ПАЁМ. Фардо аз имрӯз дурахшонтар мешавад!
Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро бо умед ба фардои дурахшон истиқбол намуда ҳама дастаҷамъона онро тамошо намуданд. Баъд аз анҷоми Паёми Сарвари давлат назари чанде аз кормандонро дар бораи Паёми имсола пурсидем.
Каримзода Мирзомуддин, Мудири бахши ҳуқуқ ва кадрҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон:
Ҳамасола баъди шунидани Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ба Маҷлиси Олӣ дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ҷунбиши тозае ба миён меояд. Яъне, аз Паём то Паём зиндагӣ ранги нав гирифта, мардум бо дилгармӣ аз пайи иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рангин гардонидани рӯзгори хеш мешаванд. Таҳаввулоти солҳои охир дар соҳаҳои маориф, тиб, энергетика ва дигар самтҳои хоҷагии халқ моро бовар мекунонад, ки то чӣ андоза иҷрои дастуру супоришҳои Президент барои ҷомеа зарур ва муассир мебошанд.
Президенти мамлакат илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» сафи донишомӯзони фанҳои диқиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳмгузор бошанд.
Бо арзи сипос ба Сарвари давлат аз паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олӣ гуфтаниам, ки онҳо дар ҳақиқат ҳамчун як роҳнамои дақиқ барои пешрафти кулли минтақаҳои кишвар бисёр муҳим ҳастанд. Ин паёмҳо, ки ҷанбаи мардумсолорӣ доранд, доимо дар дилу дидаи мардум ҷой мегиранд.
Фарзона Мирзоева, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон:
Имрўз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.
Яке аз бахшҳои ин паём баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар сиёсати давлат маҳсуб меёбад. Чунончӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрўзаи хеш зикр намуданд, то вақте ман сари мансаб ҳастам, сиёсати боло бурдани мавқеи занону бонувонро дар системаи давлату сиёсат ҷонибдорӣ мекунам. Чунончӣ, дар ин маврид дар паём зикр гардидааст, «Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд».
Имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки зиёда аз 500 нафар кору фаъолият мекунад, ки ҳудудан 80 дарсади онҳоро бонувону занон ташкил медиҳанд. Ин гуфтаҳо худ гувоҳи он аст, ки мавқеи занону бонувон дар системаи давлату давлатдорӣ сол то сол устувортар мешавад. Мо бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ намуда, кўшиш ба харҷ медиҳем, баҳри ин сарзамину ин давлати хеш то андозае хизмат намуда бошем.
Дилшод Абдуқаҳоров, муовини сардори шуъбаи тарғиб ва баргузори чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон:
Мусаллам аст, ки ҳар амали бузургу созанда бояд дар асоси роҳнамо ё худ нақшаи вижа сурат бигирад. Дар акси ҳол, кам андар кам воқеъ гардида, ки муроди дил ҳосил шуда бошад. Вайронкорӣ осон аст. Онро бидуни паёму нақша дар як лаҳза анҷом додан мумкин. Аммо ободсозӣ не. Чунки барои маконеро ба табъи дил сарсабзу шукуфо кардан кори шабонарӯзии пурмашаққат ва доштани ғояҳои солим бисёр муҳим аст. Феълан дар ҷумҳурии мо субъекти конститутсионие, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян месозад, Президенти кишвар аст, ки тавассути паёми ҳарсола ба Маҷлиси Олӣ роҳ ба сӯйи қуллаҳои рушдро барои мардуми мамлакат осонпаймо месозад.
Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр масъалаҳои муҳими давлатиро барои солҳои минбаъда барассӣ намуданд.
Паёми навбатии Пешвои миллат бисту якум Паём ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии фъолияти иқтисодиву иҷтимоии давлат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба нишондиҳандаҳои дурнамои солҳои сипаригардида ва рушд додану вусъат бахшидани самтҳои фаъолияти давлатӣ қарор дода шуд.
Мо ҷавонони даврони истиқлол, бояд созем, бунёд кунем ва руҳафтода нашавем, гуфтаҳои Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, чун аҷдодони мо тамадунсозу тамадунофар бошем ва идомабахши кори онҳо бошем.
Пас метавон гуфт, ки дурнамои амалигардонии дастурҳои Паём маҳз ба хотири пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Манижабону Убайдуллоева, сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ»:
Паёми навбатии Сарвари давлат фарогири ҳама масоили ҳалталаби сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар буда, ба хотири ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз, чи дар сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳангу маориф, илму таърих, роҳу равиши мушаххасро доро мебошад. Ӯ беш аз ҳама такя ба неруи созанда, хиради волои аҷдодӣ, илму фарҳанги тамаддунофар, арзишу суннатҳои пурарзишу мондагори миллати куҳанбунёди тоҷик карда, боварии том дорад, ки дар ҳамбастагӣ ин миллат метавонад Тоҷикистонро ба як кишвари озод, обод, муттаҳид, сулҳгаро, неруманд ва поянда мубаддал гардонда, он чи гузаштагони мо орзу доштанд, ҷомаи амал бипӯшонад.
Дар заминаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни навбатии «Илм – фурўғи маърифат» дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки ин озмун барои рушду нумўи фанҳои дақиқ дар кишвар заминаи бунёдӣ хоҳад гузошт.
Соле, ки сипарӣ шуд, бо рўйдодҳои басо муҳиму хотирмон дар таърихи давлатдории миллии мо ба сифати боз як соли бобарор сабт гардид.
Дар соли сипаригашта миллати мо ҷашни 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 солагии Камоли Хуҷандиро дар сатҳи олӣ таҷлил кард.
Ҳамчунин, бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон боз ду чорабинии муҳими сиёсӣ, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ баргузор гардид, ки ин ду чорабинии муҳими сиёсӣ дар таърихи давлатдории мо басо муҳиму хотирмон буд.
Шаҳбози Алихон – Сардори шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ:
Мо ҷавонони саодатманди ватани азизамон бо дилпурӣ метавонем, гўем, ки Паёми Пешвои муаззами миллатамон роҳи ояндаи моро равшан месозад. Мо кормандони ҷавони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз он сарфарозем, ки дар партави сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат ҳамеша аз имтиёзу дастгириҳои зиёд бархӯрдорем. Тавре маълум аст, дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки аз ибтидо дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт, институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ созмон ёфта, ба ҳузури васеи ҷавонон дар умури давлатдорӣ мусоидат намуданд.
Бо итминон метавон гуфт, ки кормандони Китобхонаи миллӣ бахусус кормандони ҷавон, фаъолияти ҷонии худро дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон мегузоранд. Аз ин созандагию шукуфоӣ мо, ҷавонон шукргузорем ва мекӯшем, ки сарзамини аҷдодиамон – Тоҷикистонро бо афкору андеша ва бо дастони гулофару меҳнати софдилона ободу зеботар гардонем.
Бунафша Абдуллозода, мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ:
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун солҳои қаблӣ бо маждаву навидҳои тоза ба самъи мо расонида шуд. Пешвои миллат дар шурӯи Паёми хеш аз паҳни бемории сироятии коронавирус дар сайёра ва ба ин сабаб вазнин сипарӣ шудани соли 2020 ёдовар шуданд: “Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.” Дар идома Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо сабаби КОВИД-19 вазъи иқтисоди дар тамоми мамолики дунё поён рафта, рӯзгузарони душвор мегардад. Аз ҳамин рӯ Пешвои миллат қайд намуданд, ки: “Бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем. Аз ҷумла, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд. Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаитиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд”.
Дар маҷмуъ ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар муайян месозад. Аз ҳамин рӯ анъана шудааст, ки мардуми шарафманди тоҷик ирсоли Паёмро ҳамасола бо умеду шодии бепоён мунтазир мешаванд ва замоне, ки Паёми Президенти мамлакат тариқи расонаҳои хабарӣ намоиш ва пахш карда мешавад, ҳама бо руҳияи ватандӯстона онро гӯш мекунанд.
Чуноне ба ҳамагон маълум аст, паёмҳои Президенти кишвар аз оғоз то имрўз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд. Соли ҷорӣ ҳам дар Паём мо шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландарзиш гардидем ва умед аст, ин ҳадафҳо моро ба марҳилаи шукуфову ободонии аз ин бештар расонад.
Таҳияи Руқия Гадоалиева