Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 10-уми август

АдабиётСоли 1823 дар Кашиас шоир, намоишноманавис, олим, мардумшинос, ҳуқуқдон ва забоншинос, фолклоршиноси аҳли Бразилия Антониу Гонсалвес Диас ба дунё омад. Вай аз бузургтарин намояндагони романтизм дар кишвараш буд. Узви Академияи адабиёти Бразилия ва шоири миллии ин кишвар буд.

Баъди чопи аввалин маҷмуаи ашъораш бо номи «Primeiros Cantos» (1846) шуҳрат ёфт. Ду сол баъд ки тоби дуюмаш бо номи «Sequundos Cantos» (1848) ва баъд «Ultimos Cantos» (1850) чоп шуд. Шеъраш “Таронаи табъидшуда” як дурдонаи назми Бразилияи он солҳо дониста мешавад.

Антониу Гонсалвес Диас ҳамагӣ 41 сол умр дид ва 3 ноябри соли  1864 дар фалокати киштӣ тарки олам кард. Дар зиндагиномаи адиб гуфта шудааст, ки солҳои 1862-1864 бемор шуд ва дар истироҳатгоҳҳои Аврупо худро табобат кард. Вақти бозгашт аз Фаронса ба Бразилия киштии «Ville de Boulogne», ки шоир низ савори он буд, дар халиҷи соҳилҳои Гимарайнс дучори фалокат шуд. Ҳамаи мусофирони киштӣ, ба ҷуз Диаса ҷони худро аз марг наҷот доданд. Дар аснои фалокат шоир дар каютаи поён мехобид ва бедор нашуд ва надонист, ки чӣ ҳоле ба киштӣ пеш омадааст ва ҳамин тариқ ғарқ шуд ва ба ҳалокат расид.

abaj-kunanboevСоли 1845  шоир, бастакор, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ Абай Кунанбоев ба дунё омад.

Номи аслии ӯ Иброҳим буд ва лақабаш Абай. Мегӯянд ин лақабро, ки қазоқист ва ба маънои “ботаваҷҷуҳ” аст, модаркалонаш ба ӯ додааст.

Нависандаи машҳури қазоқ Мухтор Авезов дар бораи Абай ду роман навиштааст.

Эҷодиёти Абай чун шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанақии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст. Абай достонҳои ҳамосии қазоқро дар ҷамъомадҳо ба мардум нақл мекард ва ё бо навои мусиқӣ месароид. Вай донандаи шеъру адаби Шарқ, аз ҷумла адабиёти форс-тоҷик буд. Арӯзро вориди шеъри қазоқӣ кард ва шеърҳои ғазалмонанд, ба шаклҳои гуногун (шашмисраӣ – мусаддас, ҳаштмисраӣ – мусамман) эҷод кард. Умуман Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ намуд. Достонҳои Абай – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсон тараннум шудаанд.

Ба қалами Абай асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ «Кара сӯз» («Каломи сиёҳ») ном гирифтааст. Ба забони тоҷикӣ ин асар бо номҳои – «Ақлия», «Пандҳо», «Панднома», «Андешаҳо» тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар «Панднома»-и Абай таъсири «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Гулистон»-и Саъдӣ ошкоро аён аст.

Абай баъзе масалҳои И. А. Крилов, шеърҳои М. Ю. Лермонтов, порчаҳои достони А. С. Пушкин «Евгений Онегин»-ро аз русӣ ба қазоқӣ тарҷума кардааст.

Дар маҷмӯае бо номи «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай – бунёдгузори адабиёти навини қазоқ» (Теҳрон, 1374/1996) зиёда аз 100 шеъри Абай дар баргардони Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва «Андешаҳо» (45 гуфтор) дар тарҷумаи Сафар Абдулло ба хатти форсӣ ҷой дода шудаанд.

Осори мансури Абай бо номи «Панднома» (мутарҷим Фатҳуллоҳи Азиз) солҳои 2002 ва 2010 дар Душанбе ба табъ расидаанд.

Абай 6 июли соли 1904 дар синни  58-солагӣ аз олам рафт.

Соли 1894 дар шаҳри Санкт-Петербург нависанда ва намоишноманависи машҳури рус Михаил Зошенко зода шуд. Падараш украинӣ ва модараш рус буд. Барои таҳсил дар риштаи ҳуқуқ ба Донишгоҳи Санк-Петербург рафт, вале ба иллати мушкилоти молӣ натавонист то ба охир таҳсил кунад.

Дар замони Ҷанги ҷаҳонӣ аввал дар артиши Русия хидмат кард ва чандин бор низ маҷрӯҳ шуд.

mihail-mihajlovich-zoshhenkoДар даҳаи соли 1920 ба унвони танзпардоз маҳбубияти хосе ба даст овард, вале пас аз интиқод аз Жданов аз Иттиҳоди Нависандагон ихроҷ шуд. Ва чун асарҳояшро чоп намекарданд, боқии умрашро дар фақру нодорӣ ба сар бурд.

Михаил Зошенко хеле содаву равон менавишт ва забонаш наздик ба гӯишҳои мардумони одӣ буд. Вай худаш иқрор буд, ки ҷумлаҳояш “басо кутоҳ ва барои табақаи фуқаро қобили ласм аст ва ба хотири ҳамин ҳамин аст, ки хонандагони зиёд дорад”.

Яке аз машҳуртарин асарҳои ӯ “Толеъи наҳс” мебошад.

Повестҳои “Пеш аз тулуъи офтоб”, “Ҷавонии бозгашта” низ аз ӯст.

22 июли соли 1958 дар синни 63-солагӣ вафот кард.

Соли 1912 дар Итабун нависанда, рӯзноманигор, фаъоли сиёсиву ҷамъифтии Бразилия  Жоржи Омаду таваллуд шуд. Вай бештар барои навиштани шарҳи мардуми зодгоҳаш машҳур шуд.

zhorzhi-amaduЖоржи Омаду дар осораш бо нигоҳи дақиқ ба зиндагии сарватмандон ва фақирони кишвараш, бразилиҳои сияҳпӯст, бачаҳои хиёбонӣ, моҳигирон, муҳоҷирон,  занону мардони коргар ва онҳое, ки ин афродро ба кор мегирифтанд, ҳамчунин фарҳанги имрӯзу дирӯзи кишварашро ба риштаи тасвир кашидааст.  Замоне гуфта буд: “Ман ҳечтаваҳҳуме дар бораи аҳамияти осорам надорам, аммо ин осор агар арзише дошта бошад, барои инъикоси воқеъии зиндагии мардуми Бразил аст”.

Ин нависанда беш аз 30 унвон китоб дорад. Худашро қиссагӯ медонист ва талош мекард бо сабки адабии хоси худаш таваҷҷуҳи мардумро бештар ба осораш ҷалб намояд.

Жоржи Омаду 6 августи соли 2001, замоне, ки  88 сол дошт, аз олам даргузашт.

burhan-farukhСоли 1929 дар деҳаи Саримазори ноҳияи Конибодом  шоири тоҷик Бурҳон Фаррух (Маҳкамов Бурҳон) ба олам омад. Соли 1948 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст. Чанде дар омӯзишгоҳ ва мактабҳои зодгоҳаш дарси забон ва адабиёт гуфтааст.

Солҳои 1950-1953 дар хизмати ҳарбӣ будааст. Баъдан дар созмонҳои ҳизбӣ вазифаҳои гуногунро адо кардааст. Соли 1956 котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз соли 1957 муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва моҳномаи «Машъал» будааст. Муддате мудирии шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва ҷонишинии сармуҳаррири нашриёти «Маориф»-ро бар уҳда доштааст.

Китобҳои зиёдаш ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон «Субҳи баҳор» (1964), «Асрори як мактуб» (1965), «Ҷавониро месароям» (1970), «Гунбади сеҳрнок» (1974), «Суруди зиндагӣ» (1976), «Хандаи бахт» (1979), «Хандаи иқбол» (1981), «Хатои охирин» (1984) ва ғайра мебошанд.

Ба русӣ маҷмӯаҳои «Поэма о слепом друге» (1969) ва «Мелодия молодости» (1984)-аш чоп шудаанд. Иддае аз шеърҳояш ба бисёр забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд. Китоби «Гунбади сеҳрнок» (1983) ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва мунташир гардидааст.

Бо чанд нишону ифтихорномаи ҳукуматӣ сарфароз гардидааст.

Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

maniyozovСоли 1930 дар шаҳри Конибодом адабиётшинос, мунаққид ва донишманди маъруфи тоҷик Абдуқодир Маниёзов ба дунё омад.

Дар таҳия ва нашри мунтахаби ашъори Устод Айнӣ «Ахгари инқилоб» (1958) ва «Куллиёт»-и ӯ (1960-1981), маҷмӯаи «Устод Айнӣ дар хотири дӯстон ва шогирдон» (1968), китоби «Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» (1970), ашъори Ибни Сино (1980), «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ҷ. IV, 1980) дуҷилдаи осори М. Турсунзода (1981), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985), таҳрири нашри форсии «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1998) ва ғ. саҳми босазо гузоштааст. Яке аз муаллифони китоби дарсии «Адабиёти советӣ» (барои синфи 4, 1971-1985) будааст.

5 майи соли 2008 аз олам даргузашт

Муфассалтар дар бораи ӯ ин ҷост: АБДУҚОДИР МАНИЁЗОВ

Соли 1930 дар Вингейт, графнишини Дарем нависандаи англис Барри Ансуорт зода шуд. Вай аз ҷумлаи нависандагони машҳуре буд, ки романҳои таърихӣ менавиштанд. Муаллифи 15 роман буд ва се маротиба барои дарёфти ҷозаи Букеров номзад шуд. Танҳо соли 1992 барои романи “Гуруснагии муқаддас” сазовори ин ҷоиза шуд.

4-ум ё 5-уми июни соли 2012 дар синни  81-солагӣ даргузашт.