Бо бачаҳо. Ҷӯра Ҳошимӣ: “Машқи ҳисоб”
Китоби нави адиби маъруфи бачаҳо Ҷӯра Ҳошимӣ соли 2022 дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст. Китоб аз се бахш: “Гаҳворакушо”, “Қиссаи ҳарфу ададҳо”, “Нимтабассум” иборат буда, дар маҷмуъ шеърҳои чанд соли охир навиштаи шоирро фаро гирифтааст.
Ин ду шеър аз ҳамин маҷмуа ва умедворем шеърҳои дигари ин китобро дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолеа хоҳед кард:
ДОДАРҶОН
– Шишта наметавонад?
Гашта наметавонад?
Гапро чаро нафаҳмад?
«Хап» – ро чаро нафаҳмад?
Осудагӣ надорад?
Гаҳворааш нафорад?
Як хандаро надонад?
Аз гиряаш намонад?
Модар, биё, бурораш!
Баргашта бар, супораш!
Гирёнакаш чӣ даркор?
Додарчаи дигар ор!…
Модар биёрад ўро,
Наздам бидорад ўро:
Ин тур нагў, писарҷон!
Бингар ба ў, писарҷон:
Эй хуш ба ҷону ҳолаш!
Чун холи туст холаш!
Ҳамранги рўю мўят!
Ҳамсанги феълу хўят!
Будӣ худат на кўдак,
Будӣ чу як нахўдак!
Акнун шудӣ дигар ту,
Будӣ аз ин батар ту!…
Аз шарм лаб бибандам,
Гирям ва ё бихандам?
Шояд чун ў набудам?
Пас ман чӣ гуна будам?
ГАҲВОРАКУШО
Хоҳам, ки Моҳпора
Хезад зи гоҳвора.
Дасташ нахуст во кун,
Пас пои вай раҳо кун.
Дасташ агар кушодӣ,
Чак – чак занад ба шодӣ.
Пояш агар кушодӣ,
Болаш дигар кушодӣ!
Ҳай, Моҳпора хезад,
Аз гоҳвора хезад.
Монанди ҳур хезад,
Бо шавқу шўр хезад.
Аз дида нур хезад,
Аз дил сурур хезад.
Ў шоду шод моем,
Оғўши худ кушоем.
Маҳпораҷони худро,
Як пора ҷони худро,
Як – як ба бар бигирем,
Аз ҳамдигар бигирем.
Пур гардад аз вай оғуш,
Пур дидаву дилу гўш.
Чашми бад аз рухаш дур,
Як хонадон пур аз нур!
Танҳо зи Моҳпора
Холист гоҳвора.
Таҳияи Хатичамо МУРОДОВА,
сутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти кўдакон ва наврасон.