Китоби нав. Шарифхўҷа Ҳасанов: «Аз ёдҳо, дар ёдҳо…»

Шарифхўҷа ҲасановИн китоб соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар нашриёти «Эр-граф» бо 492 саҳифа рўйи чоп омадааст. Муаллифи он яке аз олимони пухтакор, ҳуқуқшиноси варзида, публитсисти соҳибқалам, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Шарифхўҷа Ҳасанов мебошад.

Муаллиф китоби нави худро ба рўзгор, осор ва зиндагиномаи яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, генерал-майор, шодравон Қурбоналӣ Ҳасанов, ки тамоми умри пурбаракати худро сарфи кори прокуратура кардаву шоиста, поку ҳалол барои халқу Ватанаш хидмат кардааст, бахшидааст. Китоб аз саҳифаҳои рангини умри ин марди сарсупурдаи қонун ва адолат қисса мекунад. Ёдномаи наздикону пайвандон, ҳамкорону ҳамкасбон, аксҳои мухталиф китобро хонданӣ ва хотирмон месозанд. Ҷавонон аз ин китоб дарси худшиносӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, садоқат ба кору пешаи интихобкардаашонро меомўзанд.

Дар пешгуфтори китоби мазкур аз ҷониби (собиқ) ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот навишта шудааст:

Хонандаи азиз! Китоберо, ки дар даст доред, беҳуда ба худ «Аз ёдҳо, дар ёдҳо…» унвон нагирифтааст. Муаллиф, мураттиб ва мусаннифи китоб, яке аз олимон, муҳақкиқони ҷавону кордон, рафиқи ҳамкори мо Шарифхўҷа Ҳасанов бо қаҳрамони ин китоби пурмўҳтаво хеле наздик ва қарин буд. Маҳз бо дастгирӣ ва ёриҳои беғаразонаи генерал-майор, шодравон Қурбоналӣ Ҳасанов ў баъди хатми донишгоҳи давлатӣ, соҳибкасб шудан дар риштаи ҳуқуқ ба қуллаҳои баланди касбӣ расид. Шодравон аз чусту чолокӣ кордонӣ ва ташаббускорӣ, одаму одамгарии шогирди хеш ҳамеша ифтихор дошт.

Раҳматӣ Қурбоналӣ Ҳасанов, ки дар риштаи прокуратураи ҷумҳурӣ яке аз ситораҳои дурахшон буд, ҳар касро ба шогирдӣ қабул намекард, фақат ҳамонҳоеро дастгирӣ мекард ва пайваста ёрӣ мерасонд, ки бо дасту дили гарм, бо виҷдони пок кор мекарданд, аз мушкилиҳо намеҳаросиданд, аз рўйи гуфтаҳои устод кору фаъолият менамуданд. Ман хуб медонам вай аз дастовардҳои шогирдони худ ҳамеша шоду сарбаланд буд, ифтихор мекард. Худаш, ки инсони равшанзамир, поку беолоиш ва фарҳангӣ буд, ба шогирдон ҳамеша талқин менамуд, ки аз ҳама сифатҳои инсонӣ бархўрдор бошанд, некро нек, бадро бад гўянд.

Ҳар гоҳе ки ў дар ҷаласаҳои корӣ, аз минбарҳои баланд ҳарф мезад, ҳозирин ба ў бо ҳасад менигаристанд, баъзеҳо ба ҳам гўшакӣ карда мегуфтанд, ки ин кас кадом мактабро тамом карда бошад: филологӣ ва ё ҳуқуқшиносиро. Дар ҳар ду ҷабҳа ҳам ў дастболо, лоиқи таҳсин ва офарин буд.

Шарифхўҷа ҲасановМуаллиф дар ин китоб бахшида ба устодаш рисолаи илмии хешро бо номи «Худшиносӣ ва ё худро шинохтан чист?» ҷой додааст,  ки ба андешаи ман айни муддао ва саривақтист. Олими ҷавон тадқиқоти пурарзишеро ба анҷом расонидааст, ки бисёр сатрҳои он ба зиндагиномаи генерал-майор Қурбоналӣ Ҳасанов созгор омадааст. Ин қисмат бо суханҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар яке аз паёмҳояшон садо дода буданд, оғоз меёбад: «Ҳар як миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих, фарҳанг ва суннатҳои худро надонаду қадр накунад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён пайдо карда наметавонад».

Ҳақ асту рост. Танҳо худшинос метавонад ҳар як қавму миллатро ба пешравию комёбиҳо ноил гардонад.

Аз ин рў, муаллиф ин қисмати китобро бо камоли майл ва эҳтироми беандоза ба рўҳи поки устоди шодравонаш Қурбоналӣ Ҳасанов ва хонадони ў бахшидааст. Чаро ки ў ҳамаи он нуктаҳои ҷолиби ин рисоларо дар мисоли зиндагиноми устод ва пайвандону фарзандони ў дидааст, ба мушоҳида гирифтааст, хавасҳо кардааст, ҳасад бурдааст. Ва таманнои муаллиф дар зиндагии заминиамон ҳамин аст, ки чунин оилаҳо бисёр ва бисёртар бошанд.

Хонандаи азиз, китоби «Аз ёдҳо, дар ёдҳо…»-ро метавонед аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас ва мутолиа намоед!

Таҳияи Бибираъно Ҷўраева
мудири бахши китобҳои махсус