Омори ҳафта: Хонандагон дар муқоиса ба ҳафта пеш 1258 китоб бештар дархост намудаанд
Ҳафтаи гузашта 1079 нафар ба узвияти нави Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд ва тавре Муҳсиддин Сатторов-сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон гуфт, ин дар қиёс ба як ҳафтаи қабл 388 нафар зиёд аст.
Ҳафтаи сипаришуда 1691 нафар вориди толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ шуданд ва 3067 китоб дархост карданд.
Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон ҳамчунин гуфт, ки вуруди хонандагон дар қиёс ба як ҳафтаи пеш 618 нафар ва китоби дархосткардаи онҳо 1258 адад зиёд буд.
Маврид ба ёдоварист, ки чун анъана оғози соли нави таҳсил дар макотиби миёнаву олӣ сабаби аслии афзоиши шумори хонандагон дар китобхонаҳо, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ мешавад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа