон рафт, дар ҷамъомадҳои муҳоҷирони сиёсӣ, ки дар миёни онҳо инқилобии рус Сергей Кравчинский низ буд, ширкат намуд. Вай ба Этел дар бораи кишвараш хеле зиёд қисса кард ва ин нақлҳо Этелро ба тамошои Русия шавқманд намуд ва соли 1887 ба империяи Русия сафар кард. Ду сол дар Русия монд, муаллими мусиқӣ буд ва ба корҳои дигар саргарм шуд.

Соли 1902 бо дорусоз Михаил Войнич ба шавҳар баромад. Ин замоне буд, ки Войнич аз бадарғаи Сибир фирор кардаву ба Англия мустақар шуда буд.

Машҳуртарин асари Этил Войниз романи “Хармагас” мебошад, ки соли 1897 милодӣ аввал дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва каме баъдтар дар Британияи Кабир чоп шуд. Ин роман дар бораи фаъолиятҳои пинҳонкории созмони инқилобии”Италияи ҷавон” дар нимаи аввали асри 19 нақл мекунад ва интиқоди шадид аз масеҳият дорад.

Ин роман ба забони тоҷикӣ низ тарҷума ва нашр шудааст.

Дӯстии гусасташуда”, “Ҷек Реймонд”, “Оливия Лэтам” асарҳои дигари Этел Лилиан Войнич мебошанд.

vladimir-voinovichСоли 2018 дар шаҳри Москав дар синни 85-солагӣ бар асари бемории сактаи қалбӣ нависанда, шоир ва намоишноманависи рус Владимир Войнович аз олам гузашт. Войнович ҳамватани мо буд, зодаи шаҳри Душанбе ва фарзанди касест, ки дар рушди матбуоти даврони пуртаҳлуқаи Тоҷикистони замони Шўравӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Соли 1962 ба узвияти Иттиҳоди нависандагони СССР қабул шуд. Таронаҳояш дар мавзўъҳои гуногун зуд машҳур шуданд. Повести ў бо номи «Мо ин ҷо зиндагонӣ мекунем», ки соли 1961 дар «Новый мир» чоп шуд, барояш шўҳрати нависандагӣ овард.

Баъди ин Войнович ҷиддан даст ба насрнависӣ зад. Қисми авали романи вай «Ҳаёти ғайримуқаррарии сарбоз Иван Чонкин» аввалин маротиба бидуни иҷозаи муаллиф соли 1969 дар Франкфурд-на-Майне чоп шуд ва соли 1975 дар Порис матни комили он рўи чопро дид.

Муфассалтар ба мақолаи “Ба марги Владимир Войнович- адаби маъруфи ҳамватани мо панҷ соли пур шуд” таваҷҷуҳ кунед.

Таҳияи Б.Шафеъ