Китоби нав. “Асосҳои назорати содиротӣ”
Ин воситаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз ҷониби гурӯҳи муаллифон, А.Раҳматов, Ф.Носирова ва И. Сафаров навишта шуда, бо сарсухани Президенти АМИТ, академи Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Устод Раҳимӣ дар пешгуфтори худ аз ҷумла овардааст, ки назорати содиротӣ яке аз унсурҳои асосии амнияти миллӣ мебошад.
Аҳамияти ин дарр он аст, ки дар ҷаҳон хавфи амалии паҳн кардани яроқи қатли ом, воситаҳои кашонидани он, навъҳои навтарини силоҳу аслиҳа ва техникаи ҷангӣ, ки дар асоси технологияи олӣ офарида шудаанд, мавҷуд аст. Нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз эҳтимоли ворид шудани ин силоҳу фанновариҳо ба кишварҳое мебошад, ки вазъи ноустувор ва ё ба созмону гурўҳҳои террористӣ, ки бо амали онҳо қодир ба ноором кардани вазъ дар як минтақаи муайяни ҷаҳон ҳастанд, мебошад.
Васоити таълимии пешниҳодшаванда баҳри беҳтар намудани фаҳмиши нақши огоҳӣ ва таълим дар бораи назорати содиротӣ дар роҳи пешгирии паҳншавии ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани фарҳанги бехатарӣ мебошад. Курси мутобиқшуда барои такмили барномаи таълимӣ оид ба назорати содиротӣ барои ҳуқуқшиносон, иқтисоддонҳо, кормандони гумрук ва мутахассисони тиҷорат дар донишгоҳҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Татбиқи курси таълимӣ ва барномаи магистрӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки низоми назорат аз болои интиқолҳои ҳассосро пурзўр намуда, хатарҳои вайрон кардани қонунгузории назорати содиротиро аллакай дар марҳилаи ибтидоии омўзиш ба ҳадди ақалл кам намояд.
Китоби “Асосҳои назорати содиротӣ” – ро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Фарҳод САЛИМӢ