Китобе аз рӯзгори Ҳоҷӣ Абдулазиз

Ҳоҷӣ АбдулазизҲоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов соли 1852 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Падари ў – Абдурасул аз ноҳияи кўҳистони Қаротегини Тоҷикистон буда, ҳамроҳи додараш – Абдулфайз дар айёми ҷавонӣ ба шаҳри Самарқанд кўчида меоянд.

Ҳамон вақтҳо Абдурасул барин даҳҳо ва садҳо тоҷикбачагони кўҳистониро дар Самарқанд ва дигар шаҳру ноҳияҳо вохўрдан аҷаб набуд. Хусусан дар водиҳои кўҳистон бо сабаби тез-тез ивазшавии иқлим, селу боронгарӣ, офатҳои табиӣ аҳолиро ба ташвиш меовард. Рўзҳои зимистон бошад, роҳҳои каҷу килебро барф зер мекард, ки мардум ҳатто ба хонаи ҳамсоя рафтанро амри маҳол медиданд.

Ин хел шароити вазнин камбағалонро маҷбур месохт, ки аз паи зисту зиндагонӣ аз Дарвозу Мастчоҳ, Қаротегин ва дигар водиҳои кўҳистон се-чор нафарӣ ҷамъ шуда, ҳамроҳи худ досу болға, арраву теша ва дигар лавозимоти рўзгорро гирифта, ба мардикорӣ ба шаҳрҳои калон мерафтанд.

Аз рўи одати кўҳистониён ин камбағалон ба ҳаёт ва одамон бо боварию поквиҷдонӣ назар мекарданд.

Онҳо бисёр содадил, меҳнатдўст, чусту чолок, тоҷикбачагони асил ва ҷасур буданд, бо меҳнати софдилонаи худ ҳамаро ба ҳайрат мегузоштанд.

Баъзе аз онҳо дар Самарқанд каме маблағ ҷамъ намуда, барои аҳли оилашон сару либос харида, боз ба кўҳистони худ баргашта мерафтанд. Баъзе нафарон бошанд ба ҳавлии бойҳо рафта, он ҷо хидматгорӣ мекарданд. Аз байни онҳо нафароне буданд, ки ба масҷиду мадрасаҳо рафта, баҳри илмомўзӣ ба шогирдӣ медаромаданд.

Абдурасул ҳам дар қатори ҳамқишлоқиёнаш бо додараш Абдулфайз дар Самарқанд мардикорӣ менамуд ва ҳаёти пурмашаққатро мегузаронид.

Рўзе аз рўзҳо ин ҷавони хоксор, чеҳракушоду меҳнатдўст ва хушбтабиат – Абдурасул бо як косиби мўйсафед ҳамсўҳбат мегардад. Косиб ўро ба хонааш таклиф намуда, меҳмондорӣ мекунад. Дар рафти сўҳбат муйсафед арз мекунад, ки мехоҳад Абдурасулро писархонд намояд ва ба ғайр аз як духтари дўстдоштааш каси дигар надорад. Агар ў розӣ бошад, ба шогирдӣ қабул намуда, касби косибиро ёд медиҳад.

Абдурасул ин таклифи мўйсафедро бо ҷону дил қабул мекунад ва ҳамроҳи додараш дар ҳавлии мўйсафед умр ба сар мебарад.

Дар муддати кўтоҳ Абдурасул касби дўзандагиро зуд аз худ мекунад. Мўйсафед ягона духтараш – Марямро туй карда, ба Абдурасул ба ақди никоҳ медарорад. Пас аз як сол мўйсафед вафот мекунад.

Дар Самарқанд ба Абдурасул муяссар шуд, ки хату савод барорад. Вале чизҳои дигар барои таҳсили минбаъда ва пешравии корҳо думболи ҳам монеъ шуданд. Аввал хабар омад, ки дар Қаротегин падараш бемор. Вай ҳадаҳа сўи зодгоҳ роҳ гирифт. Қиблагоҳашро дар ҳолати бад дарёфт. Вай, ки мурдаю зиндаи муйсафедро соҳиб шудан мехост, аз ҳукми тақдир аввал падарашро ба хок супорид. Падар пеш аз маргаш васият карда буд, ки боз ба Самарқанд, ба назди мўйсафед баргардад ва хидмати ўро ба ҷо биёрад. Барои кўҳистонӣ ҳар сухан ё васияти падар ба ҳукми қонун аст ва Абдурасул аз паи иҷрои хоҳиши падар шуд. Вале дар Самарқанд баъди шунидани марги падар аҳволи мўйсафед бадтар гашт. Абдурасул маҷбур шуд қисмати бештари бисоти вайро барои табобат сарф кунад. Чун мўйсафед аз олам даргузашт, Абдурасул вақти гўру чўбу ў ҳатто қарздор шуд ва маҷбур гашт як гўшаи ҳавлии калонро фурўхта ҳисобро баробар кунад. Баъди ин шикастҳои паи ҳам низ вай аз Самарқанд нарафт.

Зеро мехост ҳунари овозхонӣ ва навозандагиашро такмил диҳад. Ба нияти қомати зиндагиро ба по рост мекунанду баъд вай ба пешравии истеъдодаш як зўр зада мебинад. Вале баробари зиёд шудани фарзандон зиндагӣ торафт вазнин мегашт. Зеро «сар бисёру ташвиш бисёр» гуфтаанд. Хуллас, имкон наёфт таҳсилашро ба охир расонад ва дар овозхонию навозандагӣ ҳунарашро то дараҷае, ки лозим аст, такмил диҳад. Охир барои он, ки ҳунарманди шоиста шавӣ, аз устодони номии замон тамоми нозукиҳои «Шашмақом» ва дигар созу суруди касбиро омўхтан лозим. Барои ин вақти холӣ ва маблағи кироӣ даркор, Аммо ў на инро дошту на онро…

Идомаи қиссаро шумо метавонед аз китоби “Ҳоҷӣ Абдулазиз” бихонед, ки соли 2021 чоп шуда, ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шудааст. Китоб аз ҷониби Саидҷон Марофиев ва Шарифҷон Нурматов ба чоп ҳозир карда шудааст.

Фарҳод Салимӣ